ОМӮЗГОР - АФРӮЗАНДАИ ЧАРОҒИ ДУРАХШОНИ ИЛМУ ДОНИШ
Омӯзгор яке аз муҳимтарин шахсиятҳо дар ҷомеа ба шумор рафта, ӯ бо заҳмат ва меҳру муҳаббати худ на танҳо дониш, балки арзишҳои маънавию ахлоқиро ба насли имрӯза меомӯзонад.
Омӯзгор муҳимтарин узви ҷомеа мебошад, ки ба табиб, муҳандис, ҳуқуқшинос, муҳосиб ва тамоми намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ таълим медиҳад. Маҳз омӯзгор аст, ки ба мардум роҳи зиндагии хубро нишон медиҳад. Омӯзгорро қадр накардан, ҳаққи падару модарро надонистан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, онҳоро эҳтиром мекунанд, ғамхорӣ менамоянд ва барояшон марҳила ба марҳила шароити мусоид фароҳам оварда истодаанд. Омӯзгор бо илму дониш ва ахлоқи ҳамида роҳи наврасонро равшан мекунад. Аввалин қадами устувори мо ба сӯи майдонҳои дониш ва баҳрҳои маърифат ба шарофати омӯзгор гузошта мешавад.
Бинобар ин, ҳар як шахс дар зиндагӣ ҳадаф мегузорад ва аз ҳама зеботар он аст, ки омӯзгор дар расидан ба ин ҳадаф шогирдро роҳнамоӣ мекунад. Баъдан, шогирдон номи омӯзгори худро баланд мебардоранд ва ӯро соҳибифтихор месозанд.
Омӯзгорро имрӯз метавон нуре номид, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилоти зиндагиро осон мегардонад. Чунон ки мегӯянд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Ба ақидаи шоир Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳама чизи заруриро инсон маҳз аз зиндагӣ меомӯзад. Он чизеро, ки шахс аз ҳаёт наомӯхтааст, ба ӯ ягон омӯзгор омӯхта наметавонад. Ҳамин тавр, мутафаккир ҳаётро омӯзгору муаллим ва сарчашмаи тарбияи инсон шуморидааст:
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.
Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шаъну эътибори омӯзгор ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷомеа зиёд гардида истодааст, зеро пешрафти тамоми соҳаҳо аз фаъолияти пурсамари омӯзгорон вобастагии зиёд дорад. Ҳамеша таъкид мешавад, ки «Муаллим, устод пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст».
Зеро дар замони мо рушди ҷомеа, таъмини амнияти миллат ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт ва азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ аз сатҳи маориф ва ташкили раванди босифати таълиму тарбия вобастагӣ дорад.
Бинобар ин, марҳила ба марҳила ҷиҳати беҳтар намудани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити хубу самарабахш баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия барномаҳои нави соҳавӣ қабул ва мавриди амал қарор дода мешаванд. Дар соҳаи маориф барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои дарозмуддат татбиқ шуда истодаанд, ки ба рушду инкишоф, амалигардонии ислоҳоти соҳа ва дастгирии мактабу омӯзгор мусоидат менамоянд.
Маҳз тавассути омӯзгор заминаи рушди илм, фарҳанг ва тамаддуни башарӣ фароҳам мегардад. Дар ин маврид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд: «Дар ташаккули маънавию зеҳнии ҳар фард баъди модар, омӯзгор меистад. Маҳз омӯзгор хишти аввалини бинои маърифату фарҳанги ҳар инсонро мегузорад».
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» 15 октябри соли 2025 ба тасвиб расид, ки бори дигар аз баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ӯ, инчунин имконияти бештари ҷустуҷӯи роҳҳои наву замонавии таълиму тарбия шаҳодат медиҳад.
Таҷлили Рӯзи омӯзгор барои мардуми тоҷик танҳо як санаи тақвимӣ нест. Ин рӯз рамзи эҳтиром ба заҳмати касест, ки рӯшноии маърифатро дар дилҳо меафрӯзад ва сарнавишти миллатро ба сӯйи ободӣ раҳнамун месозад. Ин рӯз эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба кулли омӯзгорон ва устодон мебошад, чунки онҳо зеҳнҳои фардои миллатро ташаккул дода, роҳнамоёни насли нав мебошанд.
Бори дигар қайд менамоям, ки омӯзгор шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир - ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои омӯзгор мебошанд. Таҷрибаи зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати омӯзгор шогирдони ӯ мебошанд. Ӯ аз пешрафт ва комёбии шогирдон ифтихор мекунад.
Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хизмати халқу Ватан қарор доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бомаърифат аст.
Ба ҳамаи шумо, устодони олиқадр ва муаллимони азиз, пеш аз ҳама, сиҳатӣ, умри дароз, хонаободӣ, сарбаландӣ ва саодати рӯзгор, инчунин дар роҳи иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти хеш комёбиҳои нав ба нав таманно дорам.
Ш. БЕКМИРЗОЕВ,
С. МУМИНЗОДА,
омӯзгорони кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng