ТЕРРОРИЗМ - ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон нафар одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба таҳдиди воқеӣ ва ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Бояд қайд намуд, ки дар самти пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ ва ифротгароӣ, ки яке аз вабоҳои асри муосир ба шумор мераванд, нақш ва мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.
Сарвари давлат дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки мубориза бар зидди неруҳои харобкору террористӣ вазифаи муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, амалӣ намудани он барои ҳифзи сулҳу субот ва раҳоии инсоният аз хатари терроризм аҳаммияти бузург дорад.
Рӯйдодҳои солҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъият дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои олам нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба яке аз хатарҳои ҷиддитарини ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ торафт густариш ёфта, вазъи сиёсиву амниятӣ дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон, боз ҳам мураккаб гардидааст.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти хатарнок ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, инчунин ба ҳаёти ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунанд. Ин падидаҳо барои инсоният хатари ҷиддӣ дошта, метавонанд боиси нооромӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва талафоти зиёди ҷонӣ гарданд.
Террорист ва экстремист шахсест, ки муқаддасот, арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, аз қабили инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, хираду дониш, маърифат, маданият ва фарҳангро нодида мегирад. Чунин афрод барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва амалҳои ғайриинсонӣ истифода мебаранд.
Бадбахтии бузург дар он аст, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳатто кӯдакону наврасонро ба доми фиреби худ кашида, онҳоро аз таҳсил, донишомӯзӣ ва тарбияи дуруст дур месозанд. Ҳол он ки илму дониш, маърифат ва ахлоқи ҳамида асоси зиндагии шоиста ва ташаккули ҷомеаи солим мебошанд.
Мутаассифона, бархе аз ҷавонони фиребхӯрдаи тоҷик низ бо сабаби камсаводӣ, надоштани дониши кофӣ, таҷрибаи нокифояи зиндагӣ, тарбияи нодуруст ва дарк накардани ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ ба чунин равияҳо шомил мегарданд. Дар натиҷа, қисме аз онҳо қурбони ин гурӯҳҳо шуда, қисми дигар ба доми ақидаҳои ифротӣ меафтанд ва ояндаи худро зери хатар мегузоранд.
Дар замони муосир гурӯҳҳои террористӣ усулҳои фаъолияти худро тағйир дода, аз роҳу воситаҳои гуногун истифода мебаранд. Ҳадафи асосии онҳо ба вуҷуд овардани тарсу ҳарос дар байни аҳолӣ, ноором сохтани вазъи ҷомеа ва халалдор намудани амнияти давлатҳо мебошад. Ин амалҳо ба ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид намуда, боиси талафоти зиёди инсонӣ ва хисороти моддиву маънавӣ мегарданд.
Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, ҷавонон яке аз гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа дар баробари таблиғоти ифротӣ ба ҳисоб мераванд. Маҳз аз ҳамин сабаб, баланд бардоштани сатҳи маърифат, худшиносӣ ва масъулиятшиносии онҳо аҳаммияти махсус дорад.
Имрӯз ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯстро зарур аст, ки ҳушёрии сиёсӣ ва зиракии маънавии худро аз даст надода, ба доми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ наафтад. Ҷавонон бояд барои омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватани азизамон саъю кӯшиш намоянд.
Ҳамзамон, вазифаи ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки дар пешгирии ин зуҳуроти номатлуб саҳм гузошта, барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми қонун ва таҳаммулпазирӣ мусоидат намояд. Волидон, омӯзгорон ва намояндагони ҷомеа бояд дар ҳамкорӣ бо якдигар корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, ҷавононро аз оқибатҳои хатарноки шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ огоҳ созанд.
Барои муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм пеш аз ҳама зарур аст, ки сабабу омилҳои пайдоиши ин зуҳурот ҳамаҷониба омӯхта шаванд. Ҳамчунин, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва динӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтироми арзишҳои умумиинсонӣ бояд самтҳои асосии фаъолияти ҷомеа бошанд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии терроризм ва экстремизм ва таъмини амнияти ҷомеа тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фаъолияти созанда, тақвияти ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва нашри адабиёти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ аз ҷумлаи чунин тадбирҳо мебошанд.
Ҳамзамон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти ҳар як шаҳрванд низ мебошад. Ҳар яки мо бояд бо рафтори намунавӣ, маърифати баланд, эҳтироми қонун ва саҳми арзандаи худ дар ҳифзи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ иштирок намоем.
Хулоса, терроризм ва экстремизм падидаҳои хатарноки замони муосир буда, мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳим ва масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути илму дониш, маърифат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, тарбияи дурусти насли ҷавон ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ метавонем ҷомеаи солиму осоишта бунёд намуда, ояндаи дурахшони Ватани азизамонро таъмин созем.
А. ХУШВАХТОВ,
ассистенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng