МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз шартҳои асосии эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб мешавад, ки сарчашма мегирад аз тағйироти куллии дар ҳаёти рӯзмарра бавуҷудомада, арҷгузории муқаддасот, такмили қонунгузорӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани тафаккури шаҳрвандон.
Дар шароити кунунӣ такмили тарбияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон яке аз масоили умда ба шумор рафта, зимнан, давраи худмуайянкунии он ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ алоқаманд аст.
Масъалаи ғанӣ гардонидани таҷрибаи тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон ҳамчун як падидаи аз нигоҳи иҷтимоӣ муҳим, дар ҳуҷҷатҳои асосии соҳаи маориф, аз ҷумла, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсири низоми муосири маориф ба ташаккули рушди маънавии насли наврас вобаста ба талаботи ҷомеа, ташаккули ҳувияти миллӣ дар ҷавонон таъкид гардида, ҳамзамон, пешгирии зуҳуроти нажодӣ, динӣ ва ифротгароии сиёсӣ дар байни ҷавонон қайд карда шудааст.
Маърифати ҳуқуқӣ маҷмуи донишҳо, ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва муносибати бошууронаи инсон нисбат ба ҳуқуқ, қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Он ба шахс ёрӣ мерасонад, ки ҳуқуқу озодиҳои худро шиносад, уҳдадориҳои шаҳрвандиро иҷро намояд ва дар доираи қонун амал кунад. Маърифати ҳуқуқӣ танҳо донистани қонунҳо нест. Он инчунин эҳтиром ба адолат, масъулиятшиносӣ, риояи ҳуқуқи дигарон ва дарки оқибатҳои ҳуқуқии рафторро дар бар мегирад. Шахси дорои маърифати ҳуқуқӣ кӯшиш мекунад, ки мушкилоти худро бо роҳи қонунӣ ҳал намояд ва ба амалҳое, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи дигарон зарар мерасонанд, роҳ надиҳад.
Бояд зикр намуд, ки тарбияи маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар сурате тақвият бахшида мешавад, ки агар мавқеи худи наврасону ҷавонон оид ба аз худ намудани меъёрҳои маърифати ҳуқуқӣ афзалият пайдо кунад; ғанигардонии мазмуни маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон бо арзишҳои аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ ва раванди ғанигардонии таҷрибаи такмилёбии маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон дар асоси талаботи ҷомеаи муосир ба ҳисоб гирифта шавад. Дар баробари ин, бояд ба наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, мафҳуми «маърифати ҳуқуқӣ» дар муҳити иҷтимоӣ ва нақши он дар ташаккули мавқеи ҳаётии онҳо, ки дар асоси ҳавасмандсозӣ ба ҳалли вазифаҳои мубрами ахлоқӣ муайян карда шуданд, ошкор гарданд.
Бояд зикр намуд, ки барои хубу мақсаднок ба роҳ мондани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон сохтори таҷрибаи ғанигардонии маърифати ҳуқуқӣ бо ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд (самтнокӣ, мазмун, самаранокӣ) ва захираҳо (таълимӣ, педагогӣ, иртиботӣ, амалӣ-таҷрибавӣ) таҳия карда шавад.
Тайи солҳои охир, бешубҳа боло рафтани савияи ҳуқуқии наврасону ҷавонон мушоҳида мегардад, ки дар огоҳии баланди онҳо аз мундариҷаи санадҳои бунёдии меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Конститутсия, кодексҳо ва амсоли онҳо зоҳир мегарданд. Бо дарназардошти ин, маҳз дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа тадбирҳои судманд амалӣ карда шуданд.
Возеҳ аст, ки дар замони имрӯза ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки ба амнияти ҷомеа, сулҳу субот ва рушди устувори давлатҳо таҳдид мекунанд. Ин амалҳо метавонанд ба тафаккури ҷавонон таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз роҳи дурусти зиндагӣ дур созанд. Баъзе гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз маълумоти бардурӯғ, ваъдаҳои фиребанда ва таҳрифи арзишҳои миллӣ, динӣ ва инсонӣ мекӯшанд ҷавононро ба фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб намоянд. Дар чунин шароит маърифати ҳуқуқӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Шахсе, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, қонунро эҳтиром мекунад ва қобилияти таҳлили мустақилонаи маълумотро дорад, метавонад ба таъсири таблиғоти ифротӣ муқовимат намояд.
Маърифати ҳуқуқӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки оқибатҳои амалҳои ғайриқонуниро дарк кунанд, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром намоянд ва дар ҳалли масъалаҳои ҷомеа роҳҳои осоиштаю қонуниро интихоб кунанд.
Ифротгароӣ дар маънои умумӣ ҷонибдорӣ аз ақидаҳо ва амалҳои тундравонаест, ки метавонанд ба таҳаммулнопазирӣ, барангехтани кинаю адоват, поймол кардани ҳуқуқи дигарон ва дар баъзе ҳолатҳо истифодаи зӯроварӣ оварда расонанд. Ҷавонон бо сабаби дар марҳилаи ташаккули шахсият қарор доштанашон метавонанд ба таъсири муҳити иҷтимоӣ, маълумоти бардурӯғ ва таблиғоти фиребанда осебпазир бошанд. Ин ҳолат маънои онро надорад, ки ҷавонон ҳатман ба ифротгароӣ майл доранд. Баръакс, аксарияти онҳо неруи созанда ва фаъол мебошанд. Аммо набудани дастгирии зарурӣ, камии дониш, мушкилоти оилавӣ ва иҷтимоӣ ё надоштани малакаи санҷиши маълумот метавонанд баъзе ҷавононро ба интихоби нодуруст наздик созанд.
Яке аз роҳҳои таъсиррасонӣ паҳн кардани маълумоти таҳрифшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Баъзе маводҳо бо истифода аз эҳсосот, барангехтани нафрат нисбат ба гурӯҳҳои дигар ва пешниҳоди маълумоти яктарафа омода мешаванд. Ҷавоне, ки малакаи таҳлили интиқодӣ ва дониши кофии ҳуқуқӣ надорад, метавонад чунин маводро ҳамчун ҳақиқат қабул кунад.
Аз ин рӯ, пешгирии ифротгароӣ бояд на танҳо бо огоҳонӣ аз хатарҳо, балки бо баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими худшиносӣ, тарбияи ахлоқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои рушди ҷавонон амалӣ гардад.
Бинобар ин, маърифати ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои муҳими пешгирии ифротгароӣ мебошад, зеро он ба ҷавонон имкон медиҳад, ки меъёрҳои қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва оқибатҳои амалҳои ғайриқонуниро дарк намоянд. Донистани қонун ҷавононро аз оқибатҳои ҷиддии ҳуқуқии иштирок дар фаъолияти террористӣ, ташкили гурӯҳҳои ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адоват ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ огоҳ месозад. Шахс бояд дарк кунад, ки иштирок дар чунин амалҳо метавонад ба озодӣ, оянда, таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ва муносибат бо наздиконаш зарари калон расонад.
Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ҳар як шахс, новобаста аз миллат, забон, дин, ақида ё вазъи иҷтимоӣ, дорои ҳуқуқ ва шаъну шараф мебошад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ихтилофи ақидаҳо набояд сабаби таҳқир, табъиз ё зӯроварӣ гардад. Ҷавоне, ки принсипҳои қонун ва ҳуқуқи инсонро медонад, метавонад даъватҳои ба зӯроварӣ равонашударо шиносад ва аз иштирок дар чунин фаъолиятҳо худдорӣ намояд.
Ҳамин тариқ, маърифати ҳуқуқӣ масъулияти шаҳрвандиро баланд мебардорад. Шаҳрванди масъулиятшинос дарк мекунад, ки ҳифзи сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ кори танҳо мақомоти давлатӣ нест. Ҳар як шахс метавонад бо рафтори қонунӣ, муносибати эҳтиромона ба дигарон ва хабар додан дар бораи таҳдидҳои воқеӣ ба пешгирии хатарҳо мусоидат намояд.
Савриддин ЯТИМОВ,
устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng