ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНА ДАР ТОҶИКИСТОН
(Дар ҳошияи ташаббуси навбатии инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”)
Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои таърихии халқи тоҷик ба шумор рафта, барои бунёди давлати муосир ва рушди устувори ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам оварданд. Маҳз дар натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи фарзандони содиқи миллат Тоҷикистон тавонист мушкилоти сангини солҳои аввали истиқлолиятро паси сар намуда, роҳи рушди босуботро интихоб намояд. Дар ин раванд, нақши шахсиятҳои барҷастаи давлатӣ, ки манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи давлатдориро аз ҳама боло гузоштаанд, бағоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ҷонфидоиҳо ва азхудгузаштанҳои фарзандони фарзонаи миллат тавонист дар тули таърих ҷовидона номи хешро нигоҳ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои сарсупурдаи Ватан аст, ки бо матонат, ҷасорат, шуҷоат ва иродаи қавии хеш кишвари маҳбубамон Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ берун оварда, ин сарзамини абармардони набарди Ваҳдат, диёри шермардони баруманд Тоҷикистонро ба ҷаҳониён ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, бевосита бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик муяссар гаштааст. Аз замони ба сари ҳокимият омадани Роҳбари давлат принсипҳои адолату қонуният ва инсондӯстӣ (гуманизм) мавзуи меҳварии фаъолияти ӯ буданд. Маҳз ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид намунаи олии тадбиқи принсипи инсондӯстӣ (гуманизм) ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои ўро ифодакунанда арзёбӣ мегардад.
Заминаи њуќуќии пешнињоди лоиҳаи Қонун “Дар бораи авф” банди 2-и моддаи 59-и Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва моддаи 82-и боби 13 Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон ба њисоб меравад. Дар њимоя ва њифзи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии љомеа Президенти Љумњурии Тољикистон наќши конститутсионї дорад. Аз љумла, дар моддаи 64 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар мегардад, ки “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад”.
Авф ба истилоҳ - бахшиши ҷазо (озод намудан аз ҷазо ё ин ки аз ҷавобгарӣ) маънидод карда мешавад. Мавриди тазаккур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” санади меъёрии ҳуқуқие мебошад, ки бевосита бо ҳуқуқи конститутсионии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи онро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Баъди қабули қонун дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он имзо мегузорад. Ќобили қайд аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ин ифодагарӣ сиёсати инсондӯстони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати шахсоне, ки даст ба кирдорҳои ҷиноятӣ задаанд, тадбиқ мешавад. Дар пасманзари он ба авфшудагон имконият фароҳам меояд, то ислоҳ шаванд ва роҳи дурусти зиндагиро пеша намоянд ва ба назди наздикону пайвандони хеш баргашта, як зиндагии орому осоишта дошта бошанд.
Аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро соли 1994 Роњбари давлат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки он нишонаи сиёсати инсондӯстона ва талошҳои давлат барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар солҳои аввали истиқлолият ба ҳисоб меравад.
Дар назарияи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи конститутсионӣ авф ҳамчун санади махсуси ҳуқуқии давлат эътироф мешавад, ки ба доираи номуайяни шахсон равона гардида, хусусияти умумӣ дорад.
Мутобиқи ќисми 2-и моддаи 82-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо санади авф шахси содирнамудаи ҷиноят метавонад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад ва шахси барои ҷиноят маҳкумшуда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам иловагӣ пурра ё қисман озод карда шавад ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ ихтисор гардад ё ба намуди ҷазои сабуктар иваз карда шавад ё доғи судиаш бардошта шавад
Моҳияти ҳуқуқии авф дар он ифода меёбад, ки он нисбат ба шахси мушаххас не, балки ба гурӯҳҳои муайяни шахсоне татбиқ мешавад, ки ба шартҳои дар санади авф пешбинишуда мутобиқат доранд. Ҳамзамон, амали авф танҳо ба ҷиноятҳое паҳн мегардад, ки то мавриди қабул қарор гирифтани санади авф содир шудаанд. Аз ин рӯ, авф ҳамчун воситаи муҳими татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ, адолати иҷтимоӣ ва сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти муносибати башардӯстона бо ҳуқуқвайронкунандагон арзёбӣ мешавад.
Бахшида ба 35-умин солгарди санаи умеду орузуи миллат, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи мантиқии сиёсати инсондӯстонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16-уми июни соли 2026 бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии хеш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ба ҳаждаҳ ҳазору сиву ҳашт нафар маҳкумшуда тадбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 нафар озод карда мешаванд. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 нафар мањкумшудагон кам карда мешавад. Бояд таъкид сохт, ки амали қонуни мазкур нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, аз 507 нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд 248 нафарашон аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда, нисбати 259 нафари боқимонда муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Ҳамзамон, аз 134 нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамоянд 99 нафарашон аз адои боқимондаи ҷазо озод карда шуда, нисбат ба 35 нафари дигар бошад, муҳлати ҷазо кам карда мешавад.
Таъкид намудан ба маврид аст, ки амали қонуни мазкур нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ мавриди таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, тадбиқ мешавад. Ҳамзамон, санади авф ба низоми қонунгузории ҷиноятӣ алоқаманд бошад ҳам, ҳамчун санади махсуси ҳуқуқии хусусияти конститутсионӣ ва сиёсӣ дошта эътироф мегардад. Шахсе, ки мувофиқи санади авф муҳлати адои ҷазо барояш тамом шудааст, мумкин аст доғи судӣ нисбаташ барҳам дода шавад.
Дар хулоса ҳаминро таъкид намудан лозим аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамчун ду дастоварди бузурги таърихии халқи тоҷик барои ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва иҷтимоӣ заминаи устувор фароҳам овардаанд. Дар шароити соҳибистиқлолӣ сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва татбиқи принсипҳои инсондӯстӣ равона гардидааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» яке аз зуҳуроти амалии сиёсати инсондӯстонаи давлат буда, ба таъмини адолати иҷтимоӣ, эҳтироми шаъну шарафи инсон ва фароҳам овардани имконияти ислоҳ ва бозгашти шахсони ба ҷиноят дастзада ба ҳаёти муқаррарии ҷомеа мусоидат менамояд. Маҳз тавассути татбиқи санадҳои авф давлат сиёсати башардӯстонаи худро дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон амалӣ месозад. Таҷрибаи қабули қонунҳои авф дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки ин ниҳоди ҳуқуқӣ на танҳо воситаи татбиқи принсипи гуманизм, балки омили муҳими таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба давлат ва қонун мебошад. Аз ин рӯ, идомаи сиёсати инсондӯстона дар доираи қонунгузории миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеаи демократӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Дар баробари ин, ба мақсад мувофиқ аст, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон оид ба моҳият ва аҳамияти институтҳои ҳуқуқии авф ва бахшиш боз ҳам баланд бардошта шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти эҳтироми қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ густариш дода шаванд. Зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, эҳтироми қонуният ва таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ аз муҳимтарин заминаҳои рушди устувори давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд.
Субҳоналӣ МИРЗОЕВ,
н.и.ҳ., дотсент мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ
Ҳумайнӣ НОСИРОВ,
ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng