6 ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи тақдирсоз сабт гардидааст. Дар ин рӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки он барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду дунявӣ заминаи устувор гузошт.

Конститутсия ҳамчун Қонуни асосии давлат арзишҳои бунёдии миллатро таҷассум намуда, самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро муайян мекунад. Бо мақсади такмили меъёрҳои конститутсионӣ солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Яке аз принсипҳои муҳими Конститутсия эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад. Дар моддаи 5-уми он омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд». Ин меъёри муҳим масъулияти давлатро дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муайян намуда, барои ташаккули ҷомеаи адолатпарвар замина фароҳам меорад.

Қабули Конститутсия дар таҳкими сохтори давлатдорӣ, рушди низоми қонунгузорӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Дар ин раванд саҳми роҳбарияти давлат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ назаррас мебошад.

Бо дарназардошти аҳаммияти маърифати ҳуқуқӣ ва ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсия, соли 2024 дар Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтиром ба қонун ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ мусоидат намуд.

Дар шароити имрӯза донистани Конститутсия, эҳтиром ба меъёрҳои он ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ дар тарбияи ҷавонони ватандӯсту ҳуқуқдон ва ташаккули худшиносии миллӣ масъулияти муҳим доранд.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни давлатӣ, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият, риояи волоияти қонун ва саҳмгузорӣ дар рушди кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Садриддин ШАРИПОВ,

омӯзгори ДДМИТ