РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатиро ҳамчун як рӯйдоди бузурги таърихӣ бо дилгармиву садоқати беандоза ҷашн мегиранд. Истиқлолият ин рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва соҳибдавлатии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, он ба роҳи саҳлу осон ба даст наомадааст.
Талошу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз миллати тоҷик кишвари соҳибистиқлол, ваҳдату парчам, нишону фарҳанги миллӣ ва дигар дастовардҳои давлатиро соҳиб гардидаанд.
Маврид ба ёдоварист, ки барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ ва пойдории субот дар ҷомеа, рушди иқтисод ва соҳаҳои он, бунёди роҳҳо, неругоҳҳо ва иншоотҳои муҳими ҳаётӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва эътибори глобалии давлат маҳз бо туфайли заҳматҳои Пешвои маҳбубамон ба даст омадаанд.
Соли ҷорӣ, ки мо 35-умин солгарди истиқлолияти давлатиамонро ҷашн мегирем, мехостам чанд ҷумла перомуни рушди соҳаи иқтисодиёти кишварамон баён созам.
Ҷараёнҳои ҷаҳони имрӯза дар тараққиёти иқтисодиёти бештари кишварҳо нақши муҳим бозида, таъсири бевоситаи худро ба иқтисоди дилхоҳ кишвар расонида истодааст, ки аз ҷумлаи онҳо буҳронҳои шадиди сиёсиву молиявӣ, иқтисодиву экологӣ, иҷтимоиву озуқаворӣ ва ғайра мебошанд. Гуфтан ба маврид аст, ки бо вуҷуди мавҷуд будани чунин мушкилотҳои ҷаҳони имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола нишондиҳандаҳои иқтисодии худро ба ҳисоби миёна 6-7 фисад афзоиш медиҳад.
Чи тавре ки сарчашмаҳои оморӣ нишон медиҳанд, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар агар дар соли 2020-ум 82,5 миллиард сомониро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2025 ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардидааст. Гузашта аз ин, шумораи аҳолии кишвар агар дар соли 1991-ум 5,3 миллионро ташкил медод, дар соли 2026-ум ин нишондод ба 10,7 миллион баробар гардидааст, ки бо дар назардошти зиёдшавии аҳолӣ, Ҳукумати мамлакат тавонистааст рушди нишондиҳандаи иқтисодӣ ва таъмини ҷои кориро дар шакли устувор нигоҳ дорад.
Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, Тоҷикистони азизамон дорои потенсиали бузурги истеҳсолӣ буда, ҳамасола дар кишвар бунёди корхонаҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар бозори ҷаҳонӣ бо содир намудани молу маҳсулотҳои соҳаҳои худ фаъол аст.
Аз таҳлилу нишондиҳандаҳои омории дар боло зикр гардида бармеояд, ки заминаи асосии ин ҳама пешравию дастовардҳо, рушди давлат ва кулли соҳаҳои он, ин истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама ба истиқлолияти давлатӣ ва дигар дастовардҳои таърихиамон эҳтироми хосае дошта бошем ва баҳри боз ҳам пешрафта гардидани кишвари азизамон ва соҳаҳои он саҳму талоши бештаре ба харҷ диҳем.
Раҳматулло ҚАЛАНДАРОВ,
ассистенти кафедраи менеҷмент
Тоҷ
Рус
Eng