НАҚШИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ ДАР БЕҲБУДИИ ЗИНДАГӢ
Соли 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» қабул гардид, ки ҳадафи асосии он танзими баргузории маъракаҳо, коҳиш додани хароҷоти зиёдатӣ ва пешгирии исрофкорӣ мебошад. Қабули ин қонун як қадами муҳим дар самти беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолӣ ба ҳисоб меравад, ки баъдтар аз нав қабул гардид.
Татбиқи қонуни мазкур дар давраи солҳои 2007-2025 натиҷаҳои назаррас ба бор овардааст. Тибқи маълумотҳо, дар ин муддат ҳаҷми умумии сарфаи маблағҳо тақрибан ба 40 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки аз самаранокии баланди он шаҳодат медиҳад.
Сарфаи маблағҳо, пеш аз ҳама аз ҳисоби кам гардидани хароҷоти зиёдатӣ ҳангоми баргузории тӯйҳо, маросими азодорӣ ва дигар маъракаҳо таъмин шудааст. Пеш аз қабули қонун чунин хароҷотҳо ба вазъи молиявии бисёр оилаҳо таъсири манфӣ расонида, ҳатто боиси қарздор шудани онҳо мегардид.
Бо ҷорӣ гардидани меъёрҳои мушаххас шумораи меҳмонон, ҳаҷми хароҷот ва тартиби баргузории маъракаҳо ба низом дароварда шуданд. Ин омил боис гардид, ки шаҳрвандон бештар ба сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо диққат диҳанд.
Қонуни мазкур бори аввал соли 2007 қабул гардида, минбаъд ба он солҳои 2008, 2010, 2017, 2021 ва 2024 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ҳадафи асосии он пешгирии исрофкорӣ, зоҳирпарастӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.
Таҷрибаи амалии қонун нишон медиҳад, ки сатҳи маърифатнокии аҳолӣ нисбат ба расму оинҳо боло рафта, мардум тадриҷан хурофотро аз анъанаҳои воқеан муҳим фарқ мекунанд. Ин раванд ба барқарор гардидани баробарӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа низ мусоидат намудааст.
Қонуни танзим на танҳо ба коҳиш додани исрофкорӣ равона шудааст, балки ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги иҷтимоии шаҳрвандон низ таъсири мусбат мерасонад. Он барои ташаккули тарзи ҳаёти сарфакорона ва масъулияти шаҳрвандӣ замина фароҳам меорад.
Ҳамзамон, қонун ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллӣ аҳамияти хоса медиҳад. Танзим маънои маҳдуд намудани арзишҳои фарҳангиро надорад, балки онҳоро ба шароити муосир мутобиқ месозад ва аз зиёдаравӣ пешгирӣ мекунад.
Дар натиҷаи татбиқи қонун муносибати ҷомеа ба баргузории маъракаҳо тағйир ёфта, сатҳи исрофкорӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Имрӯз шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки маъракаҳоро дар доираи имкониятҳои худ ва бо риояи талаботи қонунгузорӣ баргузор намоянд.
Дар маҷмуъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ҳамчун як механизми муассири иҷтимоӣ-иқтисодӣ собит гардидааст. Он на танҳо ба сарфаи маблағҳои бузург, балки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди фарҳанги сарфакорона мусоидат намудааст.
Бо назардошти ин омилҳо, метавон хулоса кард, ки татбиқи пайваста ва такмили минбаъдаи қонуни мазкур барои таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.
Шаъмигул ПИРАКОВА,
мутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ
Тоҷ
Рус
Eng