АҲАМИЯТИ МУҲИМИ СИЁСИВУ ТАРБИЯВИИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16 ноябр дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун яке аз санаҳои муҳимми сиёсиву давлатӣ ҷойгоҳи хос дорад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо як санаи тақвимӣ, балки фурсати муносиб барои омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолият мебошад.
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Ин иҷлосияи тақдирсоз дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии кишвар баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ва ояндаи Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ҳамчунин, 24 ноябри ҳамон сол Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Ин рӯйдодҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон нақши муҳим бозиданд.
Пас аз интихоботи президентии 6 ноябри соли 1994, 16 ноябри ҳамон сол Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Минбаъд, тибқи тағйиру иловаҳои қонунгузорӣ, ин сана ба тақвими расмии кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент сарвари давлат ва намояндаи олии он дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад. Фаъолияти Президент дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монда мешавад.
Ба андешаи ман, донистани таърихи ин сана барои ҳар як ҷавони тоҷик аҳамияти калон дорад. Зеро таърихи давлатдорӣ ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи миллат буда, омӯзиши он дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамасола ба муносибати ин сана дар муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои гуногуни сиёсиву маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки 16 ноябр ба хотири гиромидошти рӯзи савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст. Ин сана бо марҳилаи муҳими ташаккул ва таҳкими сохтори конститутсионии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистони муосир ҳамчун арбоби давлатӣ ва сиёсатмадор шинохта мешаванд. Фаъолияти роҳбарии ӯ ба давраи мураккаби ташаккули давлатдории соҳибистиқлол рост омадааст. Яке аз рӯйдодҳои муҳимми ин давра 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави сулҳу субот замина гузошт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Аз ҷумла, таҳкими сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ, бунёди роҳу нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимми ин давра ба ҳисоб мераванд.
Дар соҳаи энергетика низ лоиҳаҳои муҳими стратегӣ амалӣ гардида истодаанд. Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин лоиҳаҳои иқтисодиву энергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар соҳаи нақлиёт бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва нақбҳо барои беҳтар гардидани робитаи байни минтақаҳои кишвар мусоидат намуданд.
Ҳамзамон, ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҳифзи арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили ҷавонон ва дастгирии насли соҳибмаърифат аз самтҳои муҳимми рушди ҷомеа мебошанд.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи худро таҳким бахшида, ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатиро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон густариш медиҳад. Хусусан, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳифзи захираҳои об, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим сазовори таваҷҷуҳ мебошанд. Бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Ин иқдом бори дигар аз саҳми фаъоли кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ шаҳодат медиҳад.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, аҳамияти муҳими сиёсиву тарбиявӣ дорад. Ин сана моро водор месозад, ки таърихи давлатдории миллӣ, арзиши истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро амиқтар омӯзем ва қадр намоем.
Мо, ҷавонон, бояд бо омӯзиши илму дониш, аз худ намудани касбу ҳунар, риояи қонунҳо ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагӣ барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз талош намоем. Зеро ояндаи дурахшони Ватан аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии калон дорад.
Марям ТОИРОВА,
донишҷӯи курси якум, ихтисоси омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng