МЕҲРГОН - ҶАШНИ МЕҲРУ САДОҚАТ ВА ШУКРОНАИ НЕЪМАТҲОИ ЗИНДАГӢ
Меҳргон аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, дар худ арзишҳои меҳру муҳаббат, дӯстӣ, адолат, баракати рӯзгор ва эҳтиром ба заҳмати инсонро таҷассум менамояд. Эҳёи ин ҷашни миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам овард, ки яке аз суннатҳои арзишманди ниёгон дубора мақоми сазовори худро пайдо кунад.
Муаррихи тоҷик Ибни Фундуқ бар он назар буд, ки инсон табиатан ба таърих таваҷҷуҳ дорад. Агар чунин набуд, бисёре аз донишҳо, арзишҳо, воқеаҳо ва ҳикоятҳои гузаштагон ба наслҳои баъдӣ намерасиданд. Воқеан, таърих бозгӯйи воқеаҳои гузашта, воситаи муҳими худшиносӣ, ҳифзи хотираи миллӣ ва дарки роҳи тайкардаи ҷомеа мебошад.
Ҳар миллате, ки мехоҳад фарҳанг, суннатҳо ва арзишҳои худро дуруст бишиносад, бояд ба омӯзиши таърихи хеш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намояд. Зеро бе шинохти гузашта дарки воқеии имрӯз ва муайян намудани самтҳои оянда душвор мегардад.
Таърихи халқи тоҷик аз мероси ғании моддию маънавӣ, анъанаҳои созанда ва арзишҳои башардӯстона саршор аст. Дар тули асрҳо ниёгони мо бо вуҷуди тағйироти сиёсиву иҷтимоӣ ва душвориҳои таърихӣ тавонистанд забон, фарҳанг ва суннатҳои миллии худро ҳифз намоянд. Дар ин раванд, ҷашнҳои бостонӣ нақши муҳим доштаанд. Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи чунин падидаҳои фарҳангие мебошанд, ки бо зиндагии мардум, табиат, кишоварзӣ ва ҷаҳонбинии ниёгони мо робитаи амиқ доранд.
Дар байни ин ҷашнҳо Меҳргон бо мазмуну муҳтавои хоси худ ҷойгоҳи махсус дорад. Он на танҳо ҷашни фасли тирамоҳ, балки рамзи меҳру муҳаббат, фаровонӣ, натиҷаи заҳмат ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат мебошад.
Истилоҳи «Меҳргон» аз вожаи «меҳр» ва пасванди «-гон» таркиб ёфтааст. Вожаи «меҳр» дар фарҳанги қадимаи эрониён маъноҳои гуногун, аз ҷумла дӯстӣ, муҳаббат, паймон ва равшаниро ифода мекард. Дар сарчашмаҳои бостонӣ номи Митро низ ба сифати рамзи паймон ва равшанӣ зикр шудааст.
Аз ин рӯ, Меҳргонро метавон ҷашни меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ маънидод кард. Ин маъноҳо то имрӯз аҳаммияти худро гум накардаанд, зеро эҳтироми ҳамдигар, ваҳдат ва муносибатҳои неки инсонӣ аз арзишҳои асосии ҷомеаи солим ба шумор мераванд.
Меҳргон бо давраи ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ ва омодагӣ ба фасли сармо алоқаманд аст. Дар замонҳои қадим зиндагии мардум бештар аз шароити табиӣ, киштукор ва чорводорӣ вобастагӣ дошт. Аз ин рӯ, ҷамъоварии ҳосил на танҳо натиҷаи заҳмати чандмоҳа, балки кафолати таъмини рӯзгори оила ва ҷомеа дар фасли зимистон ба ҳисоб мерафт.
Дар чунин шароит ҷашни Меҳргон имконият фароҳам меовард, ки мардум аз натиҷаи заҳмати худ шодмонӣ кунанд, ҳосили бадастомадаро қадр намоянд ва барои фаровонии зиндагӣ шукргузорӣ кунанд. Аз ин ҷиҳат, Меҳргонро метавон ҷашни арҷгузорӣ ба меҳнати деҳқон, боғбон ва чорводор низ номид.
Дар бораи пайдоиш, мазмун ва тарзи таҷлили Меҳргон дар осори донишмандону муаррихони гузашта маълумоти ҷолиб сабт шудааст. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ дар асари машҳури худ «Осор-ул-боқия» ба шарҳи ин ҷашн пардохта, рӯзи шонздаҳуми моҳи Меҳрро, ки номи рӯз ва моҳ ба ҳам мувофиқ меомад, рӯзи Меҳргон ва ҷашни бузург маънидод кардааст.
Ин маълумот нишон медиҳад, ки Меҳргон дар тақвим ва фарҳанги қадимаи эрониён мақоми хос доштааст. Берунӣ ҳамчунин ба расму ойинҳои марбут ба ин ҷашн таваҷҷуҳ намуда, аз суннатҳои дарборӣ, ҳадяҳо ва шодмонии мардум ёдовар шудааст.
Дар ривоятҳои таърихӣ таҷлили Меҳргон бо пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок низ пайванд дода мешавад. Мувофиқи ин ривоятҳо, пирӯзии Фаридун ҳамчун рамзи раҳоии мардум аз зулму ситам ва барқарор гардидани адолат маънидод шудааст. Баъзе муаррихони асримиёнагӣ оғози таҷлили Меҳргонро ба ҳамин воқеа нисбат додаанд.
Ин ривоятҳо, пеш аз ҳама, аҳаммияти маънавии ҷашнро нишон медиҳанд: ғалабаи некӣ бар бадӣ, адолат бар зулм ва озодӣ бар асорат. Ҳарчанд қисме аз ин маълумотҳо хусусияти ривоятӣ доранд, онҳо барои фаҳмидани ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроти фарҳангии гузаштагон аҳаммияти муҳим доранд.
Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ низ Меҳргон ва суннатҳои марбут ба он инъикос ёфтаанд. Фирдавсӣ бо эҳтироми хос аз ойинҳои қадима ёд карда, онҳоро ҷузъи муҳими хотираи таърихию фарҳангии мардум медонад. Ин далелҳо собит месозанд, ки Меҳргон дар тӯли асрҳо дар баробари ҷашни тақвимӣ будан як падидаи дорои мазмуни амиқи фарҳангӣ будааст.
Меҳргон дар гузашта бо расму ойинҳои гуногун таҷлил мегардид. Дар ривоятҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ аз пӯшидани либосҳои идона, оростани дастархон, тақдими ҳадяҳо, баргузории маҷлисҳо ва шодмонии мардум ёд шудааст.
Яке аз хусусиятҳои муҳими ҷашн оростани дастархони Меҳргон буд. Дар он меваҳои мавсимӣ, нонҳои аз ҳосили нав пухташуда, анор, себ, ангур ва дигар неъматҳои табиат гузошта мешуданд. Чунин дастархон таҷассумгари фаровонӣ, баракати зиндагӣ ва қадршиносии заҳмати инсон ба шумор меравад.
Дар баъзе анъанаҳо истифодаи рангҳои сурх ва арғувонӣ зикр шудааст. Ин рангҳо дар тасаввуроти мардумӣ бо равшанӣ, шодмонӣ ва зиндагонии пурнишот пайванд доштанд.
Дар аҳди Сосониён Меҳргон, монанди Наврӯз, бо шукӯҳ таҷлил мешуд. Дар бораи баргузор гардидани маросимҳои чандрӯза ва иштироки гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ин ҷашн маълумот мавҷуд аст. Баъзе сарчашмаҳо аз тақсими ҳадяҳо, ҷамъомадҳои идона ва таваҷҷуҳи ҳокимон ба ин маросим хабар медиҳанд.
Дар давраҳои баъдӣ низ таҷлили Меҳргон идома ёфтааст. Абулфазли Байҳақӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» аз баргузории ҷашни Меҳргон дар замони Султон Маҳмуди Ғазнавӣ хабар дода, аз ҳадяҳо, меҳмондориҳо, ҳузури шоирон ва баргузории маҳфилҳои идона ёд мекунад. Ин маълумот шаҳодат медиҳад, ки Меҳргон ҳатто дар асрҳои миёна низ дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ҷойгоҳи муайян дошт.
Албатта, ҳамаи расму ойинҳои қадимӣ то замони мо бетағйир боқӣ мондаанд. Аммо мазмуни асосии ҷашн - эҳтиром ба меҳнат, шодмонӣ аз ҳосили фаровон, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва шукргузорӣ аз неъматҳо то имрӯз арзиши худро нигоҳ доштааст.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими Меҳргон робитаи ногусастании он бо табиат ва фаъолияти кишоварзӣ мебошад. Тирамоҳ фасли ҷамъбасти натиҷаи заҳматҳои баҳору тобистон аст. Дарахтон аз мева пур мешаванд, кишоварзон ҳосили худро ҷамъ меоранд ва табиат бо рангҳои зардию сурхранг симои хоси худро пайдо мекунад.
Дар чунин шароит Меҳргон ба мардум ёдрас менамояд, ки фаровонии зиндагӣ натиҷаи ҳамкории инсон бо табиат, меҳнати пайваста ва истифодаи оқилонаи неъматҳои замин мебошад.
Имрӯз, дар шароите ки масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ аҳаммияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд, мазмуни ин ҷашн боз ҳам муҳимтар мегардад. Эҳтиром ба замин, об, ҳосил ва меҳнати кишоварзон бояд на танҳо дар рӯзҳои ид, балки дар фаъолияти ҳаррӯзаи ҷомеа таҷассум ёбад.
Аз ин лиҳоз, Меҳргон имконияти хубест барои қадршиносии заҳмати деҳқонону боғдорон, муаррифии дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба касбу ҳунарҳои созанда.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон барои эҳё ва рушди суннатҳои миллию фарҳангӣ имкониятҳои нав фароҳам омаданд. Дар ин раванд ҷашнҳои бостонии халқи тоҷик, аз ҷумла Меҳргон, дубора мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирифтанд.
Меҳргон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995 дар қатори ҷашнҳои расмии кишвар эътироф гардид. Ин иқдом барои эҳёи анъанаҳои таърихӣ ва баланд бардоштани мақоми фарҳангии ҷашн заминаи муҳим фароҳам овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба эҳёи ҷашнҳои миллӣ ва тарбияи эҳтиром ба мероси ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.
Соли 2011 зимни суханронӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Сарвари давлат таъкид карда буданд, ки Меҳргон, монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд ва зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад.
Ин таъкид аҳаммияти Меҳргонро ҳамчун ҷашни миллӣ ва кишоварзӣ боз ҳам равшан созад. Зеро ҳифзи чунин анъанаҳо на танҳо пос доштани хотираи гузашта, балки тарғиби арзишҳои меҳнатдӯстӣ, созандагӣ ва ҳамбастагии ҷомеа мебошад.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ таҷлили Меҳргон метавонад барои муаррифии дастовардҳои кишоварзӣ, намоиши маҳсулоти ватанӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии минтақаҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.
Арзиши ҷашнҳои миллӣ танҳо дар қадимӣ будани онҳо нест. Муҳимтар аз ҳама, мазмуну муҳтавои ин ҷашнҳо ва таъсири онҳо ба тарбияи маънавии ҷомеа мебошад.
Меҳргон инсонро ба меҳнатдӯстӣ, қадршиносӣ, саховатмандӣ ва эҳтиром ба табиат ҳидоят мекунад. Он ёдрас менамояд, ки фаровонии зиндагӣ бе заҳмат ба даст намеояд ва ҳар як дастоварди назаррас натиҷаи меҳнати инсон, ҳамкорӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Дар замони муосир, ки таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳангу зиндагии мардум афзоиш ёфтааст, ҳифзи мероси миллӣ аҳаммияти хос пайдо мекунад. Шинохти таърих ва суннатҳои ниёгон ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки решаҳои фарҳангии худро беҳтар дарк намояд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад ва дар баробари ин, ба фарҳангу тамаддунҳои дигар бо назари таҳаммулпазирона муносибат кунад.
Меҳргон инчунин метавонад ҳамчун василаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳтироми меҳнати созанда хизмат намояд. Зеро дар атрофи ин ҷашн намояндагони касбу кори гуногун аз кишоварзону боғдорон то олимону омӯзгорон, ҳунармандону соҳибкорон метавонанд муттаҳид шаванд ва саҳми худро дар рушди ҷомеа муаррифӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, Меҳргон яке аз ҷашнҳои арзишманди таърихию фарҳангии мардуми тоҷик буда, дар тӯли асрҳо бо мазмуни меҳру муҳаббат, адолат, фаровонӣ ва эҳтиром ба меҳнати инсон зиндагӣ кардааст. Сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нишон медиҳанд, ки ин ҷашн дар давраҳои гуногун дар ҳаёти фарҳангии ниёгони мо мақоми муҳим доштааст.
Эҳёи Меҳргон дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият фароҳам овард, ки суннати бостонӣ дубора ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид гардад ва барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва эҳтиром ба мероси ниёгон саҳм гузорад.
Имрӯз таҷлили Меҳргон бояд бо қадршиносии кишоварзон, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ҳифзи муҳити зист ва тарғиби фарҳанги меҳнат пайванди воқеӣ дошта бошад.
Зеро Меҳргон танҳо ёдгории гузашта нест. Он паёми зиндаи ниёгон ба наслҳои имрӯз ва фардост: меҳр варзидан, заҳмат кашидан, неъматҳоро қадр кардан ва барои ободии Ватан саҳм гузоштан.
А. МУЛЛОҶОНЗОДА,
н.и.т. дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng