РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН РАМЗИ ВАҲДАТ
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам робитаи ногусастанӣ доранд, зеро Иҷлосияи XVI дар шароити ниҳоят ҳассоси таърихӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи муҳим фароҳам овард.
Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ, ки 6 ноябри соли 1994 баргузор гардид, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд. 16 ноябри соли 1994 маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.
Ин ду рӯйдоди муҳим моро ба омӯзиши таърих, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ ҳидоят менамоянд. Мо бояд дарк намоем, ки давлатдорӣ танҳо аз сохтору мақомоти давлатӣ иборат нест. Давлатдорӣ, пеш аз ҳама, масъулияти муштараки тамоми шаҳрвандон, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва талош барои таъмини зиндагии шоиста мебошад.
Мутобиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия - Ҳукумат буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳалаҳои гуногуни рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, дар самтҳои мухталифи ҳаёти давлату ҷомеа ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст.
Дар даврони истиқлолият масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди миллӣ, рушди инфрасохтор, бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карданд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии ҷавонон тадбирҳои гуногун амалӣ карда мешаванд.
Дар дигар соҳаҳои ҳаёти давлатӣ низ ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихӣ, рушди забони давлатӣ, муаррифии фарҳанги тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, густариши робитаҳои дипломатӣ ва таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо давлатҳои ҷаҳон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Ҳамзамон, дар баробари дастовардҳои мавҷуда, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳамоно аз вазифаҳои муҳимми давлату ҷомеа боқӣ мемонанд.
Мо имрӯз дар замоне зиндагӣ мекунем, ки пешрафти давлат пеш аз ҳама ба илму дониш, технологияҳои муосир, тафаккури созанда ва масъулияти шаҳрвандон вобастагии зиёд дорад. Ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи давлат бояд аз таърихи гузаштаи худ сабақ гирифта, бо донишандӯзӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои насли ҷавон танҳо шиносоӣ бо санаҳои таърихӣ нест, балки дарки масъулият дар назди Ватан, эҳтиром ба истиқлолият ва шинохти арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди ватандӯст бояд таърих ва фарҳанги миллати худро омӯзад, забони давлатиро гиромӣ дорад ва ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузорад.
Дар маҷмӯъ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба таърихи давлатдории миллӣ арҷ гузошта, барои ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори кишвар масъулияти бештар эҳсос намоем. Зеро ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми қонун ва саҳми созандаи ҳар як шаҳрванд заминаи муҳимми пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.
Ш. БЕГМИРЗОЕВ,
С. МУЪМИНЗОДА,
омӯзгорони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng