(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст ва ташаббусҳои пайваста ва беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи сайёра дастгирӣ меёбанд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар ба масоили об вобаста аст, ки ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати ҳалли норасоии он бо мушкилоти зиёд рӯбарӯянд.

Мавриди қайд аст, ки дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхи хурду бузург, ки масоҳаташон ба 11146 километри мураббаъ баробар аст, 8 фоизи ҳудуди кишварро дар бар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳҳои Ҳисору Олой дар баландиҳои 3000-3500 то баландиҳои 3500-5300 метр ҷой гирифтаанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳои кишвар ба 845 километри мукааб баробар буда, пиряхҳои хурди масоҳаташон 1 километри мураббаъ танҳо 20 фоизи шумораи умумии пиряхҳои кишварро ташкил менамоянд, вале 85 фоизи ҳаҷми ях дар онҳо мутамарказ гардидааст. Дар пиряхҳои Тоҷикистон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле ин пиряхҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд.

Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра мебошад. Дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конференсияи сатҳи олӣ баргузор карда шуд. Бидуни шубҳа, қабули ин Қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешанд.

Лозим ба қайд аст, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ, соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.

Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мо мебошад, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаи об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд. Имрӯзҳо дар ҷомеаи илмиву ҷамъиятии мамлакати мо дар партави ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қатъномаи қабулгардида як ҳавои ҳамрайъӣ ва амалиёти мушаххас дар ҷодаи амалисозии барномаҳои нав дар омӯзиш ва амалҳои мушаххас барои ҳифзи пиряхҳо роҳандозӣ гардида истодаанд. Таъсиси Маркази пиряхшиносӣ дар кишвар аз аввалин иқдомҳои саривақтиву дуруст дар ин ҷода мебошад.

Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳо дар як муддати кўтоҳ ҷиҳати тадқиқу омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қарокӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳими пажуҳишӣ анҷом доданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Маркази омӯзиши пиряхҳо дар доираи Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон экспедитсияҳои муштарак ташкил намуданд, ки дар он мутахассисони пажуҳишгоҳҳои Швейтсария низ ширкат варзиданд.

Воқеан, манбаъҳои обӣ, хусусан пиряхҳои Тоҷикистон, як мавзеи нотакрор ва майдони нодире ҳастанд, ки таҳқиқоти муштараки байналмилалиро тақозо мекунанд. Ҷолиб аст, ки барои ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд асноди меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, аз ҷумла:

– Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030;

– Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025;

– Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои солҳои 2008-2020;

- Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030;

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030;

- Стратегияи рушди иқтисоди «Сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 ва ғайра.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли ин масъалаи глобалӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвишу изтироб овардааст, нақши муҳим мегузорад.

Кўҳзод Шодиев, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ