РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва тағйирёбии муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти рӯзафзун пайдо мекунад. Ҷавонон қишри фаъол ва неруи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлат ва самти рушди онро муайян менамоянд. Аз ин рӯ, шинос намудани онҳо бо таърихи истиқлолият, марҳилаҳои ташаккули давлатдорӣ ва арзишҳои конститутсионӣ вазифаи муҳими муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа мебошад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи санаҳоест, ки метавонад барои баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва сиёсӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ таҷлили ин рӯз бояд на танҳо бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатию тарбиявӣ маҳдуд гардад, балки барои муҳокимаи масъалаҳои муҳими давлатдорӣ, омӯзиши Конститутсия, таҳлили рӯйдодҳои таърихӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён имконият фароҳам созад.
Донишҷӯ бояд дарк намояд, ки ватандӯстӣ танҳо эҳсоси муҳаббат ба сарзамин ё ифтихор аз таърихи гузашта нест. Ватандӯстии воқеӣ дар муносибати масъулона ба таҳсил, азхудкунии касбу ҳунар, риояи қонун, эҳтироми забони давлатӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа зоҳир мегардад.
Барои ҷавонони муосир ватандӯст будан, пеш аз ҳама, маънои мутахассиси босавод, дорои тафаккури мустақил ва рақобатпазир буданро дорад. Кишваре, ки ҷавонони донишманд, соҳибкасб ва дорои ҷаҳонбинии васеъ дорад, метавонад дар иқтисоди ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кунад. Аз ин рӯ, рушди илму маориф, дастгирии таҳқиқоти илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ва фаъолияти ҳар як муассисаи таълимӣ бошанд.
Дар ин раванд нақши омӯзгор ва олим низ хеле муҳим аст. Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги шаҳрвандии насли ҷавон мебошад. Бо шарофати омӯзиши воқеъбинонаи таърих, таҳлили ҳуҷҷатҳои расмӣ ва истифодаи сарчашмаҳои боэътимод донишҷӯён метавонанд рӯйдодҳои гузаштаро дуруст арзёбӣ намуда, робитаи байни таърих, давлатдорӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дарк намоянд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар ҳамчун санаи дорои мазмуни муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Пайдоиши он бо рӯйдодҳои сарнавиштсози солҳои 1992 ва 1994, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ташаккули низоми президентӣ ва қабули тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар соли 2016 алоқаманд мебошад.
Омӯзиши таърихи ин сана нишон медиҳад, ки давлатдорӣ дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ ташаккул ёфта, пойдории он аз субот, ваҳдат, қонуният ва масъулияти шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент бояд пеш аз ҳама ба таҳкими эҳтиром ба Конститутсия, Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мусоидат намояд.
Барои насли ҷавон ин рӯз бояд на танҳо муносибати идона, балки дарси таърих, худшиносӣ ва масъулият бошад. Ҳар як донишҷӯ, омӯзгор, олим ва мутахассис метавонад бо фаъолияти софдилона, донишандӯзӣ, эҷодкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ дар рушди Тоҷикистон саҳм гузорад.
Миллате, ки таърихи худро меомӯзад, сулҳу суботро қадр мекунад, ба илму маърифат такя менамояд ва барои ояндаи худ масъулият эҳсос мекунад, метавонад дар ҷаҳони муосир мавқеи устувори худро ҳифз намояд. Аз ин рӯ, мазмуни аслии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон дар пайванди таърих бо имрӯз, эҳтиром ба давлатдорӣ бо масъулияти шаҳрвандӣ ва ифтихор аз гузашта бо талош барои ояндаи ободу пешрафта дид.
Тоҷикистон хонаи умумии мост. Ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободии сарзамин ва тарбияи насли донишманду созанда вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Зебохон ТОҶИДИНОВА,
н.и.и, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии
факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng