Ҳар сол 27 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ин сана барои мардуми тоҷик яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати таърихӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, барои барқарор шудани сулҳу субот, ваҳдат ва рушди минбаъдаи давлат заминаи мусоид фароҳам овард.

Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик неъмати бебаҳо мебошад. Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ Тоҷикистон тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар солҳои аввали истиқлолият кишвар бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд. Аммо бо талошҳои роҳбарияти давлат ва дастгирии мардуми сарбаланди Тоҷикистон, вазъият тадриҷан беҳтар гардида, рушди устувори кишвар таъмин шуд.

Дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Бо роҳбарии Пешвои миллат дар кишвар садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ бунёд гардидаанд. Сохтмони роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи корҳои созанда мебошанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди иншооти муҳими стратегӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обӣ, роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои нав ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳамчунин, ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҳазорҳо муассисаҳои таълимӣ сохта ва азнавсозӣ шудаанд. Ин тадбирҳо барои тарбияи насли донишманд ва ватандӯст аҳамияти калон доранд.

Имрӯз вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Ҷавонон бояд арзиши сулҳу оромиро дарк намуда, барои ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат метавон ба пешрафту шукуфоии кишвар ноил гардид.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ рамзи ягонагӣ, дӯстӣ ва сарҷамъии миллати тоҷик мебошад. Ҳифзи ин неъмати бузург вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бо иттиҳоду ҳамбастагӣ ва меҳнати содиқона мо метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу пешрафта гардонем.

 

Беҳрӯз НАСРИДДИНОВ,

раиси созмони ҷавонони факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсимонӣ