МЕЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН
Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки сарнавишти давлат ва ҷомеаро дар марҳилаҳои ҳассоси рушд муайян менамоянд. Барои халқи тоҷик чунин шахсият Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар давраи бисёр мураккаби таърихӣ масъулияти сарнавишти давлатро ба зимма гирифта, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва парокандагӣ ба роҳи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувор раҳнамун сохт.
Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1991 барои миллати тоҷик имконияти таърихии бунёди давлати миллӣ ва мустақилро фароҳам овард. Аммо кишвар бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ боиси канда шудани робитаҳои иқтисодӣ, коҳиши истеҳсолот ва афзоиши мушкилоти иҷтимоӣ шуд.
Дар чунин шароити ҳассос ихтилофи сиёсӣ миёни неруҳои гуногун ба муқовимати мусаллаҳона табдил ёфта, Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 кашида шуд. Ин ҷанг ҳазорон нафарро қурбон намуда, садҳо ҳазор шаҳрвандонро ба муҳоҷират ва гурезагӣ маҷбур сохт. Иқтисодиёт фалаҷ гардида, сохторҳои давлатӣ дар ҳолати буҳрон қарор гирифтанд.
Маҳз дар ҳамин давраи сарнавиштсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ ворид гардида, зимни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 роҳбарии давлатро ба уҳда гирифт. Дар он рӯзҳо ӯ бо суханони машҳури худро изҳор дошт: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин суханон баъдан ба барномаи амалии Роҳбари давлат табдил ёфтанд.
Барқарорсозии сулҳ муҳимтарин вазифаи роҳбарияти нави давлат ба шумор мерафт. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини фаъолияташ сиёсати муколама ва оштии миллиро пеш гирифта, дарк мекарданд, ки танҳо тавассути гуфтушунид ва созиш метавон ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид.
Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ музокироти байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик оғоз гардид. Ин гуфтушунидҳо дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Исломобод, Алмаато ва Тошканд баргузор шуданд.
Раванди сулҳофарӣ ниҳоят мураккаб буд. Дар ҳар давраи музокирот масъалаҳои қатъи оташбас, бозгашти гурезаҳо, ислоҳоти сиёсӣ ва тақсими ваколатҳои давлатӣ баррасӣ мегардиданд. Ниҳоят, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки барои таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди сарнавиштсоз гардид.
Ин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, заминаи ташаккули ҷомеаи ором ва рушди минбаъдаи давлатро фароҳам овард. Аз ҳамин лиҳоз, Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ шинохта мешавад.
Пас аз барқарор шудани сулҳ, масъалаи асосӣ таҳкими давлатдорӣ ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ буд. Пешвои миллат бо сиёсати дурбинона ва хирадмандона ба ташкили низоми муосири идоракунии давлатӣ оғоз намуд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 заминаи ҳуқуқии давлатдории навинро фароҳам овард. Дар Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян гардид.
Дар баробари ин, барномаи оштии миллӣ ва ҳамгироии неруҳои сиёсӣ амалӣ гардид. Намояндагони мухолифин ба сохторҳои давлатӣ ҷалб шуда, фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа тақвият ёфт. Ин сиёсат барои ҳифзи сулҳи пойдор ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши ҳалкунанда бозид.
Пас аз анҷоми ҷанг иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳолати ниҳоят душвор қарор дошт. Корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият бозмонда, сатҳи зиндагии мардум паст гардида буд.
Бо ташаббус ва сиёсати иқтисодии Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии миллӣ амалӣ гардиданд.
Дар ин давра садҳо километр роҳҳо, нақбҳо ва пулҳои замонавӣ сохта шуданд. Нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва дигар иншоотҳои муҳими нақлиётӣ минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам пайвастанд.
Дар бахши энергетика неругоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва даҳҳо иншооти энергетикӣ сохта шуда, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба марҳилаи фаъол ворид гардид. Имрӯз «Роғун» ҳамчун рамзи истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
Сиёсати иҷтимоии давлат дар даврони роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст. Дар соҳаи маориф ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Барномаҳои давлатии рушди маориф татбиқ шуда, имкониятҳои таҳсил барои ҷавонон васеъ гардиданд.
Барномаи Президентӣ барои дарёфти стипендияҳо, квотаҳои президентӣ ва таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои бонуфузи хориҷӣ ба ташаккули насли нави мутахассисон мусоидат намуд.
Дар соҳаи тандурустӣ низ беморхонаҳо, марказҳои ташхисӣ ва муассисаҳои нави тиббӣ сохта шуда, сифати хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар гардид.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷӣ мебошад. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба узви фаъоли созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфт.
Сиёсати «дарҳои кушода» имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.
Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намуданд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон як қатор ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об қабул гардида, масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ба рӯзномаи ҷаҳонӣ ворид шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи худшиносии миллӣ ва рушди фарҳанги тоҷик аҳамияти махсус медиҳад. Бо ташаббуси Роҳбари давлат мероси таърихӣ ва фарҳангии миллат мавриди омӯзиш ва тарғиби васеъ қарор гирифт.
Таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Хуҷанд, 3000-солагии Ҳисор ва дигар санаҳои муҳими миллӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат намуд.
Дар ин давра, мақоми забони давлатӣ таҳким ёфта, омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии давлат табдил ёфт.
Таҷрибаи давлатдории навини Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди давлат бениҳоят муҳим мебошад. Дар шароите, ки кишвар дар остонаи парокандагӣ қарор дошт, ӯ тавонист миллатро муттаҳид сохта, барои бунёди давлати муосир заминаи устувор гузоранд.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ором ва рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста дорад. Ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати сулҳофарин, хирадмандона ва давлатсозонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аз ин рӯ, унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» инъикосгари нақши таърихии ӯ дар сарнавишти миллати тоҷик буда, хизматҳои ӯ ҳамчун меъмори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон дар саҳифаҳои таърих ҷовидона боқӣ хоҳанд монд.
Аҳлиддин НАЗАРОВ,
сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия
Тоҷ
Рус
Eng