ШУҶОАТ ВА САХОВАТ ДАР МАКТАБИ ИНСОНИЯТ
Дар фарҳанги ғании маънавии мо, ки тӯли асрҳо бо ҳикмати орифон ва андешаи ҳакимон парвариш ёфтааст, мафҳумҳои «мардӣ» ва «саховат» на танҳо сифатҳои ахлоқӣ, балки меъёрҳои асосии шинохти инсон ба шумор мераванд. Байти маъруф:
Зи мардони далер мардӣ биҷӯ,
Зи дасти сахопеша фардӣ биҷӯ,
чун як дастури зиндагисоз, роҳи расидан ба камолоти инсониро дар ду ҷабҳаи муҳим иродаи қавӣ ва рӯҳи пок нишон медиҳад.
Иродаи шикастнопазир: мардӣ ва далерӣ. Дар ин ҷо «далерӣ» танҳо шуҷоати ҷисмонӣ нест, балки пеш аз ҳама, шуҷоати ахлоқист. Мардӣ дар анъанаи ҷавонмардӣ маънои истодагарӣ дар баробари беадолатӣ, вафодорӣ ба арзишҳои олӣ ва пирӯзӣ бар заъфҳои ботиниро дорад.
Инсон бояд аз шахсоне ибрат гирад, ки дар имтиҳонҳои сахти зиндагӣ устувор мондаанд. Зеро таҷрибаи ҳақиқӣ ва ҳикмати зиндагӣ маҳз дар ҳамин гуна шахсиятҳо таҷассум меёбад.
Мисраи дуюм моро ба ҷаҳони ботинии инсон раҳнамун месозад. «Фардӣ» ҷустан аз сахопеша маънои расидан ба дараҷаи волои инсониятро дорад.
Саховат на танҳо бахшидани мол, балки таҷаллии рӯҳи бузург аст. Инсон вақте аз манфиати шахсии худ ба хотири дигарон мегузарад, аз маҳдудияти худ раҳо ёфта, ба камолоти маънавӣ мерасад. Маҳз саховат инсонро аз доираи худхоҳӣ берун бурда, ба шахсияти барҷаста табдил медиҳад.
Шуҷоат ва саховат ду рукни ҷудонопазири камолоти инсонанд. Шуҷоат ба инсон қудрат мебахшад, то бар зидди беадолатӣ ва заъфҳои худ мубориза барад ва саховат ин қудратро бо меҳрубонӣ ва инсондӯстӣ тавозун медиҳад.
Танҳо дар ҳамоҳангии ин ду сифат инсон метавонад ба марҳилаи ҳақиқии фардият бирасад.
Фирдавс АБДУҒАФФОРЗОДА,
муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng