ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН: РАМЗЕ, КИ ТАЪРИХ, ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МОРО ДАР ХУД ҶАМЪ КАРДААСТ
Баъзан мо ба Парчам ҳамчун як порчаи одии матоъ нигоҳ мекунем, аммо агар каме дақиқтар назар афканем, дар пушти ин порча рангу аломатҳои таърихи чандҳазорсолаи давлатдори тоҷикон, фарҳанги миллӣ, орзуҳо ва арзишҳои мардумии мо пинҳон аст.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин сана барои давлати навини тоҷик рӯзи муҳим арзёбӣ мегардид, зеро пас аз истиқлол зарурат ба вуҷуд омад, ки низоми нави рамзҳои давлатӣ Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ташаккул ёбад. Парчами имрӯза вориси асили давлатдории таърихи тоҷик мебошад. Аз Аморати Бухоро то Ҷумҳурии Худмухтори Шуравии Тоҷикистон (1924-1929), Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1929-1991) ва давраи аввали истиқлол.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли росткунҷа дорад ва таносуби паҳлӯҳояш 1 ба 2 мебошад. Он аз се ранги уфуқӣ сурх, сафед ва сабз иборат аст. Дар маркази рангҳо сафед бо тасвири тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудааст. Ранги сафед нисбатан васеътар аст ва ин ба парчам сохтори хос ва мутавозин медиҳад.
Ҳар як ранг чӣ мегӯяд: Аз нигоҳи рамзшиносӣ, ҳар як унсури Парчам маънои амиқи фарҳангӣ ва сиёсӣ дорад.
Ранги сурх дар анъанаи тоҷикӣ рамзи ҷасорат, ҳаёт, ғалаба ва озодихоҳӣ аст. Онро ҳамчун ранги мубориза барои истиқлол, ваҳдати миллӣ ва устувории давлат низ фаҳмидан мумкин аст.
Ранги сафед рамзи покӣ, сулҳ, оромӣ, рӯшноӣ ва равшанфикрӣ мебошад. Дар шарҳи расмӣ сафедӣ инчунин бо пахта, барф ва кӯҳҳои баланди Тоҷикистон алоқаманд аст. Ин ранг гӯё ба мо мегӯяд: сулҳ ва покӣ - асоси ҳаёти осоишта.
Ранги сабз рамзи табиат, сарсабзӣ, ҳосилхезӣ, ободӣ ва умед ба оянда аст. Тоҷикистон кишвари кӯҳистон аст ва сабзӣ дар фарҳанги мо ҳамчун нишонаи зиндагӣ ва бардавомӣ мақоми хос дорад.
Тоҷи тиллоӣ дар маркази Парчам рамзи асосии давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва худшиносии миллӣ аст. Калимаи «тоҷ» бо номи миллат “тоҷик” пайванди амиқи фарҳангӣ дорад. Тасвири тоҷ дар Парчам ҳамчун ишора ба таърихи қадими давлатдорӣ, фарҳанги ориёӣ ва анъанаи давлатдории миллии тоҷик қабул мешавад.
Ҳафт ситораи тиллоӣ дар болои тоҷ низ маъноҳои гуногун доранд. Онҳо метавонанд рамзи ваҳдат, ҳафт минтақаи таърихӣ, ҳафт арзиши умуми инсонӣ ё ҳафт фарзанди Ватан бошанд. Муҳим он аст, ки дар маҷмӯъ таркиби “тоҷ ва ҳафт ситора” низоми пурраи рамзиро ташкил медиҳад, ки ҳам анъанаи қадима ва ҳам давлати муосири тоҷикро инъикос мекунад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ муқаррар шудааст. Қонуни махсус “Дар бораи рамзҳои давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби истифода, ҳифз ва эҳтироми Парчамро муайян мекунад. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, таҳқири Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ масъулияти ҳуқуқиро ба вуҷуд меорад. Ин нишон медиҳад, ки Парчам ҳамчун объекти ҳуқуқӣ ва арзиши сиёсӣ низ мебошад.
Парчам ба мо ёдовар мешавад, ки мо соҳиби таърихи худ, фарҳанги худ ва давлати худ ҳастем. Эҳтиром ба Парчам ин пеш аз ҳама эҳтиром ба гузаштагони мо, ба имрӯзи мо ва ба ояндаи фарзандони мост. Таҳлили илмии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон собит мекунад, ки он маҳсули таърихи тӯлонии давлатдорӣ, фарҳанг ва худшиносии миллати тоҷик аст. Парчам дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми таърих ва таҳкими ҳувияти миллии шаҳрвандон нақши муҳимро арзёби мекунад.
Бахтиёр КАРИМЗОДА,
омӯзгори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng