Сарфи назар аз он ки ҷомеаи муосир ва инсонҳои созмондиҳандаи он дар асри рушд ва тавсеаи ҳамаҷонибаи илму маърифат ҳастӣ доранд ва зиндагӣ менамоянд, мутаассифона, ҳанӯз ҳам на ҳамаи падидаҳои зараррасон ва вайронкунандаи амнияту устувории худро аз байн бурдаанд.

Яке аз чунин падидаҳои хеле густурда интишорёфта дар ҷомеаҳо, махсусан, дар ҷомеаҳои номутамаддин, коррупсия бо тамоми аносири дарбаргирандааш ба шумор меравад.

Кишварҳои ҷаҳони муосир ба санадҳои дахлдори мавзуъ, ки дар доираи СММ ва созмонҳои дигари зидахл, қабул карда мешаванд, дохил мешаванд, дар асоси санадҳои мазкур дар кишварҳояшон қонунҳо ва маводи дигари мубориза алайҳи коррупсия қабул мекунанд ва муҳтаво ва талаботи онҳоро пайваста тавассути воситаҳои ахбори омма тарғиб мекунанд, вале коррупсия ҳамоно яке аз падидаҳои паҳнгардида боқӣ мемонад.

Дар Тоҷикистон низ як теъдод қонунҳо ва санадҳои дигари мубориза алайҳи коррупсия қабул карда шудаанд, ки, асосан, ҷиҳатҳои ҳуқуқии чунин муборизаро дар бар мегиранд.

Яке аз чунин санадҳои қабулшуда Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба шумор меравад, ки бо фармони Президенти кишвар аз 3 августи соли 2021, № 222 тасдиқ карда шудааст.

Дар асоси санади мазкур дар тамоми муассисаҳои давлатӣ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва корандозӣ карда мешаванд, ки тавассути онҳо то андозае пеши роҳи коррупсия гирифта мешавад.

Вақте матни Стратегияро мехонӣ ба рўшанӣ ба хулоса меоӣ, ки гўё масъалаи мубориза танҳо ба муассисаҳои ҳифзи ҳуқук ва созмонҳои шаҳрвандӣ иртибот дошта бошад, зеро дар санади мазкур ба масъалаи ташаккули фарҳанги ахлоқии ҷомеа чандон таваҷҷуҳ зоҳир нашудааст.

Муаллифи ин навишта бар он ақида аст, ки дар умури давлатдорӣ на танҳо ҳуқуқ ва қонунҳо бояд амал кунанд, балки тарбия ва ташаккули фарҳнги волои инсонӣ, ки дар меҳвари он фарҳанги ахлоқии ҳар як узви ҷомеа ва худи ҷомеа меистад, зарурати ногузир бояд дониста шавад.

Бо дарки он ки фарҳанг умуман ва фарҳанги ахлоқии инсону ҷомеа мушаххасан ҳам дар умури умуман идораи ҷомеа ва ҳам мубориза алайҳи падидаҳои зараррасон дар ин умур арзёбӣ мегардад, хостем, то таваҷҷуҳи хонандагони арҷмандро ба ҳамин масъала чалб карда бошем.

Сараввал доир ба муҳтавои мафҳуми фарҳанг андеша иброз медорем ва сабт мекунем, ки мафҳуми мазкур тибқи ақидаи олимони соҳа ба мақулаи умумитаърихие дохил мешавад, ки дар ҳама давру замон тавони таъсиррасон дошту дорад, зеро вай якҷоя бо пайдоиши инсоният дар рўйи Замин пайдо ва баробари пешрафти он рушд ва тавсеа меёбад.

Дар замони муосир мафҳуми фарҳангро ба маънии ифодакунандаи тамоми соҳаҳои фаъолияти ҷомеавии инсонҳо, ки дар натиҷаи он ду навъи арзишҳо - арзишҳои моддӣ ва маънавӣ офарида мешаванд ва тавассути он муҳити зисти инсон дигаргун сохта мешавад, яъне «табиати дуввуми сунъӣ» созмон дода мешавад, истифода менамоянд.

Чунон ки маълум аст, инсону инсоният бе фаъолият шуда наметавонанд. Натиҷаи ҳама гуна фаъолият офариниши фарҳанг ба шумор меравад. Дар раванди фарҳангофарӣ инсону ҷомеа худро низ тарбия ва такмил медиҳад. Ҳар ду навъи фаъолияти инсону ҷомеа, яъне фаъолияти офариниши ҳам арзишҳои моддӣ ва ҳам арзишҳои маънавӣ пайваста қувваи моҳиятан муҳими инсону ҷомеаро низ такмил мебахшад.

Дар тарбияи инсону ҷомеа ташаккули фарҳанги маъавӣ, аз ҷумла унсури меҳварии он фарҳанги ахлоқӣ, нақши бисёр калон дорад, ки онро дар ҳама давру замон тарғибу талқин мекарданду мекунанд.

Ба андешаи инҷониб дар замони кунунӣ низ тарғибу талқини ташаккули фарҳанги ахлоқӣ яке аз мубрамтарин соҳаҳои ҳам умури давлатӣ ва ҳам тамоми аҳли зиё ба шумор меравад ва ҳаргиз ин соҳаи муҳимро дар канор гузоштан мумкин нест.

Ахлоқ дар ҳама соҳаҳои иҷтимоӣ нақши муҳим ва арзандаро мебозад, зеро дар он ҷойе, ки ахлоқ ҳаст, инсонҳои дорои ахлоқи ҳамида кору фаъолият мекунанд, пешравии тибқи тақозо, муҳити беҳтарини корӣ ва истеҳсолӣ ташаккул меёбад.

Дар мубориза алайҳи коррупсия низ фарҳанги ахлоқӣ яке аз омилҳои на танҳо муқовиматкунанда, балки мусоидаткунандаи ба нестӣ оварандаи коррупсия шуданаш мумкин аст, зеро ҳеҷ як инсони муаддаб, инсоне, ки бар асари одобу ахлоқи ҳамидааш ба корҳои бад даст намезанад, худро ба коррупсия олуда низ намекунад.

Тасаввур кунем, ки дар коллективи меҳнатӣ, дар куҷойе набошад, хоҳ вай маъмурияти давлатӣ бошад, хоҳ таълимиву илмӣ ва хоҳ дар соҳаҳои дигари иҷтимоӣ инсонҳо дар худ фарҳанги волои ахлоқиро ташаккул дода бошанд, муҳите ба вуҷуд меояд, ки ҳама доир ба салоҳияти корӣ, беҳтару хубтар ташкил кардани меҳнати ҷомеавӣ, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва амсоли инҳо муошират, баҳсу ҷадал мекунанд, на дар бораи роҳҳои ба даст овардани сарвати дороиҳо.

Карруфар, салтанату ғурур ҳаргиз пешаи инсонҳои муаддаб набуд ва нахоҳад шуд, зеро адаб ба ин гуна падидаҳои манфур имконият намедиҳад. Бинобар ин, муаллиф чунин андеша дорад, ки бояд дар ҳама ҷо чунин муҳити солим ба вуҷуд оварда шавад.

Мубориза дар ин ҷода бояд беамон бошад, инсоне, ки ба ин кор даст мезанад, ба сифати махави коллектив ҷой дошта бошад. Чунин ҳол метавонад барои ба нестӣ овардани коррупсия бисёр мусоидат кунад ва муборизаро пурсамар гардонад.

Масъалаи дигари муҳим аз он иборат дониста мешавад, ки дар мубориза алайҳи коррупсия бояд ҳамаи аъзои ҷомеа баробар амал кунанд, зеро дар акси ҳол вай ҳаргиз самаранок шуда наметавонад. 

 

                                                                                             Ғуломҷон МИРЗОЕВ,

                                                                   устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ