Санаи 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдориву давлатсозии ҷадиди тоҷикон бо азму иродаи қавӣ ва аз баракати хиради азалии миллати бостонии тоҷик рӯйдоди бузурге арзи вуҷуд кард, ки он дар тақдири мардум гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гардид.

Раванди муттасили музокироти миёни тоҷикон ба мақсади сулҳи пойдор дар кишвар, хотима бахшидан ба амалиёти ҷангӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ҳалли мушкилоти гурезаҳо ва таъмини ризоияти миллӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуд. Маҳз бо иқдоми ватандӯстонаи ӯ аз 5 то 19 апрели соли 1994 бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Москва вохӯрии нахустини ҳайати ҳукуматӣ бо намояндагони мухолифин доир гардид.

Дар давраи аввали музокирот масъалаҳои марбут ба хотима додани амалиёти ҷангӣ, андешидани тадбирҳо доир ба барқарорсозӣ ва таҳкими ҳусни тафоҳум, бозгашти бемамоният ва бехатарии гурезаҳо ба Ватан таҳти баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми даври аввал комиссияи муштарак оид ба гурезаҳо таъсис дода шуд.

Даври дуюми музокироти байни тоҷикон аз 18 то 29 июни соли 1994 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид. Дар ҷараёни гуфтушунидҳои басо мураккаб ҷонибҳо муваффақ шуданд, ки консепсияи оташбас ва қатъи дигар амалиёти душманонаро омода созанд. Сарфи назар аз ин, тарафайн бори дигар эътимоди худро ба музокироти сиёсӣ ҳамчун василаи ягонаи расидан ба оштии миллӣ изҳор доштанд.

Дар ин раванд аз 12 то 17 сентябри соли 1994 дар шаҳри Теҳрон таҳти сарпарастии СММ машварати миёни тоҷикон дар сатҳи олӣ доир гардид. Санаи 17 сентябри соли 1994 натиҷаи машваратҳои миёни тоҷикон оид ба ризоияти миллӣ дар шакли камюникеи муштарак қабул гардид ва дар бораи оташбас ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дохили кишвар созишнома ба имзо расид.

Даври дуюми музокирот, ки ба таърихи гуфтушуниди миёни тоҷикон бо номи даври бетанаффус ворид шудааст, дар шаҳри Ашқобод доир гардид: марҳилаи аввали он аз 30 ноябр то 22 декабри соли 1995, марҳилаи дуюм аз 26 январ то 19 феврал ва марҳилаи сеюм аз 8 то 21 июли соли 1996 идома ёфт.

Аз ҳама муҳим ин буд, ки дар марҳилаи аввали даври бетанаффус тарафҳо ғайр аз тавофиқнома дар мавриди қисмҳои асосии музокироти дарпешистода, ки якчанд маҷмӯи масъалаҳоро дар бар мегирифтанд, табодули назар намуда, Протоколро дар бораи омилҳои асосии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расонданд.

Мутобиқи Протокол дар бораи омилҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди Мухолифони тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ 17 августи соли 1995 ба имзо расида буд, маҷмӯи пешниҳодот манзур гардид.

Санаи 27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Иттиҳоди Мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид Гард Меррем дар шаҳри Москва Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расониданд.

Бо имзои ин созишнома ба моҷарои мусаллаҳона дар кишвар, ки соли 1992 боиси ҷанги хунини шаҳрвандон гардида буд, расман хотима гузошта шуд ва яке аз саҳифаҳои фоҷиавии таърихи кишвар пӯшида шуд. Халқи Тоҷикистон Созишномаи умумӣ ва дурнамои онро дар мавриди истиқрори воқеии сулҳ ва ризоияти миллӣ самимона бо хушнудӣ пазируфт.

Ҳамин тавр, сулҳи тоҷикон дорои хусусиятҳои хос мебошад. Он дар шароите имзо гардид, ки дар ҷумҳурӣ мазмуни демократия такмил ёфта, сохтори бисёрҳизбӣ ва плюрализми идеологӣ дар партави Конститутсияи нав инкишоф ёфт. Бо туфайли ҳамкориҳо, хусусан бо Россия, Эрон, инчунин бо дигар мамлакатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ қазияи тоҷикон дар роҳи барқароршавии сулҳ ба даст омад.

Аҳамият ва сабақҳои сулҳи тоҷиконро бо ҳолатҳои зерин баён кардан мумкин аст:

- бо туфайли сулҳ хатари барҳам хӯрдани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли

Тоҷикистон аз байн рафт;

- оштии миллӣ нишон дод, ки халқи тоҷик тамаддуни бой ва фарҳанги қадима дошта, мардуми сулҳдӯст буд ва мемонад;

- сулҳ ягонагии тоҷикону тоҷикистониҳоро таъмин карда, миллат сарзамини хешро ҳамчун муқаддасот нигоҳ дошта тавонист;

- ҳизбу созмонҳо ва дигар ҷабҳаҳои сиёсӣ сарфи назар аз ақида ва роҳҳои гуногуни созандагӣ метавонанд аҳл шуда, барои миллат, Ватани худ хизмати босазо намоянд;

- барои хотимаи ҷанг ва тантанаи сулҳ қувваҳои муқобилистодаи мамлакат ба роҳи осоишта гуфтугӯ намуда, ба созмонҳои байналмилалӣ низ такя карданд;

- роҳбарони ҳарду ҷониб дарк намуданд, ки бояд фавран пеши роҳи

муаммои ҷиддие, ки мамлакатро ба ҷанг тела медиҳанд, гирифта шавад. Фориғболӣ, беэътиноӣ, қасдгирӣ ва бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани проблемаҳо хафв ва хатари калон дорад;

- дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ шаклу усулҳои корие (мулоқотҳои сардори давлат бо роҳбари мухолифин, «Комиссияи оштии миллӣ») созмон дода шуд ва ҳуҷҷатҳое қабул гардиданд, ки раванди хотимаи ҷангро вусъат бахшиданд;

- таҳлили таърихи ҷанг ва сабақи сулҳи тоҷикон нишон дод, ки хусусан ба масъалаи тарбияи насли наврас аҳамияти аввалиндараҷа додан зарур аст ва пеш аз ҳама, ҷавононро бояд дар рӯҳияи ваҳдат, дӯстии халқҳо ва меҳандӯстӣ тарбия кард.

Мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фосилаи кӯтоҳи таърих тавонист ба ҷаҳониён исбот намояд, ки халқи тоҷик дорои фарҳанги бои қадима мебошад. Дар мамлакат на танҳо оташи ҷанг хомӯш ва бӯҳрони азим паси сар шуд, балки Тоҷикистони азиз рӯ ба эҳё ва рушд ниҳода, эътирофи кулли кишварҳои ҷаҳон гардид. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро 150 мамлакатҳои ҷаҳон ба расмият шинохта, зиёда аз 160 давлатҳои хориҷӣ бо кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.

Имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки саҳми худро дар раванди таҳкими сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ гузорад, зеро танҳо сулҳу субот метавонад рушди Тоҷикистони соҳибистиқлолро таъмин созад.

 

Маҳмадраҳим НАБИЕВ,

омӯзгори кафедраи низоми иттилооти-инноватсиони дар иқтисодиёт