ПРЕЗИДЕНТ - САРВАРИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ, забони ширину шоирона ва мардуми меҳнатдӯст мебошад. Мардуми тоҷик дар тӯли таърих барои ҳифзи забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти худ талошҳои зиёд намудаанд. Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, роҳи минбаъдаи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро интихоб намояд.
Роҳбарияти сиёсӣ ва сохторҳои идоракунӣ дар таъмини фаъолияти муназзами ҷомеа аҳаммияти калон доранд. Яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ мақоми Президент мебошад. Президент ҳамчун сарвари давлат дар муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҳифзи истиқлолият, таъмини амният ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми Президент тибқи Конститутсия муайян карда шудааст. Президент сарвари давлат буда, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар мебошад.
Мавзуи Президент ва нақши ӯ дар давлатдорӣ аз масъалаҳои муҳимми омӯзиши ҳуқуқ, таърих, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба шумор меравад. Омӯхтани ин мавзуъ ба ҳар як шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар бораи сохтори давлат, вазифаҳои сарвари давлат, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва аҳаммияти қонунгузорӣ маълумоти бештар пайдо намояд.
Калимаи «Президент» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маънои «раисӣ кардан» ё «дар раъси маҷлис қарор доштан»-ро ифода мекунад. Дар низоми сиёсии давлатҳои муосир Президент одатан сарвари давлат ба ҳисоб меравад. Мақом ва ваколатҳои ӯ вобаста ба шакли идоракунии давлат ва меъёрҳои конститутсионӣ фарқ мекунанд. Дар баъзе давлатҳо Президент ҳамзамон роҳбари ҳокимияти иҷроия мебошад, дар давлатҳои дигар бошад, ваколатҳои ӯ бештар хусусияти намояндагӣ доранд.
Президент рамзи ягонагии давлат ва намояндаи расмии он дар муносибатҳои дохиливу байналмилалӣ мебошад. Ӯ дар асоси Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда фаъолият намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда масъулият дорад. Дар ҷомеаи муосир фаъолияти Президент танҳо бо қабули қарорҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад. Масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва байналмилалӣ низ ба доираи фаъолияти роҳбарияти давлат дохил мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳимми Президент таъмини ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад. Барои идоракунии самараноки давлат ҳамкории ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ зарур аст. Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки фаъолияти Президент низ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо амалӣ мегардад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат ҳудуди ваколатҳо ва масъулияти мақомоти давлатиро муайян менамояд.
Бо гузашти вақт низоми президентӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон рушд ёфта, давлатҳо вобаста ба шароити таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии худ шаклҳои гуногуни идоракуниро интихоб намуданд. Дар асрҳои XIX ва XX низоми идоракунии президентӣ дар кишварҳои зиёде густариш ёфт. Дар баъзе давлатҳо Президент мустақиман аз ҷониби шаҳрвандон интихоб карда мешавад, дар давлатҳои дигар бошад, интихоботи Президент тавассути мақомоти намояндагӣ ё ниҳодҳои махсуси интихоботӣ сурат мегирад.
Президент яке аз ниҳодҳои муҳимми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он дар доираи ваколатҳои конститутсионӣ барои таъмини суботи сиёсӣ, ҳифзи истиқлолият ва рушди устувори кишвар аҳаммияти калон дорад. Рушду ободии мамлакат на танҳо ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон низ вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҷомеа масъулияти баланд эҳсос намояд. Мо бояд бо донишандӯзӣ, меҳнати содиқона ва фаъолияти созанда барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз талош варзем.
Рухшона ИБРАГИМОВА,
ассистенти кафедраи табиатшиносии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng