РОБИАИ БАЛХӢ - НАХУСТИН САДОИ ЗАН ДАР ОСМОНИ АДАБИЁТИ ФОРСУ ТОҶИК
Дар таърихи тамаддуни башарӣ номҳое ҳастанд, ки бо гузашти асрҳо на танҳо фаромӯш намешаванд, балки рӯшантару пурҷилотар мегарданд. Яке аз чунин чеҳраҳои тобноку нодири фарҳангу адаби мо - Робиаи Балхӣ мебошад, ки имрӯз дар остонаи 1050-солагии ӯ, бозгашт ба зиндагӣ ва осори ӯ на танҳо як амали фарҳангӣ, балки зарурати маънавист.
Робиа на танҳо шоир, балки як падида аст: падидаи шуҷоат, озодандешӣ ва муҳаббате, ки бар ҳама қонунҳои замонааш пирӯз омад, ҳатто агар он бо қимати ҷон тамом шуда бошад ҳам.
Зиндагии Робиа аз шаҳри бостонии Балх оғоз мешавад, маконе, ки онро “модари шаҳрҳо” меномиданд. Балх дар асрҳои миёна на танҳо маркази сиёсӣ, балки маркази илм, адаб ва фарҳанг буд. Ин муҳит, ки бо ному осори бузургоне мисли Абуалӣ ибни Сино ва баъдан, Ҷалолуддини Балхӣ пайванд дорад, барои ташаккули шахсияти Робиа заминаи устувор фароҳам овард.
Дар чунин муҳит, ки илму маърифат арзиш дошт, Робиа аз овони кӯдакӣ ба омӯзиш рӯ овард. Вай забон, шеър ва нозукиҳои адабиро омӯхт ва ба зудӣ истеъдоди фавқулодаи худро нишон дод. Танҳо фарқияти Робиа дар он буд, ки ӯ пайрав на, балки зангӯлаи хушсадои нав буд.
Дар асрҳои IX-X вақте ки Робиа зиндагӣ мекард, ҷойгоҳи зан дар ҷомеа маҳдуд буд. Зан бештар ҳамчун узви хонадон, на ҳамчун шахсияти мустақил дида мешуд. Дар чунин шароит зуҳури як зани шоир худ инқилоби хомӯш буд.
Робиа аз ин қолаб берун баромад. Ӯ на танҳо шеър гуфт, балки эҳсосоти худро - муҳаббат, дард, орзу ва ормонро бе парда баён кард. Ин ҷуръат дар он замон камназир буд. Ӯ ба ҷаҳониён нишон дод, ки зан метавонад на танҳо илҳомбахши шеър, балки офарандаи он бошад.
Қиссаи ишқи Робиа бо Бектош яке аз маъруфтарин достонҳои фоҷиабори адабиёти мост. Ин ишқ на танҳо як эҳсоси шахсӣ, балки исёну шӯру шараре алайҳи қолабҳои шахшудаи иҷтимоӣ буд.
Бектош ғулом буд ва Робиа духтари амир. Дар ҷомеаи онвақта ин муносибат ғайри қобили қабул ба шумор мерафт. Аммо ишқ қонун намешиносад.
Ривоятҳо ҳокӣ аз онанд, ки Робиа ишқи худро пинҳонӣ нигоҳ медошт, вале вақте сир фош шуд, бародараш Ҳорис ӯро ба қатл расонд. Лаҳзаи марги Робиа ба як рамзи адабӣ табдил ёфтааст. Гуфта мешавад, ки ӯ бо хуни худ шеър навиштааст. Ин манзара на танҳо фоҷиа, балки изҳороти пур аз эътирози инсонист, ки яъне ҳатто дар лаҳзаи марг сухан ва эҳсос зинда мемонад.
Имрӯз Робиа танҳо як номи таърихӣ нест. Ӯ рамзи мубориза барои озодӣ аст: озодии фикр, озодии эҳсос ва озодии баён.
Дар ҷаҳоне, ки имрӯз низ занон дар баъзе ҷомеаҳо барои ҳуқуқи худ мубориза мебаранд, Робиа як намунаи илҳомбахш аст. Ӯ нишон дод, ки ҳатто дар шароити маҳдуд метавон садои худро ба гӯши таърих расонд.
Ӯ бо садои марғуладор, забони гӯё ва дили бедори худ рӯбарӯ ба зиндагӣ гуфт: - Ҳақиқатро бояд гуфт, ҳатто ба қимати гарони ҷон ҳам бошад.
Адабиёти форсу тоҷик бо ҳазорон номҳои бузург машҳур аст, вале дар миёни ин ситораҳои тобноку пурҷило Робиаи Балхӣ мавқеи хоси худро дорад.
Ӯ аввалин занест, ки номаш ҳамчун шоир дар таърих сабт шудааст. Ин худ як дастоварди бузург аст. Робиа роҳро барои дигар занони эҷодкор боз кард. Гарчанде баъд аз ӯ занони шоир кам буданд, аммо мавҷудияти Робиа нишон дод, ки ин роҳ вуҷуд дорад.
Гарчанде аз Робиа девони комил боқӣ намондааст, порчаҳои ашъори ӯ дар манобеи классикӣ ҳифз шудаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» ва Фаридуддини Аттор дар асарҳои худ аз ӯ ёд мекунанд.
Ин худ далели он аст, ки Робиа дар давраи худ шахсияти маъруф буд.
Шеърҳои ӯ бештар дар мавзуи ишқ навишта шудаанд, аммо ин ишқ танҳо эҳсос нест, балки дорои фалсафаи амиқ мебошад. Ишқи Робиа пок, сӯзон ва бепарда аст.
Дар умум бошад, мазмуни ашъори ӯ дар худ самимияти баланд, эҳсоси амиқи ботинӣ, ҷасорати баён, забони сода, вале таъсирбахш доранд.
Ӯ ишқро ҳамчун қуввае тасвир мекунад, ки инсонро тағйир медиҳад, месӯзонад ва ҳамзамон, пок месозад.
Дар замони муосир образи Робиа борҳо дар адабиёт ва санъат бозофарӣ шудааст. Шоирон, нависандагон ва ҳунармандон аз қиссаи ӯ илҳом гирифтаанд. Сабабаш маълуму равшан аст: Қиссаи рӯзгори пурбалои Робиа универсалӣ гардидааст. Он символи ишқ, озодӣ ва қурбонӣ аст: мавзуҳое, ки ҳамеша актуалӣ мемонанд.
Ҷашни 1050-солагии Робиаи Балхӣ, ки бо ибтикороти фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад, бояд танҳо як чорабинии расмӣ набошад. Ин ҷашн бояд ба ҳаракати фарҳангӣ табдил ёфта, дар ин доира осори марбут ба ӯ нашр ва мероси адабияш ба барномаҳои таълимӣ ворид гарданд.
Хулласи калом, Робиаи Балхӣ бо зиндагии кӯтоҳ, аммо пурмазмун тавонист номи худро дар саҳифаҳои ҷовидонаи таърих сабт кунад. Ӯ исбот кард, ки неруи сухан аз дами шамшер ҳам бурротар аст. Ӯ бо ишқи худ, бо шеъри худ ва бо марги худ ба як рамзи абадӣ табдил ёфт.
Имрӯз вақте мо 1050-солагии ӯро ҷашн мегирем, дар асл мо на танҳо як шахсият, балки арзиши инсон будан ва боқадр буданро гиромӣ медорем. Зеро руҳи Робиаи Балхӣ дар ҳар сухани ҳақ, дар ҳар ишқи пок ва дар ҳар қалбе, ки аз гуфтани ҳақиқат намеҳаросад, гардиш дорад.
Муҳаммадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ
Тоҷ
Рус
Eng