ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН - РАМЗИ ЯГОНАГӢ, ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
“Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи муқаддасоти олӣ ва рамзҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Он таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги бою рангини миллат, ормонҳои озодихоҳона ва роҳнамои наслҳои имрӯзу фардост. Парчам рамзи шарофатмандест, ки ҳар як шаҳрванди кишвар онро бо эҳтиром, ифтихор ва муҳаббати бепоён ба дил ҷой медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранги уфуқии сурх, сафед ва сабз ва рамзи тоҷу ҳафт ситора дар маркази он иборат мебошад. Ҳар як ҷузъи он дорои маъноҳои рамзии амиқ буда, ҷаҳонбинии миллати тоҷик ва арзишҳои давлатиро инъикос мекунад.
Ранги сурх
Ифодакунандаи ҷасорат, қаҳрамонӣ, муборизаҳои таърихӣ ва заҳматҳои бузурги миллати тоҷик мебошад. Ин ранги муқаддас рамзи қудрати давлатдорӣ, диловарӣ ва ваҳдати миллӣ низ ҳаст.
Ранги сафед
Маълумгари сулҳ, покизагӣ, ростқавлӣ ва нияти неки мардум мебошад. Сафед рамзи озодбаёнӣ, зиндагии осуда, ва инчунин чун рамзи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва оби зулоли диёри кӯҳистони мо маънидод мешавад.
Ранги сабз
Рамзи табиати рӯшану зебо, кишоварзӣ, ҳосилхезӣ ва эҳёи зиндагӣ мебошад. Ин ранг ҳамчун нишонаи пайванд бо табиат, меҳнати содиқонаи деҳқонон ва дурнамои рушду ободии кишвар маъруф аст.
Тоҷ ва ҳафт ситора
Тоҷ рамзи соҳибдевлатӣ, шукӯҳ, истиқлолият ва давлатдории тоҷикон мебошад. Ҳафт ситора бошад рамзи саодат, камолот ва ба қуллаи комёбиҳо расидани миллатро ифода мекунад. Рақами ҳафт дар фарҳанги ниёгон маънии хосса дошта, рамзи пуррагӣ ва баракат аст. Парчами кунунӣ 24 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Ин рӯзи тақдирсоз дар давраи душвори сиёсии кишвар ба халқ неру, итминон ва умеди нав бахшид. Қабули парчам оғози саҳифаи тоза дар таърихи Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид.
Дар давоми солҳои истиқлолият парчам ба рамзи устувории давлатӣ, ҳамбастагии миллӣ ва пешрафти ҷомеа табдил ёфт. Бузургдошти Парчами давлатӣ ҳамасола бо тантана таҷлил мешавад, ки ин ба таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Парчам дар ҳама маъракаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, варзишӣ, илмӣ ва фарҳангӣ парафшон буда, бароямон рамзи ифтихор аст. Ҳангоме ки парчами тоҷикон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло бардошта мешавад, эҳсоси баланди ватандорӣ, шодӣ ва ваҳдат дар дилҳои ҳама шаҳрвандон бедор мегардад. Ин лаҳзаҳо танҳо комёбии як шахс ё гурӯҳ нестанд — ин ифтихори тамоми Тоҷикистон аст. Парчам дар тарбияи насли ҷавон нақши калидӣ дорад. Омӯзиши рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам, ба ҷавонон масъулият, меҳрубонӣ ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ меомӯзад. Дар муассисаҳои таълимӣ, дар муассисаҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои ватанпарастӣ эътибор ба парчам ҳамчун рамзи ягонагӣ ва худшиносӣ бештар мегардад.
Парчами Тоҷикистон рамзи муқаддаси давлатдорӣ, нишонаи ваҳдат, ифтихор, сулҳ ва орзӯҳои неки миллат мебошад. Он таҷассумгари таърихи пурифтихори тоҷикон ва роҳнамои наслҳои оянда аст.
Тарбияи ватандӯстӣ бе арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ, пеш аз ҳама Парчам, нопурра аст. Зеро Парчам ҳамеша рамзи ҳувияти миллӣ ва ягонагии давлат мебошад. Омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа вазифадоранд, ки ба насли наврас маънии аслии Парчамро омӯзонанд, то онҳо бо дили гарму нияти нек аз он муҳофизат намоянд ва ба номи Ватан ифтихор дошта бошанд.
Парчами миллӣ на танҳо як аломати зоҳирист, балки он шамъи роҳнамои ҷавон ба сӯи фардои дурахшон аст. Ҳар вақте, ки Парчам дар саҳни мактаб ё дар болоии идораҳои давлатӣ афрохта мешавад, он дар дилҳо рӯҳи худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ бедор мекунад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки арзишҳои миллӣ баъзан таҳти таъсири фарҳангҳои бегона қарор мегиранд, арҷгузорӣ ба Парчам ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар ҷавонон нақши калидӣ мебозад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст ин рамзи муқаддасро эҳтиром кунад, қадр намояд ва онро ҳамчун чароғи роҳнамои худ дар дил нигоҳ дорад.
Парчами Тоҷикистон - ҳамеша парафшон бод дар осмони кишвар ва дар қалби мардуми шарафмандамон!
Илҳом САФАРОВ,
н.и.и., муаллими калони
кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng