Тоҷикистони азизи мо дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои муҳими таърихиро паси сар намуда, дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ин раванд масъалаҳои таъмини сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон аҳамияти махсус доранд.

Нақши Роҳбари давлат дар ташаккули сиёсати дохиливу хориҷӣ ва таҳкими муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон муҳим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази равандҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии кишвар қарор дошта, фаъолияти давлатдорӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон бо номи ӯ пайваст мебошад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо кишварҳои гуногун муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар арсаи байналмилалӣ масъалаҳои ҳифзи сулҳ, амният, мубориза бо терроризму экстремизм, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва рушди устувор аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар ба шумор мераванд.

Дар мулоқоту суханрониҳои роҳбарони давлатҳои ҷаҳон ба муносибатҳои дӯстона бо Тоҷикистон ва саҳми роҳбарияти он дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин чунин ибрози назар намудааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳод яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Тамоми саъю кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба чунин гуфтааст: «Шумо, Ҷаноби Президент, миёни мо - сарварони давлатҳо аз ҳама сиёсатмадори пуртаҷриба ба шумор меравед. Шумо сиёсатмадори хирадманд, пуртаҷриба ва дурбин ҳастед ва дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозед».

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев чунин ибрози назар кардааст: «Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди фарзонаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу оромӣ ва шукуфоии давлататон бо суботкории зиёд заҳмат мекашед».

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев чунин таъкид намудааст: «Бунёд ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти созанда баҳри ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳи пойдор бо номи Шумо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар Қазоқистон Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ ва Пешвои аз ҷониби умум эътирофшудаи халқи Тоҷикистон мешиносанд».

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён низ дар робита ба муносибатҳои дуҷониба чунин гуфтааст: «Тавсеаи муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад».

Ин андешаҳо бозгӯи аҳамияти муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошанд.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, барои ҷомеаи кишвар аҳамияти муҳими таърихиву сиёсӣ дорад. Ин сана моро ба андеша кардан дар бораи роҳи тайкардаи давлатдории миллӣ, таърихи соҳибистиқлолӣ, сулҳу ваҳдат ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан ҳидоят менамояд.

Барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст муҳим аст, ки сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз намояд. Зеро ободии Ватан ва ояндаи дурахшони он танҳо бо меҳнати содиқона, масъулиятшиносӣ, донишомӯзӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа таъмин мегардад.

Мо бояд ҳамчун ворисони ин сарзамини бостонӣ барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Умедҷонзода Суҳайлӣ Умедҷон,

донишҷуи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ