НАҚШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Яке аз механизмҳои хело муҳим, ки ба давлат имкон медиҳад, то танзими иқтисодӣ ва иҷтимоии рушди ҷомеаро амалӣ намояд, ин механизми молиявӣ - системаи молиявии ҷомеа мебошад, ки машаки асосии он буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Буҷети давлатӣ – ҳамчун манбаи марказӣ ва ҳаракатдиҳандаи иқтисодиёти ҳар як кишвар нақши бениҳоят муҳим дорад. Ин на танҳо як ҳуҷҷати молиявӣ аст, балки механизми асосӣ барои ҷамъоварӣ, тақсим ва аз нав тақсим кардани захираҳои молиявӣ мебошад, ки рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҳамаҷонибаи мамлакатро таъмин менамояд. Дар ин мақола мо ин мавзӯъро аз ҷанбаҳои гуногун – аз назария то амалия, аз таҷрибаи ҷаҳонӣ то воқеияти Тоҷикистон – бо таҳлили муфассал ва рақамҳои ҷолиб баррасӣ мекунад.
Дар баробари ин, гуфтан мумкин аст, ки буҷети давлатӣ ҳамчун нақшаи молиявии солона ҳамаи даромадҳо ва хароҷотҳои давлатро муайян месозад. Он воситаи асосии сиёсати фискалӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути он ҳукумат метавонад талаботи умумии иқтисодиро танзим кунад, сармоягузориҳоро дастгирӣ намояд ва нобаробариҳои иҷтимоиро кам кунад.
Дар назарияи Кейнс буҷет дар давраҳои пастравӣ ҳамчун стимулятор амал карда, хароҷотҳои давлатиро афзоиш медиҳад. Дар ҳолати неоклассикӣ бошад, он бояд ба бозори озод имконият диҳад, ки самаранок кор кунад. Дар кишварҳои рушдёбанда буҷет на фақат ҳисобкунӣ, балки воситаи мубориза бо камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди инфрасохтор мебошад.
Дар аксари кишварҳои ҷаҳон хароҷотҳои буҷетӣ аз 20 то 45 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД)-ро ташкил медиҳанд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки буҷет воқеан манбаи асосии маблағгузорӣ ва ҳаракатдиҳандаи иқтисодиёт аст. Масалан, дар кишварҳои пешрафта мисли Норвегия ё Сингапур буҷет ба соҳаҳои инноватсионӣ, таҳсилот ва инфрасохтор равона шуда, рушди устуворро таъмин мекунад.
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, барои соли 2026 даромадҳои буҷетӣ тақрибан 65 миллиард сомонӣ ва хароҷотҳо 66,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда буданд. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки касри буҷетӣ дар ҳудуди 1,9 миллиард сомонӣ нишон дода мешавад. Инчунин, даромадҳои асосӣ аз ҳисоби андозҳо, грантҳо ва қарзҳои байналмилалӣ, инчунин даромадҳои ғайриандозӣ ташаккул меёбанд.
Хароҷотҳо бошад, асосан ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона мешаванд: маориф (13,9 млрд сомонӣ), тандурустӣ (5,2 млрд сомонӣ), соҳаи энергетика (14,96 млрд сомонӣ).
Аз рӯйи маълумотҳои гуфтан мумкин аст, ки дар солҳои охир ҳиссаи хароҷотҳо ба соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони НБО «Роғун», хеле афзудааст. Бо вуҷуди ин, тавассути Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 буҷет ба ҳадафҳои калон – саноатикунонӣ, рақамикунонӣ, рушди сабз ва коҳиши камбизоатӣ – равона карда шудааст.
Илова бар ин, барои ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда, таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар ин замина, такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар соҳаи буҷет ва баланд бардоштани сатҳи масъулияти мақомотҳои дахлдор зарур шуморида мешавад.
Бо вуҷуди ин, масъалаи самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҳамеша яке аз мушкилоти асосӣ боқӣ мемонанд. Барои ҳалли ин масъала, зарур аст, ки назорати молиявӣ пурзӯр карда шуда, истифодаи мақсаднок ва шаффофи маблағҳо таъмин карда шавад. Ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунии молия, аз ҷумла банақшагирии барномавии буҷет ва мониторинги доимии иҷрои он, метавонад самаранокии хароҷоти давлатиро баланд бардорад.
Дар баробари ин, зиёд намудани қисми даромади буҷет тавассути такмили низоми андозбандӣ, васеъ намудани пойгоҳи андоз ва мубориза бар зидди иқтисодиёти пинҳонӣ аҳамияти муҳим дорад. Чунки агар даромад набошад, ҳамаи ин нақшаҳо берун аз зиндагии воқеӣ танҳо дар рӯйи коғаз мемонанд, ки ин ҳолат паёмадҳои ногувор ба бор меорад.
Дилнура ҲАБИБЗОДА –
донишҷӯи соли 3-юми факултети молия ва қарз
Тоҷ
Рус
Eng