ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОН
Истиқлоли давлатӣ яке аз арзишҳои олӣ ва муқаддаси ҳар як миллат ба шумор меравад. Он рамзи озодӣ, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва пояи асосии давлатдории мустақил мебошад. Барои ҳар як халқ, ба даст овардани истиқлолият маънои соҳиб шудан ба ҳуқуқи мустақилона муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дорад. Соҳибистиқлолӣ ба миллат имкон медиҳад, ки забон, фарҳанг, урфу одат ва арзишҳои миллии худро ҳифз ва рушд диҳад.
Барои мардуми Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рӯйдоди бузурги таърихӣ ва сарнавиштсоз маҳсуб меёбад. 9-уми сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон намуд. Ин сана оғози давраи нави таърихӣ барои миллати тоҷик гардид. Ҳар сол ин рӯз бо эҳтироми хоса ва шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, зеро он рамзи озодӣ ва соҳибдавлатии миллат аст.
Соҳиб шудан ба истиқлолият барои Тоҷикистон осон набуд. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти ҷиддӣ, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Ин давра барои мардуми тоҷик санҷиши сахт буд. Аммо бо хиради сиёсӣ, иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи фарзандони ватандӯст сулҳу субот барқарор гардид. Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад, барои рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор гузошт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистони азиз ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иқтисод, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг рушд карданд. Сохтмони роҳҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, мактабҳо ва беморхонаҳо далели равшани пешрафти кишвар мебошанд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва сулҳпарвар шинохта шудааст ва бо кишварҳои гуногун робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд дорад.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар давраи истиқлолият эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ ва забони тоҷикӣ мебошад. Забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ мавқеи худро мустаҳкам намудааст. Арзишҳои фарҳангӣ, анъанаҳо ва мероси таърихии миллат эҳё гардида, ба насли наврас омӯзонида мешаванд. Ин ҳама ба болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.
Истиқлолият на танҳо ҳуқуқу озодӣ, балки масъулият низ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки барои ҳифз ва таҳкими истиқлолият саҳм гузорад ва ба илму дониш рӯй оварда, меҳнатдӯст бошад ва барои сулҳу субот талош кунем. Ҷавонон, махсусан, неруи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва ояндаи давлат аз дониш, малака ва ҷаҳонбинии онҳо вобаста аст.
Ҳифзи ин неъмати бебаҳо Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Барои нигоҳ доштани он ва пешрафти давлат, ҳамбастагӣ, ваҳдат ва эҳтироми якдигар хеле муҳим аст. Танҳо бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонем Тоҷикистони азизро боз ҳам ободтару пешрафтатар гардонем.
Дар ҳақиқат, истиқлол неъмати бебаҳоест, ки барои ба даст овардани он миллати тоҷик роҳи душворро тай намудааст. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки ин дастоварди бузургро ҳифз намоем ва барои ояндаи дурахшони Ватан саҳми худро гузорем. Зеро танҳо дар шароити истиқлолият миллат метавонад озодона рушд кунад ва ба қуллаҳои нав ноил гардад.
Эраҷи МАҲМАД,
эдвайзер оид ба таълими факултети менеҷмент ва ҳуққуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng