ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОҲАИ ОБ ҲАМЧУН ДИПЛОМАТИЯИ СИЁСӢ
Дар асри XXI масъалаи об аз доираи мушкили экологӣ берун рафта, ба омили калидии сиёсати байналмилалӣ, амнияти миллӣ ва рушди утувор табдил ёфтааст. Афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, камшавии пиряхҳо ва нобаробар тақсим шудани захираҳои об кишварҳоро водор месозад, ки сиёсати ҳамоҳангшуда пеш баранд.
Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон яке аз ташаббускорони фаъоли рузномаи ҷаҳонии об гардидааст. Аз ибтидои солҳои 2000 – ум Тоҷикистон масъалаи обро ба минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид бароварда, ташаббусҳои байналмилалиро роҳандозӣ намуд. Ин иқдомҳо на танҳо хусусияти экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, балки ба таври возеҳ вазифаи сиёсӣ ва дипломатиро низ иҷро мекунанд.
Дипломатияи об маҷмуи чораҳо, музокирот, ташаббусҳо ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ мебошад, ки ба идоракунии захираҳои об, пешгирии муноқишаҳо ва таъмини манфиатҳои миллӣ равона шудааст. Ба андешаи муҳаққикони рус, дипломатияи об бахше аз дипломатияи экологӣ буда, дар низоми амнияти байналмилалӣ нақши мустақил пайдо кардааст.
Об метавонад ҳам омили ҳамкорӣ ва ҳам сарчашмаи зиддият гардад. Аз ин рӯ, давлатҳое, ки тавони ташаббускорӣ ва роҳбариро дар ин соҳа доранд, мавқеи сиёсии худро тақвият медиҳанд.
Тибқи назарияи Ҷ. Най, “қудрати нарм” қобилияти таъсир расонидан тавассути ҷаззобият, эътимод ва ташаббусҳои созанда мебошад. Ташаббусҳои обии Тоҷикистон маҳз ба ҳамин модел мувофиқанд, зеро онҳо арзишҳои умумибашариро таблиғ мекунанд, ба сулҳ ва ҳамкорӣ равона шудаанд, имиҷи мусбати давлатро тақвият мебахшанд.
Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги об аст, зиёда аз 60% захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ҷойгир мебошад. Ин омил Тоҷикистонро ба бозигари калидӣ дар амнияти обии минтақа табдил медиҳад.
Пас аз истиқлолият роҳбарияти кишвар сиёсати обро ҳамчун самти стратегии сиёсати хориҷӣ интихоб намуд. Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомали Рахмон борҳо таъкид намудааст, ки об метавонад василаи сулҳ, ҳамкорӣ ва рушди устувор гардад.
Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 - ро Соли байналмилалии оби тоза эълон намуд. Ҳадаф ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти дастраси ба оби ошомиданӣ буд. Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (2005 – 2015) ба рушди инфрасохтори об, беҳдошти санитарӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шуд. Соли байналмилалии ҳамкори дар соҳаи об (2013) зарурати ҳамкории кишварҳоро дар идоракунии захираҳои фаромарзии об таъкид намуд.
Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (2018 – 2028) масъалаи обро бо Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ҳамоҳанг сохт ва Тоҷикистонро ба маркази дипломатияи об табдил дод.
Ташаббусҳои обӣ ҳамчун абзори дипломатияи сиёсӣ, тақвияти нуфӯзи байналмилалӣ иштироки фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати ҷаҳонии об ба баланд шудани эътибори сиёсии кишвар мусоидат кард. Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор ва масъул шинохта мешавад.
Масъалаҳои об дар Осиёи Марказӣ хусусияти геополитикӣ доранд. Ташаббусҳои Тоҷикистон барои коҳиши шиддат ва ташаккули муколамаи созанда мусоидат менамояд. Тадқиқот нишон медиҳад, ки сатҳи хатари низоъҳоро коҳиш диҳад, зеро он механизмҳои эътимодсозиро ташаккул медиҳанд.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мешаванд. Дар дохили кишвар қонунгузори дар соҳаи об ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардидаанд.
Ба мушкилот ва маҳдудиятҳои асоси тағйирёбии иқлим ва камшавии пиряхҳо, норасоии сармоягузорӣ, ихтилофи манфиатҳои минтақавӣ ва сатҳи нокифояи технологияҳои муосир дохил мешаванд.
Дурнамо ва самтҳои такмили афзалиятнок рушди дипломатияи рақамии об, таҳкими ҳамкории илмӣ, ҷалби сармояи “сабз”, ҳамкории сиёсати об бо иқтисоди сабз ва амнияти энергетикӣ мебошанд.
Ҳамин тариқ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар соҳаи об на танҳо аҳамияти экологӣ ва иҷтимоӣ доранд, балки ҳамчун абзори муассири дипломатияи сиёсӣ хизмат мекунанд. Онҳо ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон, рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди сулҳу суббот мусоида менамоянд. Тоҷикистон намунаи давлатест, ки тавассути “қудрати нарм” мавқеи худро дар сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам месозад.
Алишер АСОЕВ -
номзади илмҳои сиёсӣ
Тоҷ
Рус
Eng