«Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани рақобатпазирии он мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шуда, ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Дар натиҷаи ин сиёсати дурбинона, низоми маорифи кишвар ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонида шуда, заминаи рушди илму маърифат таҳким ёфт. Бо мақсади рушди тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ, солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардида, озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шуд.

Дар солҳои истиқлолият дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида, шароити таълим беҳтар карда шуд. Маблағгузорӣ ба соҳаи маориф мунтазам афзоиш ёфта, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос густариш ёфтанд. Имрӯз ҳазорҳо донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд.

Илова бар ин, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ афзоиш ёфта, сатҳи фарогирии аҳолӣ ба таҳсил ба маротиб беҳтар гардид. Натиҷаи ин тадбирҳо болоравии сатҳи саводнокӣ ва рушди неруи инсонӣ дар кишвар мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки Пешвои миллат маорифро омили муҳими рушди давлат ва наҷоти миллат арзёбӣ намуда, омӯзгорон ва аҳли илмро ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ кардаанд.

Дар маҷмуъ, сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф заминаи устувори рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварро фароҳам оварда, барои бунёди ҷомеаи донишбунёд ва рақобатпазир мусоидат менамояд.

Сураёхон АБДУСАТТОРЗОДА

н.и.и., омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии ДДМИТ