Абуалӣ ибни Сино (980-1037), ки дар ҷаҳон бо номи Шайхурраис маъруф аст, дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун нобиғаи нотакрор ва мутафаккири бузург ҷойгоҳи хос дорад. Гарчанде дастовардҳои ӯ дар соҳаи тиб шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаанд, саҳми ӯ дар ташаккул ва рушди илми мантиқ низ аҳамияти басо бузург дорад. Ибни Сино мантиқро «тарозуи ақл» медонист ва онро воситаи асосии шинохти ҳақиқат ва ҳифзи тафаккури инсон аз иштибоҳ мешуморид.

Дар асрҳои миёна, замоне ки илму маърифат босуръат рушд мекард, миёни донишмандон баҳси тулонӣ вуҷуд дошт, ки оё мантиқ бахше аз фалсафа мебошад ё танҳо воситаи техникии андешидан. Ибни Сино дар осори машҳури худ «Шифо», «Наҷот» ва «Ишорот ва танбеҳот» ин масъаларо бо далелҳои муътамади мантиқӣ баррасӣ намуда, ба хулосае расид, ки мантиқ ҳам ҷузъи фалсафа ва ҳам воситаи он аст. Ба андешаи ӯ, агар фалсафа омӯзиши куллии ҳастӣ бошад, пас мантиқ маҷмуи қоидаҳои дурусти тафаккур дар ҷараёни ин омӯзиш мебошад. Бе чунин қоидаҳо инсон монанди шахсе хоҳад буд, ки дар торикӣ роҳи худро меҷӯяд.

Ин дидгоҳ имкон дод, ки мантиқ аз доираи як фанни назариявӣ берун омада, ба воситаи амалии дарёфти дониш ва шинохти ҳақиқат табдил ёбад.

Яке аз муҳимтарин саҳмҳои Ибни Сино дар он зоҳир мегардад, ки ӯ миёни ду равияи асосии мантиқ - мантиқи қиёсии Арасту ва мантиқи мафҳумии равоқиён робитаи мукаммал ва низомманд барқарор намуд. Пеш аз ӯ ин ду мактаби мантиқӣ бештар ҷудогона омӯхта мешуданд, вале Шайхурраис онҳоро дар як низоми ягона ва ҳамоҳанг муттаҳид сохт.

Бархе аз муҳаққиқони муосир, аз ҷумла Николас Решер бар ин назаранд, ки Ибни Сино нахустин мутафаккире буд, ки ин ду ҷараёни мантиқиро ба таври низомманд ба ҳам пайваст намуда, илми мантиқро ба марҳилаи нави рушд расонидааст. Ин иқдом барои ташаккули тафаккури илмии минбаъда дар Шарқ ва Ғарб заминаи устувор фароҳам овард.

Ибни Сино дар масъалаҳои марбут ба маънои калимаҳо ва семантика низ андешаҳои ҷолиб ва пешрафта пешниҳод кардааст. Ӯ бар он назар буд, ки калимаҳо танҳо рамзҳое мебошанд, ки инсон тавассути онҳо тасаввурот ва маъниҳои зеҳнии худро ифода менамояд. Ин андешаҳо баъдан дар рушди назарияҳои забоншиносӣ ва мантиқӣ таъсири назаррас гузоштанд.

Имрӯз мероси илмӣ ва маънавии Абуалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон ва ҷаҳон бо эҳтироми хоса ёдоварӣ мешавад. Бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб намунаи барҷастаи арҷгузорӣ ба осори гаронбаҳо ва хизматҳои мондагори ин нобиғаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ин иқдоми муҳим на танҳо нишонаи эҳтиром ба шахсият ва мероси илмии Ибни Сино аст, балки барои муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ низ аҳамияти бузург дорад. Номи Ибни Сино имрӯз ҳамчун рамзи дониш, ҳикмат ва фарҳанги волои тоҷикон дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, таъсиси чунин ҷоизаи бонуфуз метавонад мақому манзалати Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини илму маърифат боз ҳам таҳким бахшад.

Ҳамзамон, ин ташаббус барои ҳифз ва тарғиби мероси маънавии миллат, рушди илми тиб ва ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқони ҷавон ҷиҳати анҷом додани таҳқиқот ва кашфиётҳои нав заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар замони муосир таълимоти Ибни Сино оид ба «тафаккури дуруст» аҳамияти бештар пайдо кардааст. Вақте ӯ мегуфт: «Мантиқ муҳофизати ақл аз хато аст», дар асл роҳи мубориза бо фиреб, таассуб ва андешаҳои носаҳеҳро нишон медод. Имрӯз низ ин «тарозуи ақл» барои таҳлили интиқодӣ, арзёбии дурусти маълумот ва қабули қарорҳои оқилона дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ аҳамияти калон дорад.

Абуалӣ ибни Сино бо эҷоди низоми мукаммали мантиқӣ ин илмро аз доираи шарҳу тафсири сода берун оварда, ба яке аз пояҳои асосии маърифати илмӣ табдил дод. Осори гаронбаҳои ӯ то имрӯз аҳамияти илмӣ ва таърихии худро нигоҳ дошта, ҳамчун раҳнамои боэътимод дар роҳи шинохти ҳақиқат хизмат мекунанд.

Ибни Сино собит намуд, ки илм бидуни мантиқ монанди бинои бепоя аст. Аз ҳамин ҷост, ки мероси ӯ дар ташаккули фарҳанги фикрӣ ва зеҳнияти башарӣ ҷойгоҳи ҷовидона дорад.

 

Орифҷон ФОЗИЛЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ