Устод Айнӣ дарси ахлоқу одобро аз падару модари меҳрубонаш омӯхта буд ва худаш низ мисли падараш ба тарбияи фарзандон аҳамияти калон медод. Ӯ қайд мекунад, ки шохи ҷавониро шикаста, дар ҷавонӣ хонадор кардани фарзанд маънии ғамхории падару модарро надорад, балки ҷавонро маҷбур мекунад, ки минбаъд дар тамоми ҳаёти худ чӣ будани зиндагӣ, алалхусус ишқу муҳаббати ҳақиқии инсонро нафаҳмад, илова бар ин, ҳаёти ояндаи ӯ талху торик гузарад. Устод дар ин бора дар «Ёддоштҳо» чунин гуфтааст: «Вақте ки падарам ин қисми саргузашти худро ҳикоя мекард:

- Ман барои хондан ишқу ҳаваси бисёр доштам, бинобар ин намехостам, ки хонадор шуда аз хондан боз монам... Лекин бо ҳамаи ин шавқи хонданро ҳеҷ аз ёд набаровардам». [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. – С.14]

Бо ин мисол устод падару модарро огоҳ мекунад, ки камолоти пурраи фарзандро аз хотир набароранд. Нисбат ба ин масъала бояд ҷиддӣ бошанд.

Ғайр аз ин, устод Айнӣ ба падару модарон таъкид мекунад: ҳар ваъдае, ки онҳо ба фарзанд доданд, албатта иҷро карданашон шарту зарур аст, дар акси ҳол фарзанд дурӯғгӯй ва нобовар тарбия ёфта ба камол мерасад.

Баъзе модарон задан, тарсу ваҳм додани фарзандро асоси тарбия меҳисобанд, ки ин тамоман нодуруст ва барои ҳаёти ояндаи кӯдак зарарнок аст. Ӯ ин тарзи тарбияро дар асари худ «Мактаби кӯҳна» сахт танқид кардааст. Ӯ менависад: «Мактабдор халифаро ба пеши худ ҷеғ зад. Ӯ ҳам бо вуҷуди ин, ки ҳозир аз мактабдор он ҳама чӯбро хӯрда буд, бе ҳеҷ тарсу бим ба пеши ин золим омад».

Аз ин гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки халифа, азбаски аз мактабдор борҳо чӯб хӯрда буд, дигар аз задану дӯғу пӯписаҳои ӯ тарсу ҳарос надорад.

Ҳамин тавр, задан усули нодурусти тарбия буда, боиси он мешавад, ки кӯдак фиребгару гапнодаро, дурӯғгӯ, худписанд тарбия меёбад.

Дар ҷои дигар устод Айнӣ аз номи падар (Усто амак) чунин менависад: « - Ту тарсидӣ, ки ман Икром-акаатро мезада бошам, не, ман намезанам. Хар бачаашро намезанад, гов бачаашро намезанад, одам чаро фарзанди худро занад, ман ӯро ҳунар ёд гирад, гуфта, пӯписа кардам» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С. 70-71].

Аз ин гуфтаҳои устод маълум мешавад, ки дар тарбияи фарзанд аз тарафи падару модар ба кор бурдани қувваи ҷисмонӣ аз қоидаю қонун ва одоби инсонӣ берун мебошад.

Саидмуродхоҷа фарзандони худро ба пул одат намекунонд, зеро ӯ нағз медонист, ки пулпараст кардани фарзанд оқибати нек надорад. Баръакс, падар кӯшиш мекард, ки ба фарзандонаш маънии мушкилиҳои зиндагӣ ва сарфи рӯзгорро фаҳмонад. Вақте ки Айнӣ ва бародараш аз падарашон ҳалвои равғанӣ мехоҳанд, падар хоҳиши онҳоро рад намекунад ва ҳамсарашро ҷеғ зада мегӯяд: « - Ҳар дуи инҳо маслиҳат кардаанд, ки ман имрӯз ба инҳо ҳалвои равғанӣ гирифта диҳам. Майлаш, имрӯз рӯзи бозор аст, шаби бозорашон ҳамин мешавад. Дигар чиз пухтан даркор не» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С. 28].

Бародарон аз ин гуфтаҳои падари ғамхор худ ба маънии норасоии рӯзгор сарфаҳм мераванд.

Падару модари устод дар тарбия намудани фарзандони худ як хел муносибат карда, дар ин кор ҳамфикру ҳаммаслак буданд, ки асоси тарбия ҳам ана ба ҳамин вобаста аст.

Дар тарбияи фарзанд ҳамфикр набудани падару модар кӯдакро ба дараҷае оварда мерасонад, ки танбал, коргурез, гапногир, бадахлоқ шуда, ба қадри падару модар намерасад, то охири ҳаёти умраш дар назди онҳо қарзи фарзандиро ба ҷо намеоварад.

Падари устод ба масъалаи ишқу муҳаббат низ аҳамияти калон медод. Вай намегузошт, ки фарзандонаш дар хурдӣ маънии ишқу ошиқиро бифаҳманд. Ҳатто вақте ки ба ӯ дар бораи маъниҳои ишқии шеърҳо савол медиҳад, вай ҷавоб медиҳад, ки «Ҳоло ба ту, барои фаҳмидани ин гуна чизҳо вақт нарасидааст, калон шавӣ, мефаҳмӣ».

Падарони ғамхор нағз мефаҳманд, ки агар кӯдак давраи камолотро аз сар нагузаронида, ба маънии ишқу муҳаббат ба ӯ маълумот дода шавад, он гоҳ ин кор ба тараққиёти фикрӣ ва ҷисмонии кӯдак зарари калон мерасонад.

Падари устод, чӣ тавре ки дар боло гуфтем, фарзандони худро назадааст ва ба онҳо гапи сахт ҳам нагуфта буд, аммо танбеҳ медод. Зеро танбеҳи бошуурона ва ҳаққонӣ ба кӯдак таъсири хуб мебахшад.

«Падарам ҳарчанд асабии гузаро бошад ҳам, маро назадааст ва сахт ҷанг накардааст. Дар вақтҳое, ки ман ёд дорам, ӯ маро танҳо ду бор танбеҳ дода буд» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С. Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С. 147].

Танбеҳи аввали падар он буд, ки онҳо як хар доштанд, вақте кас ба ёлаш расад динг-дингкунон ҳаллос мезадааст. Вақте пешин шуда гармӣ шиддат кард, падар аз писар хоҳиш мекунад, ки аз ёбон харро гирифта орад. Лекин савор нашавад, ки ногоҳ дасташ ба ёлаш расида ӯро гирифта ба замин назанад. Садриддин ёбон рафта, харро кушода гирифт ва фикре ба сараш зад «Чӣ лозим аст, ки хари тайёрро салт бурда худ пиёда равам» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С.147]. Вақте ӯ болои хар менишинад аз наздаш ҷӯйча мебарояд ва ӯ аз болои хари бетӯқум ғежида беихтиёр ба ёли хар мечаспад. Пасон ба замин афтода дасташро аз ду ҷояш мешиканад. Устод менависад: «Падарам расида омад. Аммо маро назад ва ҷанг ҳам накард. Баъд аз дидани дасти зарбхӯрдаи ман ҳамин қадар гуфт, ки: - Аз гапи ман баромада аз даст ҷудо шудӣ. Азбаски ин дасти рост аст, барои ту боз ҳам сахт аст, чунки ту акнун хат навишта наметавонӣ... Дар вақти ҷобаҷокунӣ, шикастабанд чунон сахт фишурд, ки садои шиқири карда ба ҷояш даромадани устухони оринҷ шунида шуд...Падарам ин гуна пуртоқатии маро дида: - Офарин, писарам! - гуфт» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С. 148].

Танбеҳи дигари падар он будааст, ки боре устод Айнӣ аз бозор меояд, падараш аз ӯ мепурсад, ки кадом шиносҳоро дидааст. Вай номи шинос ва суханҳои таъинкардаи ӯро аз хотир фаромӯш карда, ба падараш аз худ гапҳои бофта мегӯяд.

Вақте ки он шахс ба хонаи онҳо меояд, падараш Айниро ба назди меҳмон ҷеғ мезанад ва меҳмон гапҳои таъин кардаи худро айнан нақл мекунад, ки он аз гуфтаҳои Айнӣ тамоман фарқ дошт.

Айнӣ аз хиҷолат суп-сурх мешавад ва падараш танбеҳ дода мегӯяд: «Ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯй, ки ҳам шарманда мешавӣ, ҳам бадном» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С.Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С. 149-150].

Оре, дурӯғгӯӣ яке аз хислатҳои бадтарини инсон аст ва шахси дурӯғгӯ ҳеҷ гоҳ дар байни ҷамъият обрӯ ва иззату эҳтиром надорад.

Падари устод ин чизро нағз мефаҳмид ва барои ҳамин ҳам кӯшиш мекард, ки фарзандонаш аз хурдӣ ростқавлу ростгӯ ва поквиҷдон тарбия ёфта, ба камол расанд.

Бояд ҳар як падару модар фарзандони худро тарзе тарбия намояд, ки онҳо ба гуноҳҳои содиркардаи худ иқрор шаванд. Вале афсӯс, ки баъзе падару модарон ба ин тарафи масъалаи тарбия чандон аҳамият намедиҳанд.

Серталабӣ ва меҳрубониро дар тарбияи кӯдак баробар донистан лозим аст. Зеро беҳуда нагуфтаанд: «Бача азиз, одобаш аз вай азизтар аст».

Дар ҳамон вақт баъзе ҷавононе буданд, ки аз ҳисоби падарони худ зиндагӣ мекарданд. Вале падари устод бошад, ба он мекӯшид, ки фарзандонаш соҳиби хату савод, илму ҳунар бошанд, ки ин дар рӯзҳои мушкилӣ албатта ба кор хоҳад омад.

Устод Айнӣ менигорад: «Амак ба гулӯи ӯ ду қошуқ об рехт.

- Бас, - гуфт падарам ва чашмонашро ба тарафи ман гардонида сухани худро давом дод:

- Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!...» [Айнӣ, С. Ёддоштҳо / С. Айнӣ. - Куллиёт/ Ҷ. 6. - Душанбе: Нашрдавлтоҷ, 1962. - С.170]

Падари устод Айнӣ то нафаси вопасин барои илм андӯхтану босавод гаштани фарзандонаш кӯшиш мекард.

Мо хуб медонем, ки худи устод Айнӣ низ фарзандонаш Холида, Камолиддин ва Лутфияро хуб тарбия намуда, ба онҳо илм додааст.

Аз хотираҳои фарзандон ва мактубҳои худи устод пай бурдан мумкин аст, ки ӯ чӣ тавр аз муваффақияту пешравии фарзандонаш шод мегашт. Дар мавриди ҷигарбандонаш бисёр меҳрубонона ва ғамхорона сухан мегуфт.

Мо дар симои падари Айнӣ ва худи устод беҳтарин падар, тарбиятгар, омӯзгореро мебинем, ки барои тарбияи дурусти фарзандон вақти худро дареғ намедоштанд. Онҳо ба вазнинии кору рӯзгор ва мондашавии худ нигоҳ накарда, барои тарбияи фарзандонашон мунтазам заҳмат мекашиданд.

 

Наргис АСЛОНОВА,

д.и.ф., профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ