Ман дар кишваре ба воя расидаам, ки садои тир ва даҳшати ҷангро танҳо аз нақли калонсолон мешунавам. Имрӯз бе тарсу ҳарос ба донишгоҳ меравам, бо дӯстонам суҳбату ханда мекунам ва барои ояндаи худ нақшаҳо мекашам. Замоне ҳамаи ин бароям як амри табиӣ ва муқаррарӣ менамуд. Аммо бо гузашти вақт ва афзудани донишу таҷриба бештар дарк мекунам, ки чунин зиндагии орому осуда ба осонӣ ба даст наомадааст.

Дар солҳои навадуми асри гузашта мардуми Тоҷикистон рӯзҳои сангину фоҷеабори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд. Дар натиҷаи ин даргирии даҳшатбор, тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, беш аз 100 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор нафар аз хонаву кошонаи худ маҳрум ва овора шуданд. Модарони зиёде фарзандони худро аз даст доданд, оилаҳои бешумор пароканда гардиданд ва зиндагии ҳазорон нафар зери таъсири ҷанг хароб шуд.

Ҳар гоҳе ки дар бораи он рӯзҳои мудҳиш мешунавам, ба андеша меравам: агар имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмфармо намебуд, сарнавишти ман ва ҳамсолонам чӣ гуна мешуд? Оё мо метавонистем таҳсил кунем, орзу созем ва барои ояндаи дурахшон талош намоем?

Дар он рӯзҳои тақдирсоз барои наҷоти миллат, пеш аз ҳама, сулҳу субот, муколама ва ризоияти миллӣ зарур буд. Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва иштироки ҷонибҳои даргир раванди музокироти сулҳ оғоз гардида, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Дар ин марҳилаи ҳассоси таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги роҳбарии давлат ва таъмини сулҳу суботро ба зимма гирифта, барои расидан ба ваҳдати миллӣ талошҳои зиёд намуданд.

Ман ин рӯйдодро яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини миллати тоҷик медонам. Маҳз ба шарофати истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз мо ҳамасола 27 июнро ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил менамоем.

Барқарор гардидани сулҳу субот барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овард. Тоҷикистон ба марҳилаи нави созандагӣ ворид гардид. Мактабу донишгоҳҳо фаъолияташонро густариш доданд, роҳҳо ва иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд шуданд ва барои таҳсили ҷавонон имкониятҳои бештар фароҳам омаданд.

Ман ҳамчун донишҷӯи ихтисоси омор мехоҳам ин ҳақиқатро бо забони илми худ ифода намоям: сулҳ асоси рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиёт мебошад. Дар шароити сулҳу субот имкониятҳои иқтисодӣ афзоиш меёбанд, нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ беҳтар мешаванд ва барои татбиқи барномаҳои созанда шароити мусоид ба вуҷуд меояд. Бе сулҳу амният расидан ба пешрафти воқеӣ ва рушди устувор ғайриимкон аст.

Ҳамчунин, боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускору сулҳпарвар шинохта шудааст. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза ва солҳои 2005–2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон намуд. Ин ташаббусҳо нишон доданд, ки Тоҷикистон, сарфи назар аз масоҳат ва имкониятҳои худ, метавонад дар ҳалли масъалаҳои муҳими глобалӣ саҳми арзанда гузорад.

Дар охири соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони олии «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дода шуд. Ба андешаи ман, ин унвон на танҳо эътирофи хизматҳои таърихӣ, балки ёдоварӣ аз арзиши бузурги сулҳу ваҳдат ва масъулияти ҳифзи ин неъмати бебаҳо мебошад.

Рӯзи 16 ноябр, ки дар кишвари мо ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, барои ман фурсати муносибест, то эҳтиром ва сипоси худро баён намоям. Ин рӯз моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлатдории миллӣ назар афканда, арзиши истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк намоем.

Хулоса, ман ҳамчун як ҷавони тоҷик ва донишҷӯи кишвар аз он ифтихор мекунам, ки дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ ва таҳсил менамоям. Барои ин неъмати бузург ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоям. Албатта, ояндаи ободу осудаи Ватан танҳо бо заҳмати содиқона, донишандӯзӣ ва масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд таъмин мегардад.

Ман низ ваъда медиҳам, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дониш ва малакаи худро барои пешрафти Тоҷикистони азиз равона месозам, ба Ватан содиқ мемонам ва сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун арзиши муқаддас ҳифз менамоям.

 

Абдуҳаким ҶАМОЛОВ,

донишҷӯи курси якум, ихтисоси омори ДДМИТ