ТАҶАССУМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ
Дар шароити ҳозира ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон саъю талош варзад.
Мо бояд наслҳоеро тарбия намоем, ки ояндаи давлату миллатро ба дӯш гирифта, амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамонро таъмин карда тавонанд ва кору фаъолияти падарони шуҳратманди худ - Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншо Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва садҳо бузургону фарзонаҳои дигарро бо садоқат ба миллат ва давлати хеш идома бахшанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити ҷаҳони муосир ҳифзу гиромидошти таърих, эҳтиром ба шахсиятҳои бузурги миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллат аз омилҳои муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Миллате, ки гузаштаи худро мешиносад ва ба қаҳрамонони худ эҳтиром мегузорад, метавонад ояндаи устувор ва пурифтихорро бунёд намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо роҳнамоии сиёсати фарҳангпарварона ва давлатсозонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои таърихӣ ва миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихиву маънавии солҳои охир ба Ватан овардани муште аз хоки оромгоҳи се фарзанди барӯманди миллат - Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва арбоби намоёни сиёсиву фарҳангӣ Нисор Муҳаммад мебошад. Ин иқдом на танҳо як маросими рамзӣ, балки таҷассуми эҳтироми амиқ ба таърих, эҳёи адолати таърихӣ ва қадршиносии хизматҳои шахсиятҳое мебошад, ки барои таъсис ва таҳкими давлатдории тоҷикон ҷоннисорӣ кардаанд.
Таърих гувоҳ аст, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи асосгузорони давлатдории навини тоҷикон ба шумор рафта, дар марҳилаи тақдирсози ташаккули Тоҷикистон барои муайян намудани сарҳадҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои халқ ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузоштаанд.
Нисор Муҳаммад низ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангӣ ва сиёсӣ дар роҳи рушди миллат хизматҳои арзишманд анҷом додааст. Мутаассифона, ин шахсиятҳои ватандӯст дар солҳои таъқиботи сиёсии даврони сталинӣ қурбони беадолатиҳои замон гардида, дур аз Ватан ба қатл расонида шуданд.
Гузашти тақрибан як аср натавонист хотираи онҳоро аз зеҳни миллат маҳв созад. Баръакс, имрӯз корнамоиҳои онҳо ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ, фидокорӣ ва садоқат ба миллату давлат барои насли ҷавон хизмат мекунанд. Ба Ватан овардани хоки рамзии онҳо бо ташаббуси Пешвои миллат нишонаи он аст, ки давлат хизматҳои фарзандони содиқи худро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Маросими истиқболи хоки фарзандони фарзонаи миллат дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Ҳузури шахсии Сарвари давлат дар ин рӯйдоди таърихӣ аҳаммияти бузурги маънавӣ дошта, бозгӯи эҳтироми амиқи роҳбарияти давлат ба таърихи миллӣ ва арзишҳои давлатдорӣ мебошад.
Дар фарҳанги тоҷикон хок ҳамеша муқаддас шуморида шудааст. Хоки Ватан барои ҳар як инсон азизтарин неъмат аст. Аз ҳамин ҷост, ки ба Ватан баргардонидани муште аз хоки фарзандони миллат маънои амиқи рамзӣ дорад. Ин иқдом ёдовар аз он аст, ки сарфи назар аз гузашти замон ва масофа, фарзандони содиқи миллат ҳамеша дар оғӯши Модар-Ватан ҷойгоҳи худро доранд.
Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон чунин иқдомҳои инсонпарварона борҳо амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати овардани хоки орифи бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ аз хориҷи кишвар ва ҳамчунин, сафарҳои сулҳҷӯёна ба Афғонистон ҷиҳати он ки нагӯяд, ки ин хоки ё ба қавле қабристони ғарибон ва гузезагони Тоҷикистон аст, дар солҳои вазнини ҷанг намунаи равшани сиёсати инсондӯстона ва ваҳдатофаронаи Роҳбари давлат мебошанд. Даъватҳои пайвастаи Пешвои миллат ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта низ аз ҳамин ҷаҳонбинии башардӯстона сарчашма мегиранд.
Қобили зикр аст, ки ҷомеаи илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ низ дар татбиқи чунин ташаббусҳои маънавӣ саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин муассисаҳоест, ки дар маросими гиромидошти фарзандони барӯманди миллат фаъолона иштирок намуда, ба оромгоҳи Лучоб гулчанбар гузошт. Имрӯз ин иқдом ба як анъанаи неки ватандӯстона табдил ёфтааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ таҳти роҳбарии ректори муассиса Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо ҳузур дар оромгоҳи Лучоб хотираи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва маорифпарвар Нисор Муҳаммадро гиромӣ дошта, намунаи воқеии эҳтиром ба таърих ва арзишҳои миллӣ нишон доданд. Ин гуна тадбирҳо барои тарбияи насли ҷавон аҳаммияти бузург дошта, эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар қалби ҷавонон тақвият мебахшанд.
Имрӯз барои ҳамаи мо равшан аст, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти босуръати Тоҷикистон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи давлат ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат мебошад. Баъди барқарор гардидани сулҳу ризоияти миллӣ кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг, энергетика, нақлиёт ва саноат дастовардҳои назаррас ба даст овард.
Дар чунин шароит гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат омили муҳими тарбияи шаҳрвандон ва таҳкими худшиносии миллӣ мебошад. Насли ҷавон бояд бидонад, ки давлатдорӣ, истиқлолият ва озодӣ ба осонӣ ба даст наомадаанд. Барои расидан ба ин неъматҳо садҳо нафар фарзандони миллат ҷоннисорӣ кардаанд.
Ба Ватан овардани хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад на танҳо эҳёи адолати таърихӣ, балки эҳёи хотираи миллӣ низ мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ нишон дод, ки миллат қадри фарзандони худро медонад ва хизматҳои онҳоро пос медорад. Ин амал, ҳамчунин, барои ҷавонон дарси бузурги ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад.
Бешубҳа, ин иқдоми таърихсоз ҳамчун намунаи олии арҷгузорӣ ба гузашта ва масъулиятшиносӣ дар назди таърих дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид. Он собит месозад, ки миллати тоҷик ба гузаштагони худ эҳтиром мегузорад, аз корномаҳои онҳо ифтихор мекунад ва барои ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамеша омода аст.
Дарвоқеъ, тавре дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст: “Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид.
Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз - кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд. Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад.
Бешубҳа, ин арҷгузорӣ ва ин қадршиносӣ аз фарзандони сарсупурдаи тоҷикони сарфароз ба номи Пешвои маҳбуб, Сарвару Раҳнамои пурҳикмати миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳифаҳои таърих ҷовидон сабт мегардад”.
Тавре таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, миллатҳое, ки фарзандони фарзонаи худро гиромӣ медоранд, ҳамеша соҳиби ояндаи дурахшон мегарданд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки бо эҳтиром ба таърих, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва садоқат ба Ватан дар рушди минбаъдаи давлат саҳми арзандаи худро гузорад. Зеро танҳо тавассути худшиносӣ, ваҳдат ва эҳтиром ба мероси гузашта метавон Тоҷикистони ободу пешрафтаро барои наслҳои оянда ба мерос гузошт.
Ин субҳи ватан, ки медамад аз дили ман,
Хуш бод ба тан, ки медамад аз дили ман.
Ёрибек ТИЛАБОВ,
декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng