ПАРЧАМ - РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибистиқлолии ҳар як давлат ба шумор рафта, дар таърихи давлатдорӣ ва ташаккули худшиносии миллии халқҳо нақши муҳим дорад. Парчам таҷассумгари таърих, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ифтихори ҳар як миллат мебошад.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ нақши муассир гузошт. Аз соли 2009 инҷониб 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Парчам на танҳо рамзи сиёсӣ, балки яке аз муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти таърихии халқ мебошад. Қабули Парчами давлатӣ барои эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, ташаккули рамзҳои давлатӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Парчам яке аз қадимтарин рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар тӯли таърих ҳамчун нишонаи ҳокимият, соҳибихтиёрӣ ва ягонагии мардум истифода шудааст. Вожаи «парчам» аз забони суғдӣ гирифта шуда, маънои дирафш ё аламро ифода мекунад. Мафҳуми «дирафш» бошад, аз забонҳои қадимаи эронӣ сарчашма гирифта, ба маънои нишону рамзи давлатдорӣ ва ҳокимият истифода шудааст.
Яке аз рамзҳои таърихии давлатдории ниёгони тоҷикон Дирафши Ковиёнӣ мебошад. Ин дирафши таърихӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва осори муаррихони қадим, аз ҷумла Табарӣ, Масъудӣ ва Берунӣ, ёд шудааст. Дирафши Ковиёнӣ ҳамчун рамзи мубориза бар зидди зулму истибдод, озодихоҳӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва адолат дар таърихи фарҳангии мардуми эронитабор ҷойгоҳи хос дорад.
Мувофиқи ривоятҳои таърихӣ, пайдоиши Дирафши Ковиёнӣ ба қиёми Коваи Оҳангар бар зидди зулму ситами Заҳҳок алоқаманд аст. Кова пешбанди чармии худро ба сари найза баста, онро ҳамчун дирафш барафрохт ва мардумро ба мубориза барои озодӣ даъват намуд. Ин ривоят дар тӯли асрҳо ҳамчун таҷассумгари рӯҳияи озодихоҳӣ ва муборизаи мардум барои адолат дар хотираи таърихии халқ боқӣ мондааст.
Дар давраи давлатдории Сомониён низ рамзҳои миллӣ ва нишонаҳои давлатдорӣ мақоми муҳим доштанд. Давлати Сомониён дар эҳёи фарҳанг, забон, адабиёт ва суннатҳои давлатдории тоҷикон саҳми бузург гузоштааст. Таърихи пурғановати ниёгони мо саршор аз рамзҳо ва нишонаҳое мебошад, ки имрӯз низ дар ташаккули худшиносии миллӣ аҳаммияти хос доранд.
Дар давраи таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон парчами давлатӣ чандин маротиба тағйир ёфт. Дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ ранги сурх, ки рамзи инқилоб ва идеологияи коммунистӣ ба шумор мерафт, дар парчам ҷойгоҳи асосӣ дошт. Дар қисмати он нишонаҳои досу болға, ситораи панҷгӯша ва навиштаҷоти номи ҷумҳурӣ ҷой дода шуда буданд.
Соли 1953 парчами нави Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид. Он аз матои сурх бо ду рахи уфуқии сафед ва сабз иборат буд. Ранги сурх рамзи идеологияи шӯравӣ, ранги сафед ифодагари пахтакорӣ ва ранги сабз таҷассумгари соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт. Ин парчам то давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ истифода мешуд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зарурати қабули рамзҳои нави миллӣ ба миён омад. Ҳамин тариқ, 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он аз се рахи уфуқии сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар маркази рахи сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудаанд.
Яке аз иншооти муҳими рамзии кишвар Манораи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Ин иншооти бошукӯҳ бо баландии 165 метр бунёд гардида, ҳамчун яке аз рамзҳои ифтихори миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шинохта шудааст. Манораи Парчам на танҳо симои пойтахти кишварро зеб медиҳад, балки барои сокинон ва меҳмонони мамлакат нишонаи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба давлатдории мустақил мебошад.
Парчами давлатӣ имрӯз дар тамоми чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва варзишӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон парафшон аст. Баланд гардидани Парчами Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар чорабиниҳои ҷаҳонӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Он муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ буда, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад.
Эҳтиром ба Парчами давлатӣ қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи муҳаббат ба Ватан мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба ин муқаддасоти миллӣ арҷ гузошта, дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат саҳмгузор бошад.
А.ХУШВАХТОВ,
Ш.НИЁЗОВ,
омӯзгорони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng