РУКНИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ҲАСТИИ МИЛЛӢ
Забон ҳофизаи таърихӣ, ҷаҳонбинӣ, фарҳанг, андеша ва шиносномаи маънавии миллат аст. Миллатҳо дар тули садсолаҳо тавассути забони худ таърихи хешро сабт намуда, арзишҳои маънавию фарҳангии худро ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштаанд. Барои миллати тоҷик низ забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин пояҳои ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Ҳамасола 5 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин сана ба рӯйдоди муҳими ҳуқуқию сиёсии таърихи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон - қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста мебошад. Қонуни мазкур 5 октябри соли 2009 таҳти №553 қабул гардида, мақоми ҳуқуқии забони давлатиро муқаррар ва тартиби истифодаи онро дар кишвар муайян намуд.
Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 22 июли соли 1989 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» таҳти №150 қабул гардида буд. Ин санади ҳуқуқӣ мақоми забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ муайян намуда, дар баробари ин, истифодаи забони русӣ ва забонҳои миллии дигар халқҳои сокини Тоҷикистонро кафолат медод.
Он замон Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт. Пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 вазъи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба куллӣ тағйир ёфт. Дар чунин шароит зарурати таҳия ва қабули санади нави ҳуқуқие ба миён омад, ки мақоми забони давлатиро бо назардошти воқеият ва талаботи давлати соҳибистиқлол ба таври мукаммал танзим намояд. Ҳамин тавр, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил карда мешавад.
Забони тоҷикӣ воситаи муҳимми ҳифзи фарҳанг, тамаддун ва арзишҳои маънавии чандин насли мардуми тоҷик мебошад. Осори гаронбаҳои хаттӣ ва адабии ба ин забон офаридашуда, ки таърихи беш аз ҳазорсола доранд, то имрӯз аҳаммияти худро гум накардаанд. Маҳз тавассути забон мероси адабӣ, андешаҳои фалсафӣ, донишҳои илмӣ ва таҷрибаи таърихии гузаштагон ба наслҳои имрӯзу оянда интиқол меёбанд.
Мақоми забони давлатӣ бо низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал намуда, истифодаи забони давлатиро дар соҳаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии кишвар ба танзим медарорад. Ҳамзамон, он истифодаи забонҳои дигарро дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ ба низом дароварда, барои таъмини ҳуқуқи забонии шаҳрвандон дар ҷомеаи гуногунмиллати Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.
Бо мақсади рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва таҳкими мақоми он дар ҷомеа Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, таҳти №647 тасдиқ гардидааст. Амалӣ намудани ҳадафҳои ин барнома барои такмили сиёсати забонӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги забондонӣ, рушди забони илм ва густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа аҳаммияти калон дорад.
Дар замони муосир, ки технологияҳои рақамӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфтаанд, ҳифзу рушди забони давлатӣ масъулияти боз ҳам бештарро тақозо мекунад. Барои он ки забони тоҷикӣ дар асри технология низ забони фаъолу пешрафта боқӣ монад, бояд ба масъалаҳои муҳимми зерин таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад: баланд бардоштани сатҳи саводи забонӣ, рушди истилоҳоти илмӣ ва техникӣ, таҳияи адабиёти муосир, рақамикунонии мероси хаттӣ, ташаккули захираҳои электронии забон ва истифодаи дурусти меъёрҳои забони тоҷикӣ дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ.
Забони тоҷикӣ то замоне зиндаву пойдор ва рушдёбанда мемонад, ки ҳар як насл онро омӯзад, дуруст истифода барад, ғанӣ гардонад ва ҳамчун мероси гаронбаҳои маънавӣ ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди забони давлатӣ на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи маънавии ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст мебошад.
Парвина САФАРОВА,
ассистенти кафедраи иқтисодиёти молиявӣ ва фаъолияти биржавии факултети молия ва иқтисоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng