ПАРЧАМ - РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!
Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии ҳар як давлат ба шумор рафта, рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ягонагӣ ва ҳувияти миллии халқ мебошад. Ҳар як парчам таъриху фарҳанг, орзуву ормон ва арзишҳои миллии миллатро дар худ таҷассум менамояд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ифодагари таърихи пурғановати миллати тоҷик, фарҳанги бостонӣ, сулҳу субот ва саъю талоши мардуми кишвар барои бунёди ҷомеаи пешрафта мебошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, масъалаи муайян намудани рамзҳои нави давлатдорӣ аҳаммияти бузург пайдо кард. Дар ин раванд қабули Парчами давлатӣ яке аз қадамҳои муҳимми ташаккули давлатдории навини тоҷикон гардид. Хушбахтона имрӯз парчами миллӣ на танҳо дар муассисаҳои давлатӣ, балки дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва дигар рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷомеа парафшон аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, қабул карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуқуъ пайваста, барои ташаккули рамзҳои нави давлатдории миллӣ замина гузошт.
Қабули парчам аҳаммияти махсус дошт, зеро он ифодагари марҳилаи нави таърихи давлатдории тоҷикон ва талоши миллат барои расидан ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди мустақилона буд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи боло сурх, рахи миёна сафед ва рахи поён сабз мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд. Ҳар як унсури парчам дорои мазмуну маънои рамзии худ буда, дар маҷмӯъ арзишҳои муҳими миллиро таҷассум мекунад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рангҳои парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни амиқи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд.
-Ранги сурх рамзи муборизаи халқ барои озодӣ ва истиқлол, шуҷоат, далерӣ ва фидокорӣ мебошад. Он ҳамчунин аз таърихи муборизаҳои озодихоҳонаи миллати тоҷик ёдоварӣ мекунад.
-Ранги сафед нишонаи покӣ, сулҳу осоиштагӣ, бахту саодат ва орзуву умедҳои нек аст. Ин ранг ҳамчунин бо сарватҳои табиии кишвар, аз ҷумла пахтаи сафед, алоқаманд мебошад.
-Ранги сабз рамзи табиати зебо, сарсабзиву хуррамӣ, ободонӣ ва ҳаёти осоишта мебошад. Он инчунин кишвари кӯҳсор ва водиҳои сабзу хуррами Тоҷикистонро таҷассум мекунад.
-Тоҷи тиллоӣ ва ҳафт ситора унсурҳои марказии парчам мебошанд. Тоҷ рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва соҳибтамаддун будани миллати тоҷик аст. Ҳафт ситора дар фарҳанги мардуми тоҷик рақами муқаддас ба ҳисоб рафта, рамзи саодат, камолот ва ормонҳои нек мебошад.
Ҳамин тавр, рангҳо ва унсурҳои парчам дар маҷмӯъ таъриху фарҳанг, истиқлолият ва ормонҳои миллии мардуми тоҷикро инъикос мекунанд.
Бо мақсади баланд бардоштани эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ, ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана барои гиромидошти таърихи давлатдорӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ аҳаммияти бузург дорад.
Эҳтиром ба парчам танҳо бо баргузории чорабиниҳои идона маҳдуд намешавад. Ҳар як шаҳрванд бояд ба он ҳамчун рамзи муқаддаси давлат муносибат намуда, талаботи қонунгузориро оид ба истифода ва ҳифзи он риоя намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 асосҳои ҳуқуқии истифодаи рамзҳои давлатиро муайян мекунад.
Яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи муосир тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбиявӣ нақши муассир дорад.
Муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модарон бояд ба насли наврас моҳияти рамзҳои давлатиро фаҳмонанд. Ҷавонон бояд донанд, ки Парчами давлатӣ танҳо як матои се ранг нест, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, истиқлолият ва ҳастии давлати миллии тоҷикон мебошад. Эҳтиром ба парчам бояд дар рафтору кирдор, муносибат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва саҳмгузорӣ дар ободии кишвар зоҳир гардад. Зеро ватандӯстии ҳақиқӣ на танҳо бо сухан, балки бо амалҳои созанда, донишандӯзӣ, меҳнати софдилона ва масъулияти шаҳрвандӣ ифода меёбад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба Парчами давлатӣ эҳтиром гузошта, онро ҳамчун рамзи ваҳдат, ягонагӣ ва ифтихори миллӣ гиромӣ дорад. Ҳифзи муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ вазифаи муҳимми ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки Парчами миллӣ моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят менамояд. То замоне ки парчами давлатӣ парафшон аст, рамзи соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии миллати тоҷик низ ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Фирӯз РАҲИМЗОДА,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng