Сиву ду сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994, дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди бузурги сиёсиву ҳуқуқӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин рӯз мардуми Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи давлатдории муосири худ Конститутсияи давлати соҳибистиқлолро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳамчун Қонуни асосии давлат дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Қабули он дар таърихи навини кишвар марҳилаи муҳимми ташаккули давлатдории миллӣ ба шумор рафта, барои бунёди давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр баргузор мегардад, яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ ва миллии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар заминаи таҷрибаи пешқадами давлатдорӣ ва меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия гардида, барои ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи ҷомеаи муосир мусоидат намуд. Он пояҳои ҳуқуқии давлат, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди кишвар, манфиатҳои миллӣ, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеаро муайян мекунад.

Ҳамин тариқ, Конститутсия заминаи ҳуқуқии таҳия ва қабули қонунҳою санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро фароҳам овард. Ҳамзамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқод ва дигар хусусиятҳои шахсӣ, яке аз ҳадафҳои асосии он қарор гирифт.

Ин санади олии ҳуқуқӣ истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафти ҷомеаро ба принсипҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ намуд. Маҳз дар асоси меъёрҳои он низоми нави давлатдорӣ ташаккул ёфта, барои фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ шароити зарурӣ фароҳам омад.

Конститутсия инчунин дар шароити мураккаби сиёсии солҳои аввали истиқлолият барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар аҳаммияти бузург дошт. Он дар раванди барқарорсозии ниҳодҳои давлатӣ, муттаҳид намудани ҷомеа ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ нақши муҳим бозид. Аз ин ҷиҳат, Конститутсияро метавон яке аз санадҳои тақдирсоз дар таърихи навини миллати тоҷик арзёбӣ намуд.

Биёед ба саҳифаҳои таърихи навини кишвар назар афканем ва бубинем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ гуна шароит таҳия ва қабул гардида, чаро он ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсози миллат эътироф мешавад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ дар раванди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар марҳилаи муҳим гардид. Дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ ва зарурати таҳкими пояҳои давлатдорӣ масъалаи таҳияи санади нави олии ҳуқуқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард.

Пас аз барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро давлати соҳибистиқлол бояд дорои Қонуни асосие бошад, ки шакли давлатдорӣ, сохтори ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва самтҳои асосии рушди ҷомеаро муайян намояд.

Бо ин мақсад, таҳти роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи Конститутсияи нав таҳия гардид. Пас аз баррасӣ ва муҳокимаи он бо иштироки намояндагони ҷомеа, 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави рушди низоми ҳуқуқӣ ва давлатдории миллии тоҷикон гардид.

Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин принсипҳо барои ташаккули низоми нави давлатдорӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ ва ба даст овардани мақоми шоиста дар ҷомеаи ҷаҳонӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи муосир, инчунин кафили эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва таъмини адолати судӣ мебошад.

Конститутсия яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии давлат маҳсуб ёфта, хусусиятҳои асосии давлатдории миллии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро таҷассум менамояд. Дар он принсипҳои бунёдии ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии давлату ҷомеа инъикос ёфтаанд.

Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тибқи моддаи 6, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, ҳокимияти худро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд. Ин меъёрҳо нақши ҳалкунандаи халқро дар низоми давлатдорӣ муайян намуда, иштироки шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар ҳамчун яке аз асосҳои низоми конститутсионӣ эътироф мекунанд.

Меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсия барои таъмини суботи сиёсиву иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва рушди устувори ҷомеа хизмат мекунанд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи ташаккули низоми устувори ҳуқуқӣ ва сиёсӣ яке аз мушкилоти муҳимми давлатдорӣ буд. Аз ин рӯ, муқаррар намудани тартиби муайяни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия аҳаммияти хосса пайдо кард. Тибқи муқаррароти он, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд.

Мавқеи марказиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ишғол менамоянд, зеро эътироф, риоя ва ҳифзи онҳо яке аз шартҳои асосии бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Ба Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки дар доираи онҳо як қатор меъёрҳои сохтори давлатӣ ва муносибатҳои конститутсионӣ такмил ёфтанд.

Мувофиқи моддаи 5-и Конститутсия: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд». Ин меъёр моҳияти инсондӯстонаи давлатдориро инъикос намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро вазифаи муҳимми давлат қарор медиҳад.

Конститутсия ҳамчунин муносибатҳои байни шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимият муайян намудааст. Тибқи моддаи 9-и он: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад». Ин принсип барои таъмини мувозинат байни шохаҳои ҳокимият, пешгирии сӯиистифода аз ваколатҳои давлатӣ ва таҳкими қонуният заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Яке аз масъалаҳои муҳимми низоми конститутсионӣ муайян намудани талабот ва шартҳои интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мувофиқи моддаи 65-и Конститутсия, ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе интихоб шуда метавонад, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, синнаш аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат карда бошад. Конститутсия инчунин муҳлати ваколат ва тартиби интихоб шудани Президенти кишварро муайян менамояд.

Дар ин замина, масъалаи такмили меъёрҳои конститутсионӣ вобаста ба талаботи замон ва рушди давлатдорӣ аҳаммияти махсус дорад. Аз ҷумла, тағйиру иловаҳои соли 2016 як қатор муқаррароти марбут ба сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимият ва тартиби интихоб ба вазифаҳои давлатӣро фаро гирифтанд. Ҳама гуна тағйиру иловаҳо бояд дар доираи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия амалӣ карда шаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими ташаккули низоми давлатдории Тоҷикистон муайян намудани шакли идоракунии давлат буд. Дар ҷараёни таҳияи Конститутсия вобаста ба ин масъала андешаҳо ва пешниҳодҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар натиҷаи муҳокимаҳои Комиссияи конститутсионӣ шакли идоракунии президентӣ ҳамчун асоси низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шуд.

Тибқи моддаи 64-и Конститутсия, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Тартиби интихоб, муҳлати ваколат ва салоҳияти Президент дар Конститутсия муайян гардидаанд. Ин меъёрҳо дар ташкили фаъолияти мақомоти давлатӣ ва танзими муносибатҳои байни онҳо нақши муҳим доранд.

Боби ҳаштуми Конститутсия ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми мақомоти судӣ, вазифаҳои онҳо ва кафолатҳои амалӣ намудани адолати судиро муайян менамояд. Мувофиқи моддаи 87-и Конститутсия: «Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст».

Ин муқаррарот яке аз кафолатҳои муҳимми мустақилияти ҳокимияти судӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини адолати судӣ, баррасии беғаразонаи парвандаҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Мустақилияти судяҳо яке аз принсипҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, риояи он барои таҳкими эътимоди ҷомеа ба низоми судӣ аҳаммияти калон дорад.

Ҳамзамон, моддаи 12-и Конститутсия асосҳои иқтисодии давлатро муайян намуда, гуногуншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ва кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисодиро эътироф мекунад. Ин меъёр барои рушди муносибатҳои бозаргонӣ, фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва ташаккули иқтисодиёти миллӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Вобаста ба аҳаммияти таърихии қабули Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард». Ин суханон аҳаммияти таърихии ин рӯйдод ва нақши онро дар ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон инъикос менамоянд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии мамлакат ва заминаи рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон нақши муассир дорад. Он барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Аз ин рӯ, эҳтиром ва риояи Конститутсия бояд вазифаи доимии ҳар як шаҳрванди кишвар бошад. Омӯзиши амиқи меъёрҳои он, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии арзишҳои конститутсионӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи босуботу пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти бузург доранд.

 

Ашур ЗАФАРОВ,

ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ва мудофиаи граждании ДДМИТ