ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РОҒУН: 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ ВА СОЗАНДАГИИ МИЛЛӢ
35 – соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини миллати тоҷик ҳамчун марҳалаи муҳимми эҳёи давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу субот ва вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ сабт гардидааст. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ барои кишвар имкони мустақилона муайян намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва бунёди заминаҳои устувори пешрафти дарозмуддат фароҳам омад.
Ҳарчанд 35 сол дар мизони таърих фосилаи тӯлонӣ ба ҳисоб наравад, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ин давра аз аҳаммияти вижа бархӯрдор буда, марҳилаи муҳимми ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Зеро Тоҷикистон дар ин муддат бо пушти сар намудани марҳилаҳои мураккаб ва озмоишҳои ҷиддии таърихӣ тавонист пояҳои давлатдории худро таҳким бахшида, ба роҳи рушди устувор ворид гардад ва ҳамчун кишвари соҳибташаббус ва дорои мавқеи фаъол дар муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шавад. Дар ин замина, нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар муҳим арзёбӣ гардида, сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлат барои фароҳам овардани заминаҳои мусоиди рушди устувори Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт.
Дар заминаи таҳия ва татбиқи барномаҳою стратегияҳои давлатӣ, ки ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди миллӣ нигаронида шудаанд, Тоҷикистон имрӯз дар самтҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Яке аз самтҳои муҳим ва стратегии ин раванд соҳаи энергетика ба шумор меравад, ки дар сиёсати давлатии кишвар ҷойгоҳи махсус дошта, бо истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ равона гардидааст.
Дар ташаккул ва татбиқи сиёсати энергетикии кишвар нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандона ва сулҳҷуёнаи ин марди хирад рушди энергетика ба яке аз самтҳои афзалиятноки стратегии кишвар табдил ёфта, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ, бунёди зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли неруи барқ, инчунин истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ пайваста вусъат пайдо намуд. Дар ин замина, татбиқи лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ҳамчун яке аз самтҳои муҳими расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар пешбинӣ гардидааст.
Имрӯз гидроэнергетика яке аз заминаҳои асосии низоми энергетикии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳиссаи он дар истеҳсоли неруи барқ дар кишвар ба 98 дарсад мерасад. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои бузурги табиии Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергияи барқароршаванда шаҳодат дода, ҳамзамон аҳаммияти стратегии захираҳои обиро барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ таъкид менамояд.
Дар ин раванд Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавқеи хосса дошта, дар баробари афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ, барои фароҳам овардани заминаҳои нави рушди иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори энергетикии кишвар низ аҳаммияти муҳим дорад. Ёдовар бояд шуд, ки оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 октябри соли 2016 сурат гирифта, баъдан ба истифода додани чархаи аввалини он ба яке аз марҳилаҳои муҳимми рушди энергетикии Тоҷикистон табдил ёфт. Бинобар ин, Роғунро метавон ҳамчун ҳадафи сиёсати дарозмуддати рушди энергетикии Тоҷикистон ва яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои созандагии даврони истиқлол арзёбӣ намуд.
Раванди бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар солҳои охир на танҳо аз ҷиҳати миқёси корҳои анҷомдодашуда, балки аз рӯйи нишондиҳандаҳои мушаххаси муҳандисиву техникӣ низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Роғун санаи 20 августи соли 2026 аз рафти корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти асосии неругоҳ шинос шуда, вазъи иҷрои корҳои ҷорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ки ин аз идомаи фаъоли корҳои сохтмонӣ, бахусус корҳои зеризаминӣ ва гидротехникӣ, дар ин маҷмааи бузурги гидроэнергетикӣ шаҳодат медиҳад.
Дар баробари ин, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди инфрасохтори сохтмонӣ иштироки мутахассисон ва коргарони соҳаҳои гуногун мебошад. Зимни сафари мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар НБО-и “Роғун” беш аз 1500 мутахассиси Корхонаи таҷрибавии механикии шаҳри Норак фаъолият доранд. Ин нишондиҳанда аз он шаҳодат медиҳад, ки миқёси сохтмони “Роғун” танҳо ба як иншооти алоҳида маҳдуд набуда, балки маҷмӯи васеи корхонаҳо, мутахассисон, истеҳсолкунандагони масолеҳ ва сохторҳои техникиро дар доираи як низоми ягонаи созандагӣ муттаҳид менамояд..
Таҳлили маҷмӯи нишондиҳандаҳои зикршуда нишон медиҳад, ки бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» раванди мураккаби бисёрсамта буда, иҷрои ҳамзамони корҳои зеризаминӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, истеҳсол ва таъмини масолеҳи сохтмонӣ, насби таҷҳизоти зарурӣ ва риояи талаботи бехатариро дар бар мегирад. Аз ин нуқтаи назар, аҳаммияти Роғун танҳо бо иқтидори истеҳсоли неруи барқи он маҳдуд нашуда, дар ташаккули иқтидори техникию касбӣ, рушди соҳаҳои вобаста ба сохтмон ва таҳкими заминаҳои энергетикии иқтисоди миллӣ низ зоҳир мегардад.
Дар ин замина, таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба сифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникӣ ва меъёрҳои бехатарӣ, инчунин иҷрои саривақтии марҳилаҳои пешбинишуда аҳаммияти махсус дошта, пайваста ба масъулин дастур медиҳанд, ки ба сифати кор, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва таъмини бехатарии иншоот таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Як матлаби муҳимро бояд зикр намуд, ки зодгоҳ барои ҳар инсон мафҳумест, ки онро танҳо ба як макони ҷуғрофӣ маҳдуд кардан имконнопазир аст. Зодгоҳ оғози зиндагӣ, сарчашмаи нахустини эҳсоси муҳаббат ба Ватан, макони ташаккули хотираҳои кӯдакӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии маънавии инсон мебошад. Бинобар ин, барои банда ин эҳсоси самимӣ бо номи «Роғун» пайванди ногусастанӣ дорад.
Зеро дар ин шаҳри зебову обод нахустин қадамҳои зиндагиро гузошта, муҳити онро эҳсос намудаам ва дар миёни манзараҳои нотакрори кӯҳистону чеҳраҳои ошнои мардумаш ба воя расидаам. Аз ин рӯ, ҳар гӯшаи Роғун барои ман маънои хос ва хотираи фаромӯшнашаванда дорад. Кӯҳҳои сарбаланд, кӯчаҳои шинос, манзараҳои дилнишини табиат ва ҳатто хурдтарин хотираҳои даврони кӯдакӣ дар зеҳну қалби ман бо номи Роғун пайванди абадӣ доранд.
Бо гузашти солҳо ва тағйир ёфтани симои зодгоҳ, эҳсоси ман нисбат ба он низ мазмуну маънои тоза пайдо мекунад. Агар ин сарзамин барои ман аз оғози зиндагӣ макони кӯдакӣ ва нахустин хотираҳо бошад, имрӯз он ҳамзамон ба рамзи созандагӣ, рушди миллӣ ва яке аз саҳифаҳои муҳимми даврони истиқлол табдил ёфтааст. Бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба ин гӯшаи диёр маънои тоза бахшида, онро бо дастовардҳои энергетикӣ ва раванди рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол пайванд додааст. Мушоҳидаи ободиву пешрафти рӯзафзуни зодгоҳ эҳсоси ифтихор ва муҳаббати маро ба ин сарзамини азиз боз ҳам бештар менамояд.
Ҳамин тавр, сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо як лоиҳаи муҳими энергетикӣ, балки яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи пайваста ва ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи чунин лоиҳаҳои стратегӣ барои таҳкими заминаҳои энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Идомаи ин раванд дар солҳои минбаъда метавонад барои таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар, рушди минтақаҳо ва фароҳам овардани шароити бештар барои наслҳои оянда заминаи устувор гузорад.
Аминзода Гулшан Самандар,
мутахассиси шуъбаи кор бо занони Кумитаи
иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
дар шаҳри Душанбе
Тоҷ
Рус
Eng