Ҳар гоҳе ки нигоҳи мо ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меафтад, пеши назар таърихи пурифтихор, сарнавишти миллат ва ормонҳои чандин насли тоҷикон ҷилвагар мешаванд. Парчам танҳо рамзи давлатдорӣ нест, балки таҷассумгари истиқлолият, худшиносии миллӣ, ваҳдат ва ифтихори ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванд мебошад.

Дар замони муосир, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд, изҳори муҳаббат ба рамзҳои миллӣ низ бештар дар шакли аксу навор ва шиорҳои ватандӯстона сурат мегирад. Албатта, ин гуна фаъолиятҳо низ метавонанд ифодаи самимии эҳтиром бошанд. Аммо муҳаббати ҳақиқӣ ба Ватан танҳо бо сухан ва намоиш маҳдуд намешавад. Он пеш аз ҳама дар рафтор, виҷдон, меҳнати ҳалол ва масъулияти шаҳрвандӣ зоҳир мегардад.

Мақсади ин мақола бозгӯ намудани ҳамин андеша аст: эҳтироми воқеӣ ба Парчами давлатӣ бояд на танҳо дар фазои маҷозӣ, балки дар қалбу рафтори ҳар як шаҳрванд ҷой дошта бошад.

  1. Парчам дар қалби инсон

Парчами миллӣ пеш аз ҳама бояд дар қалби инсон ҷой дошта бошад. Муҳаббат ба Ватан он вақт арзиши воқеӣ пайдо мекунад, ки шахс ҳатто дар танҳоӣ ва дур аз назари дигарон ба манфиатҳои давлату миллат содиқ бошад.

Вақте омӯзгори деҳоти дурдаст бо меҳру муҳаббат ба фарзандони миллат дониш меомӯзонад, муҳоҷири тоҷик дар кишвари дигар бо рафтори шоиста обрӯи Ватанро баланд мебардорад ва корманд вазифаи худро софдилона иҷро мекунад, ҳамаи ин намунаҳои ватандӯстии воқеӣ мебошанд.

Ҳамчунин, даст накашидан аз ростқавлӣ, дурӣ ҷустан аз ришваву фасод ва эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.

  1. Муҳаббати Ватан дар лаҳзаҳои душвор

Эҳтироми ҳақиқӣ ба рамзҳои давлатӣ на танҳо дар рӯзҳои ид, балки дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ низ зоҳир мегардад.

24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди таърихӣ дар давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ба амал омада, барои мардуми кишвар рамзи умед ба ояндаи осоишта, истиқлолият ва эҳёи давлатдории миллӣ гардид.

Имрӯз низ вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳифзи ин арзишҳои муқаддас мебошад. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба сулҳу ваҳдат аз муҳимтарин роҳҳои нигоҳ доштани ин мероси маънавӣ ба шумор мераванд.

Вақте падару модар ба фарзандони худ таърихи миллат, қаҳрамониҳои ниёгон ва арзиши сулҳу оромиро меомӯзонанд, онҳо дар ташаккули эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас саҳми арзанда мегузоранд.

  1. Эҳтиром ба Парчам дар амалҳои ҳаррӯза

Баъзан чунин мешуморем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ танҳо дар рӯзҳои ид бо барафрохтани он ё нашри аксу навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ифода меёбад. Аммо эҳтироми воқеӣ пеш аз ҳама дар фаъолияти ҳаррӯзаи инсон таҷассум меёбад. Аз ҷумла, омӯзгоре, ки бо меҳнати содиқона насли босавод тарбия мекунад ва донишҷӯе, ки бо донишу маҳорати худ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ муваффақ мегардад, ба баланд бардоштани нуфузи кишвар мусоидат менамоянд.

Фарқ миёни ватандӯстии зоҳирӣ ва эҳтироми воқеӣ маҳз дар ҳамин аст: аввалӣ метавонад бо сухан ва намоиш маҳдуд гардад, аммо дуюмӣ дар амал, масъулият ва садоқат ба Ватан зоҳир мешавад.

  1. Парчам - пайванди наслҳо ва амонати таърих

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи имрӯзаи давлатдорӣ, балки амонати маънавиест, ки бояд ба наслҳои оянда бо эҳтиром интиқол дода шавад.

Аз Дирафши Ковиёнӣ то Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи миллати тоҷик рамзҳои озодӣ, давлатдорӣ ва ифтихори миллӣ ҷойгоҳи хос доранд.

Имрӯз ҷавонон бояд на танҳо аз таърихи пурифтихори миллат ифтихор кунанд, балки бо донишандӯзӣ, азхудкунии технологияҳои муосир, рушди касбият ва эҳтиром ба забону фарҳанги миллӣ дар сохтани ояндаи дурахшони кишвар саҳм гузоранд.

Баланд бардоштани обрӯи Парчами давлатӣ пеш аз ҳама аз фаъолияти созанда ва дастовардҳои шаҳрвандони он вобаста аст. Ҳар як комёбии илмӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва иқтисодӣ метавонад Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ шоиста муаррифӣ намояд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ, озодӣ ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Эҳтиром ба он набояд танҳо бо суханҳои зебо, аксу навор ва шиорҳои ватандӯстона маҳдуд гардад.

Муҳаббати ҳақиқӣ ба Парчам дар поквиҷдонӣ, меҳнати ҳалол, эҳтиром ба қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан таҷассум меёбад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои сулҳу суботи кишвар парафшон бошад ва меҳри он дар қалби ҳар як шаҳрванди тоҷик ҳамчун роҳнамои зиндагӣ, садоқат ва созандагӣ ҷойгоҳи устувор дошта бошад!

 

Суҳроб МИРЗОЕВ,

омӯзгори ДДМИТ