Соли нахустини донишҷӯии ман
Ҳар як давраи зиндагии инсон саҳифаҳои хотирмон ва фаромӯшнопазир дорад. Барои ман низ соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муҳимтарин ва хотирмонтарин марҳилаҳои зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз дар ҳамин боргоҳи илму маърифат ман қадами нахустини худро ба ҷаҳони дониш, худшиносӣ ва камолоти маънавӣ гузоштам.
Замоне ки бори аввал ба саҳни донишгоҳ ворид гардидам, эҳсоси фараҳу ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифта буд. Муҳити зебо, фазои орому илмомӯз ва чеҳраҳои кушодаи омӯзгорону донишҷӯён дар қалби ман ҳисси муҳаббат ба донишгоҳро бештар намуд. Аз ҳамон рӯз дарк кардам, ки донишгоҳ танҳо макони таҳсил нест, балки мактаби бузурги тарбия, одоб ва ташаккули шахсият мебошад.
Дар давоми соли аввали таҳсил ман бо омӯзгорони соҳибтаҷриба ва донишманд шинос гардидам, ки бо дониши баланд ва муносибати нек ба мо дарс мегӯянд. Ҳар як машғулият барои ман дарси зиндагӣ буд. Устодон на танҳо ба мо илм меомӯзонанд, балки моро ба ватандӯстӣ, инсонгарӣ, фарҳангдӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд. Маҳз дастгирию роҳнамоии онҳо боис гардид, ки шавқу рағбати ман ба омӯзиш рӯз то рӯз бештар гардад.
Аз ҳамаи омӯзгорони гиромӣ, ки дар роҳи донишандӯзӣ маро роҳнамоӣ намуда, барои расидан ба ҳадафҳои нек рӯҳбаланд карданд, самимона сипосгузорам. Меҳнату заҳмати онҳо барои мо донишҷӯён бисёр арзишманд мебошад.
Соли аввали таҳсил барои ман танҳо ба дарс маҳдуд набуд. Ман кӯшиш намудам, ки дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ ва озмунҳои гуногун фаъолона иштирок намоям. Аз ҷумла, дар озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ иштирок намуда, дар даври донишгоҳӣ сазовори ҷойи 2-юм гардидам ва ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтам. Дар даври ноҳиявии озмун иштирок намуда, ҳарчанд ба ғолибият ноил нагардидам, аммо таҷрибаи зиёд андӯхта, барои иштироки боз ҳам беҳтар дар оянда рӯҳбаланд гардидам.
Дар баробари таҳсил, ман ҳамчун аъзои фаъоли маҳфилҳои илмӣ ва адабӣ фаъолият намуда, дар китобхона вақти зиёде сипарӣ кардам. Мутолиаи китобҳои бадеӣ, махсусан осори классикон, дар рушди маънавӣ ва ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии ман нақши муҳим бозид. Ман дарк намудам, ки китоб чароғи роҳи инсон ва сарчашмаи маърифат мебошад.
Албатта, дар оғози роҳи донишҷӯӣ мушкилиҳо низ вуҷуд доштанд. Мутобиқ шудан ба муҳити нави таҳсил, тарзи нави омӯзиш ва масъулиятҳои донишҷӯӣ барои ман таҷрибаи нав буд. Аммо бо кӯшишу ғайрат ва дастгирии омӯзгорон тавонистам ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намоям. Ин таҷрибаҳо маро қавиирода ва масъулиятшинос гардониданд.
Имрӯз, вақте ба соли аввали донишҷӯии худ назар менамоям, бо ифтихор гуфта метавонам, ки ин сол барои ман соли омӯзиш, таҷриба, худшиносӣ ва камолоти шахсӣ буд. Ман тавонистам дӯстони хуб пайдо намоям, дониши худро такмил диҳам ва ба зиндагии донишҷӯӣ бештар ошно гардам.
Дар оянда низ ният дорам, ки бо саъю кӯшиши бештар таҳсил намуда, дониш ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоям. Орзу дорам ҳамчун мутахассиси варзида ва ҷавони донишманд барои пешрафти ҷомеа ва Ватани азизам саҳми арзанда гузорам.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки солҳои донишҷӯӣ аз беҳтарин ва пурмазмунтарин давраҳои зиндагии инсон ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ман ифтихор менамоям, ки донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошам ва соли аввали таҳсиламро бо хотираҳои неку фаромӯшнопазир ҷамъбаст намудам.
Солиҳзода Муборакшоҳи Мираҳмад,
донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Тоҷ
Рус
Eng