Дар замоне, ки ҷаҳон ба суръати бемисл ба пеш қадам мезанад ва кишварҳо барои ояндаи дурахшон ба насли ҷавон такя мекунанд, коррупсия ҳамчун заҳри кушанда ба решаҳои тарбият нуфуз карда, ояндаи миллатро зери суол мегузорад.

Коррупсия танҳо як мушкили иқтисодӣ ё сиёсӣ нест, он як фоҷиаи ахлоқист, ки пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули шахсияти ҷавонон зарбаи ҷуброннопазир мезанад. Вақте ки ҷавоне мебинад, ки падараш пора медиҳад, вақте ки донишҷӯе шоҳиди он мешавад, ки баҳои аълоро бо пул харидан мумкин аст, вақте ки хонандае мефаҳмад, ки дар мусобиқаҳо шиносоӣ ҳалкунанда аст, дар он лаҳза тухми нобоварӣ дар қалби ӯ кошта мешавад.

Оқибати аввалин ва шояд хатарноктарини коррупсия дар тарбия он аст, ки арзишҳои ахлоқӣ дар назари ҷавонон беэътибор мегарданд. Коррупсия боиси нобаробарии имконият дар байни ҷавонон мегардад. Дар як ҷомеаи солим ҳар ҷавоне бояд имконияти баробар дошта бошад, ки истеъдоди худро нишон диҳад ва ба мақсадҳояш бирасад. Аммо коррупсия ин тавозунро вайрон мекунад.

Ман ҳамчун як омӯзгори солхурда ва як инсони нигарон аз ояндаи насли нав, имрӯз садо баланд мекунам: коррупсия душмани аввали тарбият аст. Мо наметавонем аз як тараф, аз ҷавонон покизагии ахлоқ талаб кунем ва аз тарафи дигар, дар назди чашмони онҳо ба коррупсия роҳ диҳем. Ҳар пораи додашуда, ҳар қонуни поймолшуда, ҳар адолати зоеъгашта тирҳоеанд, ки ба қалби ояндаи мо мерасанд. Бигзор, ҳар яке аз мо аз худ оғоз кунем ва барои насли фардо ҷомеаи покро ба мерос гузорем.

 

Бобоалӣ ШАРИПОВ,

профессори кафедраи математикаи олии ДДМИТ