Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ба шумор меравад, ки ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр таҷлил мегардад. Ин рӯз рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳматҳо, хизматҳои шоиставу таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон саҳми босазо гузоштаанд. Рӯзи Президент рамзи эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ва поягузории давлатдории муосири тоҷикон мебошад. Таҷлили ин рӯз ҳар як шаҳрванди кишварро ба меҳру садоқат ба Ватан, ягонагӣ ва заҳмати созанда водор месозад. Пешвои миллат бо заҳмату хизмати худ барои субот, ваҳдат ва рушди Тоҷикистон намунаи воқеии меҳру садоқат ба Ватанро нишон доданд. Сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои созандаи Пешвои миллат на танҳо барои таҳкими давлатдорӣ ва истиќлол, балки барои тарбияи насли ҷавон ҳамчун шаҳрвандони содиқ ва ватандӯст низ намуна аст.

Воќеан, Эмомалӣ Раҳмон ба дили мардум, бо кору пайкори созандаашон, дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба ҳайси бунёдгузори давлати соҳибихтиёр, таҳиягари пояҳои ҳуқуқии миллат, эҳёкунандаи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динӣ, зиндакунандаи номи қаҳрамонони таърихӣ, ҳомӣ ва муҳофизи манфиатҳои миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон маълуму машҳур гардид. Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардаанд. Ҳамчун як шахсияти таърихӣ халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохтанд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот доданд, ҷон дар кафи даст мухолифинро оғўш карданд, ҷинояткоронро авф карданд, гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд, ба миллат ваҳдат, субот, амният оварданд, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузоштанд, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуданд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо карданд.

Сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои судманди Сарвари давлат ба эҷоди ваҳдат, барқарорсозии сохторҳои давлатдорӣ ва таъмини амният дар кишвар мусоидат намуданд. Имзои Созишномаи умумии сулҳ дар соли 1997 рамзи расмии ба даст овардани оромӣ ва ҳамгироии миллати тоҷик мебошад. Ин дастовардҳо заминаи рушди минбаъдаи иқтисод, илму фарҳанг ва зиндагии осоиштаро барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон фароҳам овард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар нақши бузург ва сарнавишсоз гузоштаанд. Бо сиёсати хирадмандона ва дурбинӣ тавонистанд Тоҷикистонро аз мушкилоти давраи аввали истиқлол берун оваранд, пояҳои давлатдории муосирро таҳким бахшанд. Барои бунёди корхонаҳои саноатӣ, рушди энергетика, сохтмони неругоҳҳо ва роҳҳои байналмилалӣ иқдомҳои бузург анҷом доданд, ки дар натиҷа, Тоҷикистон имрӯз ба яке аз кишварҳои пешсаф дар соҳаи барқи обӣ табдил ёфтааст.

Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки “илм чароғи роҳ аст”. Бо ин ният барномаҳои давлатӣ оид ба рушди илм,таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти касбӣ қабул гардидаанд. Ҳазорон донишҷӯён бо дастгирии давлат дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд ва таҷрибаи муосир ба ватан меоранд. Дар баробари ин, Пешвои миллат ҳамеша аз устодон, омӯзгорон ва олимон қадрдонӣ мекунанд ва ба онҳо ҳамчун неруи созандаи ҷомеа нигоҳ мекунанд. Ҳамин тавр, нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф ва илм бузург аст, зеро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи ӯ таҳсилоти тоҷикон ба марҳилаи нав ворид гардида, илму дониш ба арзиши асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва варзишдӯстонаи Пешвои миллат имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари дорои фарҳанги ғанӣ ва ҷавонони фаъолу солим табдил ёфтааст. Дар соҳаи фарҳанг, бо дастгирии Пешвои миллат садҳо толори фарҳангӣ, китобхонаҳо, театрҳо, осорхонаҳо ва қасрҳои фарҳанг таъмиру бунёд гардиданд.

Бо сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар даврони истиқлол ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин аст, ки бо ташаббус ва иќдомоти бевоситаи Пешвои миллат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардида, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис ёфт. Њазорҳо ҷавони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, донишу таҷрибаи муосир ба даст меоранд. Дар дохили кишвар низ шароити хуб барои таҳсил, соҳибкасб шудан ва фаъолияти иҷтимоиву сиёсӣ фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастае мебошанд, ки тамоми умри худро ба хизмат ба халқу Ватан бахшидаанд. Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ бо меҳру садоқати бузург ба сарзамини тоҷикон барои пойдории сулҳ, ваҳдати миллӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш варзидаанд. Ба ҳамин мазмун 15 апрели соли 2016 “Рўзи Президенти Тоҷикистон”-ро Парлумон тасдиқ кард. Декабри соли 2016 Қонун “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат”-ро ду палатаи Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонид, ки ба он 25 декабр Раиси ҷумҳур имзо гузоштанд. 16 ноябр рӯзи савгандёдкунии нахустини муњтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, аз ин хотир, ин сана ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардид. Ин ҷашн ифодаи миннатдорӣ ва эҳтироми халқ ба Пешвои худ мебошад. Рӯзи Президент барои мардуми тоҷик на танҳо рӯзи таҷлили давлатдорӣ ва ваҳдат, балки рӯзи баёнгари эҳтиром ба хизмати бузурги Роҳбари давлат ба халқу Ватан мебошад. Дар ин рӯз ҳар як шаҳрванд хизматҳои Пешвои миллатро қадр мекунад ва ба ифтихор саҳми ӯро дар таҳкими истиқлол, сулҳу субот ва рушди кишвар ба ёд меорад.

Рӯзи Президент ба ҳамаи ҳамватанон муборак бошад!

Ҳадятуллои Н., ассистенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ