Об асоси мавҷудият, инкишоф ва сарсабзию хуррамии олами моддӣ буда, маҳаки ҳаётбахши зиндагӣ ва ҳастии инсоният ба ҳисоб меравад. Дар партави гуфтаҳои боло метавон арзиши умумибашарии ин неъмати бебаҳо ва нотакрори табиатро дарк намуд. Сайёраи Замин бо ҳусну латофат, нозукию каромат ва ҳазорон унсури аҷибаш аз дигар сайёраҳо фарқ мекунад. Аммо яке аз нозуктарин, маҳҷабинтарин ва нотакрортарин ганҷинаҳои ин сайёра маҳз оби файзбор мебошад.

Табиат атои Худовандист ва ганҷинаю неъматҳои он ба ҳамаи мамлакатҳо ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра баробар тақсим нашудаанд. Аз ин рӯ, ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, бахусус захираҳои обӣ, яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир ба шумор меравад.

Осиёи Марказӣ дар қисми ҷанубу шарқии қитъаи Авруосиё ҷойгир буда, аз панҷ кишвари мустақил - Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон иборат аст. Тибқи маълумоти оморӣ, қисми зиёди захираҳои обии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Аз ҷумла, тақрибан 60 фоизи захираҳои обии минтақа, ки ба 64 миллиард метри мукааб баробар аст, дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад.

Аз ин ҷост, ки дар кишвари мо манбаъ ва захираҳои бузурги обӣ нуҳуфтаанд. Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон ҳазорон пирях, садҳо дарёи хурду бузург, ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва садҳо чашмаҳои табобатию шифобахш мавҷуданд. Ин сарватҳои табиӣ барои рушди иқтисод, кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва истеҳсоли неруи барқ аҳамияти бузург доранд.

Бояд таъкид намуд, ки пиряхҳо яке аз муҳимтарин манбаъҳои ташаккули захираҳои обии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мутаассифона, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии босуръати ҳарорати сайёра пиряхҳо рӯ ба обшавӣ ва коҳишёбӣ ниҳодаанд. Таҳлилҳои коршиносон нишон медиҳанд, ки дар зарфи даҳсолаҳои охир масоҳат ва ҳаҷми як қатор пиряхҳои Тоҷикистон коҳиш ёфта, ин раванд метавонад ба захираҳои обии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.

Пиряхи Федченко, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, яке аз бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва таъсири омилҳои табиӣ масоҳат ва ҳаҷми он низ дар давраҳои охир коҳиш ёфта истодааст. Ин ҳолат далели равшани таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои яхбастаи минтақа мебошад.

Дар ҳақиқат, пиряхҳо захираи муҳими оби ширин ба ҳисоб рафта, обшавии босуръати онҳо дар баробари афзоиши истеъмоли об, ки бо зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ алоқаманд аст, метавонад ба оқибатҳои ҷиддии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ оварда расонад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи як давлат, балки масъулияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи об ва ҳифзи захираҳои обиро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва байналмилалии худ қарор додааст. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо як қатор ташаббусҳои созанда дар соҳаи об ва иқлим баромад кардааст.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид. Ҳамчунин, бо ташаббуси кишвар Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 қабул ва амалӣ карда шуд. Ташаббуси дигари Тоҷикистон боиси эълон гардидани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкории об гардид. Сипас, бо ташаббуси Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид.

Дарвоқеъ, масъалаи обу экология дар сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, дар ин самт то имрӯз як қатор ташаббусҳои судманд амалӣ шудаанд. Ин ташаббусҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳамияти об, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти аҳамияти бузурги пиряхҳо дар таъмини захираҳои обӣ ва зарурати ҳифзи онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025 низ аҳамияти хосса пайдо кард. Ин ташаббус намунаи равшани мавқеи созанда ва ташаббускоронаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Пешниҳоди Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Зеро имрӯз тамоми инсоният дарк мекунад, ки ҳифзи пиряхҳо дар шароите, ки иқлими сайёра босуръат тағйир меёбад, то чӣ андоза муҳим аст. Барои ҳалли ин масъала на танҳо як кишвар ё як созмони байналмилалӣ, балки ҳамаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бояд дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ талош намоянд.

Ҳифзи пиряхҳо маънои ҳифзи об, муҳити зист ва ҳаёти наслҳои ояндаро дорад. Мо бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои коҳиш додани таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ саҳм гузорем. Зеро насли аз мо гузашта ободгари сайёра буд ва мо низ бояд бо пайравӣ аз гузаштагони хеш ба наслҳои оянда сарзамини ободу зебо, табиати рангину дилписанд, обҳои мусаффо ва чашмаҳои муаттарро ба мерос гузорем.

Зеро об на танҳо сарчашмаи ҳаёт, балки кафили рушди устувор ва ояндаи башарият мебошад. Ҳифзи он вазифаи ҳар як инсони масъулиятшинос ва қарзи мо дар назди наслҳои оянда аст.

Равшанфикре мефармояд:

Об аст, ки ҳаёт пойдор аст,

Об аст, ки замину киштукор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Аз ҳастии оби файзбор аст.

 

Фатҳулло МУМИНОВ,

н.и.и., устоди ДДМИТ