КОРРУПСИЯ - АМАЛИ НОМАТЛУБ ДАР ҶОМЕА
Дар замони ҷаҳонишавӣ, дар баробари зуҳуроти хатарзову нигаронкунанда, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, масъалаи дигаре, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, давлатҳо ва миллатҳои гуногунро ба нигаронӣ водор месозад.
Коррупсия ва амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти низоми ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд халал ворид мекунанд. Онҳо садди роҳи пешрафти иқтисодиёти кишвар гардида, ба сатҳи некӯаҳволии мардум, зиндагии осоишта ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ мерасонанд.
Тибқи таърифи дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, коррупсия кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) мебошад, ки шахсони барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд. Ҳамчунин, ба ин шахсон ваъда додан, пешниҳод ё пешкаш намудани чунин неъматҳо, бартарият ва имтиёзҳо бо мақсади моил намудан ё қадрдонии онҳо барои содир кардани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ низ ба ин мафҳум алоқаманд аст.
Бояд таъкид намуд, ки пайдоиш ва густариши коррупсия хоси танҳо замони муосир нест. Ин падида дар давраҳои гуногуни таърихӣ дар шаклҳои мухталиф вуҷуд дошта, дар баъзе ҳолатҳо яке аз омилҳои заифшавии низоми идоракунӣ ва таназзули давлатҳо гардидааст. Миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик низ дар тӯли таърих бо мушкилоти марбут ба фасод ва суиистифода аз мансаб рӯ ба рӯ шудааст. Аз ин рӯ, омӯзиши сабабҳо ва оқибатҳои коррупсия барои пешгирии такрори иштибоҳоти таърихӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Коррупсия зуҳуроти хатарноки иҷтимоӣ буда, метавонад ба эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, суботи ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ расонад. Онро метавон ба беморие монанд кард, ки тадриҷан пояҳои солими ҷомеаро заиф намуда, ба фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ва рушди кишвар халал ворид месозад. Бинобар ин, тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мубориза бар зидди коррупсия вазифаи мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Дар ин самт ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ ва таъсиси ниҳодҳои дахлдор аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.
Аз ҷумла, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 10 декабри соли 1999 қабул гардиданд. Ин санадҳо барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар кишвар аҳаммияти муҳим доштанд.
Дар ин замина, андешидани чораҳои ҳуқуқию ташкилии минбаъда низ идома ёфт. Соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин иқдом ба тақвияти назорати давлатӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ равона гардид.
Ҳамчунин, дар кишвар санадҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардиданд. Амалӣ намудани ҳадафҳои ин санадҳо аз мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории пайваста ва масъулияти баландро талаб менамояд.
Мубориза бо коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо ва таъсиси мақомоти махсус маҳдуд намешавад. Барои пешгирии ин падида баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули фарҳанги риояи қонун, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва тақвияти масъулияти шахсӣ аҳаммияти калон дорад.
Дар баробари ин, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ метавонанд ба паҳншавии амалҳои коррупсионӣ таъсир расонанд. Мушкилоти иҷтимоӣ, нокифоя будани шаффофият дар баъзе равандҳои идоракунӣ ва паст будани сатҳи огоҳии ҳуқуқӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки таваҷҷуҳи ҷиддиро тақозо мекунанд. Аммо ҳеҷ гуна мушкилоти иқтисодӣ ё иҷтимоӣ наметавонад барои ришвадиҳӣ, ришваситонӣ ва суиистифода аз мансаб асоси қонунӣ гардад.
Коррупсия на танҳо ба иқтисодиёти кишвар зарар мерасонад, балки эътимоди ҷомеаро ба мақомоти давлатӣ коста гардонида, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлатӣ шароит фароҳам меорад. Дар натиҷа, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон поймол шуда, принсипҳои адолат, баробарӣ ва волоияти қонун халалдор мегарданд. Илова бар ин, чунин амалҳо метавонанд ба обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонанд.
Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд хусусияти дастаҷамъона дошта бошад. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо риояи қонун, рад намудани муносибатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ ва саҳмгузорӣ дар ташаккули муҳити шаффофу одилона дар пешгирии ин падида нақш гузорад. Махсусан, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, адолатпарварӣ ва эҳтиром ба қонун барои бунёди ҷомеаи солим аҳаммияти калон дорад.
Ҳамин тариқ, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ мебошад. Пешгирии он талошҳои пайваста, ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими фарҳанги зиддикоррупсиониро тақозо менамояд.
Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки мубориза бо коррупсия масъулияти танҳо як ниҳод ё гурӯҳи муайян нест, балки вазифаи умумии ҷомеа мебошад. Бо риояи қонун, муносибати софдилона ба иҷрои вазифаҳо, эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва дастгирии принсипҳои шаффофият метавонем дар таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорем.
Раъно МИРМУҲАМАДЗОДА,
дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng