ШИРКАТ ДАР БАРНОМАИ «МУБОДИЛАИ ДОНИШҶӮЁН» БАРОЯМ ИМКОНИЯТҲОИ ВАСЕЪ ФАРОҲАМ ОВАРД
Хушбахтам, ки ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дохил шуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил дорам.
Хурсанд аз онам, ки тибқи барномаи «Мубодилаи донишҷӯён» семестри 3-юми соли хониши 2025-2026-ро дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург (СПбГЭУ)-и шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия хондам.
Ҳадафи асосии иштирок дар ин барнома шиносоӣ бо низоми таҳсилоти олӣ дар донишгоҳи қабулкунанда, омӯзиши таҷрибаи пешқадами таълимӣ, истифодаи усулҳои муосир ва инноватсионӣ дар раванди таълим, инчунин, ташаккули донишҳои назариявӣ ва амалии донишҷӯён мебошад. Илова бар ин, барнома ба рушди ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Дар ҷараёни сафар донишҷӯён имкон пайдо карданд, ки дар лексияҳо, семинару машғулиятҳои амалӣ ва дарсҳои кушод иштирок намоянд. Ҳамзамон, шиносоӣ бо инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла китобхонаҳо, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, лабораторияҳо ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир ба роҳ монда шуд. Муҳити таълимӣ ба он мусоидат менамуд, ки донишҷӯён малакаи кор бо сарчашмаҳои илмӣ, таҳлили маълумот ва иҷрои вазифаҳои мустақилонаро такмил диҳанд.
Донишгоҳи давлатии иқтисодии Санкт-Петербург яке аз муассисаҳои пешрафтаи таҳсилоти олӣ ба шумор рафта, бо сифати баланди таълим ва нуфузи илмии худ машҳур мебошад. Хатмкунандагони ин таълимгоҳ дар соҳаҳои гуногуни иқтисод, менеҷмент, ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сиёсатшиносӣ ва дигар самтҳо фаъолияти касбии муваффақона доранд. Сабаби асосии ин муваффақият мутобиқ будани барномаҳои таълимӣ ба талаботи муосири бозори меҳнат ва ҳамгироии назария бо амалия мебошад.
Таълим дар донишгоҳ бар асоси принсипҳои шаффофият, воқеият ва сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Дарсҳо асосан бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, фаъолмандии донишҷӯёнро таъмин месозад. Омӯзгорон донишҷӯёнро ба муҳокима, таҳлили масъалаҳо, пешниҳоди фикрҳои мустақилона ва ҳалли масъалаҳои воқеии амалӣ ҷалб менамоянд.
Қисми муҳимми низоми таълим истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад. Платформаҳои таълимии онлайн, китобхонаҳои электронӣ, пойгоҳҳои илмӣ ва дигар захираҳои рақамӣ имкон медиҳанд, ки донишҷӯён дар ҳар вақт ба маводи таълимӣ дастрасӣ дошта бошанд. Ин равиш сатҳи худомӯзӣ ва масъулияти шахсии донишҷӯёнро баланд мебардорад.
Омӯзгорони донишгоҳ мутахассисони баландихтисос буда, дорои таҷрибаи бойи илмӣ ва амалӣ мебошанд. Онҳо дар раванди таълим аз усулҳои инноватсионӣ, лоиҳаҳои гурӯҳӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва омӯзиши ҳолатҳои амалӣ истифода мебаранд. Ин раванд ба ташаккули малакаҳои касбӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ ва қабули қарорҳои асоснок мусоидат мекунад.
Раванди санҷиши дониш вобаста ба фан ва хусусияти курс фарқ мекунад. Имтиҳонҳо метавонанд дар шакли корҳои хаттӣ, шифоҳӣ, тестҳо, ҳимояи лоиҳаҳо ва корҳои курсӣ баргузор гарданд. Пеш аз имтиҳон ба донишҷӯён маводи таълимӣ, лексияҳои ҷамъбастӣ ва машваратҳои иловагӣ пешниҳод карда мешаванд. Пас аз анҷоми имтиҳонҳо натиҷаҳо ба таври шаффоф эълон шуда, барои таҳлилу бартарафсозии ғалатҳо ва такмили донишҳо машваратҳо гузаронида мешаванд.
Дар донишгоҳ барои фаъолияти мустақилонаи донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Донишҷӯён вазифаҳои инфиродӣ, корҳои таҳқиқотӣ ва лоиҳаҳоро дар муҳлатҳои муайян иҷро намуда, натиҷаҳои онҳоро ҳимоя менамоянд. Ин таҷриба ба рушди масъулиятшиносӣ, интизом ва қобилияти банақшагирии вақт мусоидат менамояд.
Илова бар раванди таълим, барномаи мубодила имкон фароҳам овард, ки донишҷӯён бо фарҳанг, урфу одат ва тарзи зиндагии кишвари қабулкунанда шинос шаванд. Чунин таҷриба ба таҳкими муносибатҳои байнифарҳангӣ, баланд бардоштани таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ созгор мебошад.
Дар маҷмуъ, иштирок дар барномаи байналмилалии «Мубодилаи донишҷӯён» таҷрибаи хеле арзишманд ва судманд ба ҳисоб меравад. Ин барнома ба рушди касбӣ ва шахсии донишҷӯён, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ ва омодагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ дар шароити ҷаҳони муосир мувофиқ меояд.
Ба андешаи ман, густариши чунин барномаҳо ва ширкати фаъол доштан дар онҳо дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокӣ, васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии донишҷӯён, рушди шахсият ва ниҳоят, қобилияти зеҳнии мутахассисони оянда нақш ва аҳамияти бузург дорад.
Юсуф ДАВЛАТЁРЗОДА,
донишҷӯи курси 2-и ихтисоси 1-25010407 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ
Тоҷ
Рус
Eng