Дар ҷомеаи муосир коррупсия яке аз падидаҳои номатлуб ва хатарнок маҳсуб ёфта, он на танҳо ба рушди иқтисодии як мамлакат, балки ба рушди иқтисодиёти кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мутаасифона, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрузҳо коррупсия яке аз мушкилотҳои глобалӣ эътироф гардидааст ва он рушди иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва адолати иҷтимоии мамлакатро халалдор менамояд. Ҳеҷ як давлати дунё аз ин мушкилоти доғ ба пуррагӣ амн нест, аммо сатҳи паҳншавии он вобаста ба низоми идоракунӣ, қонунгузорӣ ва фарҳанги ҷомеа тафовут дорад.

Коррупсия аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои «вайронкунӣ», «пора кардан», ва ё «фасод»-ро дорад. Мафҳуми умумии коррупсия ин истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколатҳои хизматӣ барои ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ мебошад. Ин манфиат метавонад моддӣ (пул, молу мулк) ё ғайримоддӣ (мақом, нуфуз, имтиёзҳо) бошад. Коррупсия ҳамчун падидаи иҷтимоӣ муносибатҳои нодурусти байни шахсони мансабдор ва шаҳрвандонро дар бар мегирад, ки бар асоси манфиатҳои шахсӣ ва бар хилофи қонун сурат мегирад. Ин раванд одатан пинҳонӣ анҷом дода мешавад, ки ва дар бештари ҳолатҳо муайян намудани он душвор аст.  

Коррупсия ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Дар соҳаи иқтисод он боиси коҳиши сармоягузорӣ, паст шудани рушди иқтисодӣ ва зиёд шудани сатҳи камбизоатӣ мегардад. Дар соҳаи иҷтимоӣ коррупсия нобаробариро зиёд намуда, боварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ коҳиш медиҳад. Дар соҳаи сиёсӣ бошад, он метавонад ба ноустувории давлат ва заиф гардидани идоракунӣ оварда расонад.  

Аз назари  ҳуқуқӣ коррупсия амали ҷиноятие дониста мешавад, ки ба сӯистифода аз ваколатҳои хизматии шаҳрвандон вобастагӣ дорад.  Аз назари иҷтимоӣ бошад, коррупсия ҳамчун нишонаҳои паст будани арзишҳои инсонӣ  ва коста будани ахлоқи инсонии ашхосе, ки ба он даст мезананд, маҳсуб меёбад. Ашхосе, ки ба ин амали номатлуб даст мезананд, нисбат ба адолати иҷтимоии ҷомеа бепарво буда, эшон танҳо манфиатҳои шахсии хешро дар мадди аввал мегузоранд. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ метавонад сабаби он гардад, ки одамон ҳуқуқҳои худро надониста ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд. Илова бар ин, норасоии назорат ва шаффофият дар фаъолияти идораҳо ба паҳншавии коррупсия мусоидат менамояд.  

Коррупсия метавонад дар шаклҳои ошкоро ва пинҳонӣ сурат гирад. Одатан намуди ошкорои коррупсия дар гирифтани ришва ва талаб намудани маблағ ё хизмат аз ашхоси корафтода барои иҷрои вазифа зоҳир мегардад. Намуди пинҳонӣ бошад, дар хешутаборбозӣ, тақсими мансабҳо бе асоси қонунӣ, имтиёзҳои ноодилона ва қабули қарорҳои ноаён ба манфиати гурӯҳҳои алоҳида маҳсуб меёбад. Маҳз намудҳои пинҳонии коррупсия хатари бештар ба ҷомеа доранд, зеро онҳоро ошкор намудан душвор аст.

Коррупсия метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз қабили маориф, тандурустӣ, иқтисод, андоз, молия, идораи давлатӣ, мақомоти суд ва ҳифзи ҳуқуқ ҷой дошта бошад, ки дар умум боиси хароҷоти зиёд, нобоварӣ ва қабули қарорҳои ноодилона мегарданд.

Ин аст, ки зиёд гардидани коррупсия боиси кам гардидани сармоягузорӣ, зиёд шудани бекорӣ ва заиф гардидани рақобатпазирии иқтисодӣ мегардад.

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи давлат набуда, дар ин раванд бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, созмонҳои ҷамъиятӣ ва тамоми шаҳрвандони мамлакат ҳиссагузор бошанд. Хомӯшӣ нисбат ба коррупсия худ як шакли ҳамдастӣ ба он маҳсуб меёбад.

Маориф яке аз самтҳои муҳими пешгирии омилҳои коррупсионӣ ба шумор рафта, метавонад тавассути ташаккули арзишҳои ростқавлӣ, масъулият ва эҳтиром ба қонун аз синни ҷавонӣ метавонад раванди коррупсияро коҳиш диҳад. Барномаҳои таълимии зиддикорупсионӣ, маъракаҳои иттилоотӣ ва омӯзиши хизматчиёни давлатӣ дар ин раванд аҳаммияти махсус доранд.

Барои пешгирӣ ва кам кардани сатҳи коррупсия чораҳои зерин муҳим мебошанд:

- Таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ  дар фаъолияти мақомоти давлатӣ;

- Ҷорӣ намудани технологияҳои электронӣ;

- Пурзӯр намудани назорати дохилӣ ва берунӣ;

- Баланд бардоштани музди маош ва шароити кории кормандони лавлатӣ;

- Ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма дар мубориза бо коррупсия.

Хулоса, коррупсия  падидаи мураккаби иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад, ки ба пешравии давлат, фаъолияти иқтисодӣ  ва суботи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки решаҳои нопоки коррупсия дар омилҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷойгиранд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо коррупсия бояд ба таҳкими институтҳо, баланд бардоштани шаффофият, рушди  фарҳанги ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли ҷомеа асос ёбад. Танзҳо дар сурати ҳамкории самараноки давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд метавон сатҳи коррупсияро коҳиш дод ва ҷомеаи одилрнаву рушдёфтаро бунё намуд. Дар чунин маврид коҳиши устувори коррупсия ва таъмини рушди адолатноки ҷомеа имконпазир мегардад.

Парвина ОРЗУЗОДА

- омӯзгори фанни забони англисӣ