ОБ - МУЪҶИЗАИ ТАБИАТ ВА ТАРОВАТИ ПОКИЗАГИИ ЗИНДАГӢ
Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Об дар қатори нури офтоб, ҳаво ва хок асоси зиндагӣ мебошад. Мардум беҳуда онро сарвати худодод ва обу ободонӣ намегӯянд ва обро муъҷизаи табиат намеҳисобанд. Аз чор се ҳиссаи сатҳи кураи Заминро об ташкил медиҳад.
Об хусусияте дорад, ки агар ифлос шавад, метавонад то андозае худро пок созад. Аммо агар ифлосшавии об аз меъёр зиёд гардад, дигар об наметавонад худ аз худ поку тоза шавад. Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Тоҷикистон дорои дарёҳои зиёде мебошад. Дарёҳо асосан ба ҳавзаҳои дарёҳои Аму, Сир, Зарафшон ва Панҷ мансубанд. Дар Тоҷикистон қариб 1300 кӯл мавҷуд аст. Аксарияти онҳо дар Помир ва кӯҳистони Зарафшону Ҳисор воқеъ гардидаанд.
Дар Тоҷикистон чашмаҳои оби зулол хеле бисёранд. Чашмаҳои Чилучорчашмаи Шаҳритӯс, Сарчашмаи Кӯлоб, Ҳафтчашмаи Файзобод, Хучи болои Ҳисор, Чашмаи Нияти Панҷакент, Чашмаи Лангари моҳиёни Исфара, Чашмаи Чинори Ашт, чашмаҳои Чоруқдарон, Учбоғ, Қозибибӣ (дар кӯҳи Муғул), Ҳавзи моҳиёни Истаравшан, Сарчашмаи Рӯшон ва ғайра бо оби ширини нӯшиданиашон ном баровардаанд.
Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 афзоиши истифодаи об дар Осиёи Марказӣ 15–20 фоизро ташкил медиҳад. Агар камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим низ ба назар гирем, вазъияти баамаломада хатарбор мегардад. Аз ин рӯ, ин гавҳари табиатро бояд сарфакорона истифода бурд.
Ташаббусҳои Сарвари хирадманди мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба об ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи онҳо хеле муҳим ва саривақтианд. Пешниҳоди Сарвари тоҷикони ҷаҳон оид ба эълон намудани соли 2003 ҳамчун «Соли оби тоза», солҳои 2005–2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ ёфтанд.
Ҳамин аст, ки эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз як марҳалаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои ҷаҳон баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад буд. Маҳз бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ ва самаранокии истифодаи об таъкид гардиданд.
Оре, об манбаи ҳастии тамоми мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ба ҷаҳон ва зиндагӣ таровату покизагӣ мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ доранд. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯйи ҷою манзил ва тозагии кӯчаҳо истифода мебарад. Об сарчашмаи ҳаёт буда, инсоният худро бе он тасаввур карда наметавонад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёти худ ба об ниёз дорад.
Об неъмати бебаҳои Худованд буда, онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо ифтихор мекунем, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ намуда, аз оби тоза ва ширини он ҳаловат мебарем. Дар Тоҷикистон об яке аз қиматтарин неъматҳо шуморида мешавад ва тайи чанд соли охир дар васфи оби тозаву ширини ин диёр достону шеърҳои зиёде эҷод шудаанд. Тоза нигоҳ доштани об, муқаддас шуморидани он ва қимат донистани ҳар як қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсон аст.
Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлулҳои ранг, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, истеҳсоли коғазу собун, нонпазӣ ва тайёр кардани нӯшокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсонро об ташкил медиҳад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёти худ аз об истифода мебарад. Об инсонро аз ифлосию нопокӣ ва бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об барои сабзавоту наботот ва ҳайвонот, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосии ҳаёт мебошад.
Обҳои минералӣ ва гарму ҷӯшонро бо мақсади муолиҷа, ҳамчун нӯшокӣ, барои гарм кардани биноҳои истиқомативу гармхонаҳо ва истихроҷи маъдан истифода бурдан мумкин аст. Чашмаҳои маъдании Хоҷаобигарм, Гармчашма, Шоҳамбарӣ, Ҳавотоғ ва Хоҷасангхок (Анзоб) дар Тоҷикистон ва берун аз он шуҳрат пайдо кардаанд.
Дар Тоҷикистон чашмасорҳо бисёранд. Мо бояд ин чашмаҳоро нигоҳубин кунем, дар атрофи онҳо дарахту буттаҳо шинонида, гирду атрофашонро тоза нигоҳ дорем.
Мо дар ҳама ҷо бо ифтихор Тоҷикистонро сарчашмаи обҳои Осиёи Марказӣ меномем. Ва имрӯз мебояд мутобиқи ҳамин ифтихор аз он самаранок ва оқилона истифода барем. Захираҳои об ва тозагии онро ҳифз кунем, ба қадри дарё, кӯл ва чашмаҳои худ бирасем.
Садуллоев Асадулло Ҷаҳфарович,
омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng