ОМИЛИ МУҲИМИ РАСИДАН БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Дар шароити рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, таҳкими иқтисодиёти оилаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои молиявӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд танзими ҷашну маросим ҳамчун воситаи пешгирии исрофкорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон аҳаммияти махсус дорад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Баъдан, 28 августи соли 2017 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо мақсади такмили минбаъдаи танзими ҳуқуқии соҳа 20 июни соли 2024 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ҳадафи асосии қонуни мазкур ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, коҳиш додани исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Ҷашну маросимҳои миллӣ дар фарҳанги тоҷикон ҷойгоҳи муҳим дошта, барои таҳкими муносибатҳои оилавӣ, эҳтироми калонсолон, нигоҳдории пайвандҳои хешутаборӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон хизмат мекунанд. Меҳмоннавозӣ, эҳтироми ҳамдигар ва дастгирии ниёзмандон аз арзишҳои неки миллати тоҷик мебошанд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо зоҳирпарастӣ ва рақобати носолими иҷтимоӣ боиси хароҷоти зиёдатӣ мегарданд.
Мушкилот на дар худи ҷашну маросим, балки дар муносибати нодуруст ба баргузории онҳо ифода меёбад. Баъзе оилаҳо барои тӯйи домодию арӯсӣ ё маросими азодорӣ маблағи аз имконияти молиявии худ зиёд сарф намуда, ҳатто ба гирифтани қарз маҷбур мешаванд. Ин ҳолат метавонад ба пасандозҳои оилавӣ, таълиму тарбияи фарзандон, ҳифзи саломатӣ ва беҳтар намудани шароити манзил таъсири манфӣ расонад.
Яке аз ҳадафҳои асосии қонун пешгирии чунин ҳолатҳо ва истифодаи мақсадноки маблағҳои оилавӣ мебошад. Муқаррар намудани талаботи муайян нисбат ба тартиб ва баргузории ҷашну маросим имкон медиҳад, ки хароҷоти бемантиқ коҳиш ёфта, масъулияти молиявии шаҳрвандон баланд бардошта шавад.
Дар ин замина, ҳар як оила бояд дарк намояд, ки арзиши ҷашну маросим на ба ҳаҷми маблағи сарфшуда, балки ба самимият, эҳтироми инсонӣ ва риояи анъанаҳои неки миллӣ вобаста аст. Сарфакорӣ набояд ҳамчун маҳдудияти фарҳангӣ қабул гардад, балки он нишонаи хирадмандӣ ва масъулиятшиносии оила мебошад.
Дар татбиқи самараноки қонун нақши падару модар, калонсолони оила, роҳбарони маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони ҷомеа муҳим аст. Тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати молиявӣ ва тарғиби фарҳанги сарфакорӣ метавон муносибати солимро нисбат ба баргузории ҷашну маросим ташаккул дод.
Ҳамзамон, маблағҳои сарфашуда метавонанд барои ҳалли масъалаҳои муҳимми оилавӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла таҳсили фарзандон, беҳтар намудани шароити зиндагӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ободонии маҳал равона карда шаванд. Ин раванд на танҳо ба таҳкими иқтисодиёти оилаҳо, балки ба рушди иҷтимоии ҷомеа низ мусоидат менамояд.
Хулоса, танзими ҷашну маросим танҳо масъалаи ҳуқуқӣ нест, балки аҳаммияти муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Риояи талаботи қонун, пешгирии исрофкорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳои оилавӣ барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Оилае, ки маблағҳои худро дуруст истифода мебарад, барои таълиму тарбияи фарзандон шароити беҳтар муҳайё месозад ва дар ободии ҷомеа саҳм мегузорад. Аз ин рӯ, танзими ҷашну маросимро бояд на ҳамчун маҳдудият, балки ҳамчун иқдоми муҳим барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими иқтисодиёти оила ва расидан ба зиндагии шоиста арзёбӣ намуд.
Азимова Суман Рустамовна,
ассистенти кафедраи аудит ва назорати молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng