Дар шароити глобализатсия ва афзоиши таҳдидҳои ғайрианъанавӣ, масъалаи амнияти инсон ба яке аз самтҳои калиди сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Одамрабоӣ ҳамчун ҷинояти вазнин на танҳо ба ҳуқуқу озодиҳои шахс таъсири манфӣ мерасонад, балки ба суботи сиёсӣ, эътимоди ҷомеа ба давлат ва амнияти миллӣ низ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Солҳои охир одамрабоӣ дар баъзе аз минтақаҳо ҳамчун воситаи фишори сиёсӣ, маблағгузории гурӯҳҳои ифротгаро ва воситаи идоракунии тарс истифода мешавад.

Одамрабоӣ маҷмуи амалҳоест, ки ба ғайриқонунӣ маҳрум намудани шахс аз озодӣ, ҷойивазкунии маҷбурӣ ё нигаҳдории ӯ бо мақсади ба даст овардани фоида, фишори сиёсӣ ё таҳдид равона шудааст. Аз нигоҳи сиёсӣ, одамрабоӣ метавонад ҳамчун унсури ҷинояткории муташаккил, терроризм ва низоъҳои сиёсӣ баррасӣ шавад.

Дар бисёр давлатҳо одамрабоӣ ба сатҳи таҳдиди амнияти миллӣ баробар дониста мешавад, зеро он қодир аст ноустувории сиёсиро зиёд намуда, эътимоди шаҳрвандонро ба сохторҳои давлатӣ коҳиш медиҳад.

Омилҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ паҳншавии одамрабоӣ, заъфи институтҳои давлатӣ ва сатҳи пасти волоияти қонун, фасодкорӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муноқишаҳои сиёсӣ ва ноустувории минтақавӣ, фаъолшавии гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ, камбизоатӣ ва бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, иқтисоди ғайрирасмӣ ва қочоқ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва осебпазирии аҳолӣ, сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, заъфи назорати иҷтимоӣ, таҳаммулпазирии ҷомеа ба ҷинояткорӣ дар баъзе минтақаҳо мебошад.  Ҳамаи ин омилҳо дар маҷмӯъ муҳити мусоид барои рушди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла одамрабоиро фароҳам меоранд.

Одамрабоӣ як қатор хатарҳои стратегӣ аз қабили таҳдид ба амнияти миллӣ ва ҷамъиятӣ, коҳиши эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимият, заиф гардидани имиҷи байналмилалии давлат, афзоиши таъсири гурӯҳҳои  ҷиноятӣ ва террористӣ, ноустувории иҷтимоӣ ва сиёсиро ба миён меорад. Дар шароити глобализатсионӣ, одамрабоӣ метавонад характери фаромиллӣ гирифта, ба амнияти минтақаҳо таъсири манфӣ расонад.

Ба паёмадҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ осеби равонӣ ва иҷтимоии қурбониён, афзоиши тарс ва ноамнӣ дар ҷомеа, коҳиши сармояи иҷтимоӣ, коҳиши сармоягузорӣ, афзоиши хароҷоти давлатӣ барои амният, заъфи фаъолияти соҳибкорӣ, коҳиши легитимияти ҳокимият, шиддат гирифтани норозигиҳои иҷтимоӣ, афзоиши фишори байналмилалӣ ба давлат дохил мешаванд.

Роҳу воситаҳое арзи ҳастӣ доранд, ки метавонанд пеши ин гуна ҷинояткориҳоро гиранд аз қабили  таҳкими волоияти қонун ва ислоҳоти судӣ, рақамисозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди ҳамкории байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, истифодаи усулҳои таҳлили маълумот ва моделсозии хавф.

Дар сиёсати муосир одамрабоӣ на танҳо ҳамчун ҷинояти маъмулӣ, балки ҳамчун механизми таъсиррасонӣ ба қарорҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Дар баъзе кишварҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ташкилотҳои ифротгаро одамрабоиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ аз қабили маҷбур намудани давлат ба озод намудани маҳбусон, ба даст овардани маблағ барои маблағгузории фаъолияти сиёсӣ ё ҳарбӣ, эҷоди фазои тарс ва бесуботӣ дар ҷомеа, заиф намудани нуфӯзи ҳокимият дар назди аҳолӣ истифода мебаранд.

Ин падидаҳо махсусан дар минтақаҳои ноором, ки назорати давлатӣ заиф аст, бештар мушоҳида мешавад. Одамрабоӣ дар чунин ҳолат ба як навъ фишанги геополитикӣ табдил меёбад, ки метавонад муносибатҳои байнидавлатиро низ мураккаб созад.

Асоси мубориза дар муқовимат бо одамрабоӣ такмили заминаи ҳуқуқӣ мебошад. Қонунгузорӣ бояд ҷавобгарии ҷиноятиро шадид намояд, механизмҳои ҳифзи қурбониёнро таъмин кунад, ҳамоҳангии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқро баланд бардорад. Дар бисёр давлатҳо, мутобиқсозии қонунгузорӣ бо меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун омили калидӣ шинохта мешавад.

Институтҳои давлатӣ бояд иқтидори таҳқиқотӣ ва таҳлили ҷиноятҳоро баланд бардоранд, пойгоҳҳои ягонаи иттилоотӣ таъсис диҳанд, ҳамкории байнидавлатиро тақвият диҳанд.

Пешгирии одамрабоӣ танҳо бо чораҳои қудратӣ маҳдуд намешавад. Баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ, коҳиши камбизоатӣ ва рушди маориф ба коҳиши хавфи ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.

Бо сабаби хусусияти фаромилли доштани одамрабоӣ, ҳамкории байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад. Самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ дар муқовимат бо одамрабоӣ мубодилаи иттилооти оперативӣ, ҳамоҳангсозии амалиёти ҷустуҷӯӣ, экстрадитсияҳои ҷинояткорон, лоиҳаҳои муштараки омӯзишӣ шуда метавонанд.

Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва сохторҳои минтақавӣ, дар ташкили стандартҳои ягонаи мубориза бо ин ҷиноят нақши муҳим мебозанд.

Дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ, технология ба абзори муҳими сиёсати амниятӣ табдил ёфтааст, истифодаи зеҳни сунъӣ барои таҳлили хавф, мониторинги ҳаракат тавассути системаҳои рақамӣ, пойгоҳҳои биометрӣ, таҳлили шабакаҳои ҷиноятӣ мусоидат менамоянд.           

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки кишварҳое, ки идоракунии самаранок доранд, сатҳи фасод паст аст, институтҳои демократӣ устувор мебошанд, нишондиҳандаҳои пасттари одамрабоӣ доранд. Баръакс, дар кишварҳои дорои ноустувории сиёсӣ ва иқтисодӣ ин ҷиноят бештар ба қайд гирифта мешавад. Ин далел зарурати таҳкими идоракунии давлатӣ ва шаффофиятро таъкид мекунад.  

Одамрабоӣ ба рушди устувор таъсири манфӣ мерсонад, коҳиши сармоягузории хориҷӣ, заъфи инфрасохтор, муҳоҷирати маҷбурӣ, паст шудани сифати зиндагиро ба миён меорад. Аз нигоҳи сифати рушд, мубориза бо одамрабоӣ қисми ҷудонашавандаи стратегияи рушди миллӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, одамрабоӣ дар сиёсати муосир на танҳо ҷинояти инфиродӣ, балки таҳдиди комплексӣ ба амнияти инсон, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат мебошад. Мубориза бо ин падида танҳо тавассути сиёсати ҳамгиро, таҳкими институтҳо ва истифодаи технологияҳои муосир имконпазир аст.

 

Алишер АСОЕВ -

 номзади илмҳои сиёсӣ