РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ, СУЛҲ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Дар таърихи навини ҳар як миллат санаҳое мавҷуданд, ки дар муайян намудани сарнавишти минбаъдаи давлат нақши муҳим бозида, дар хотираи мардум абадан нақш мебанданд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз чунин санаҳои муҳим 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин сана тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи ид муқаррар гардида, ҳамасола дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад.
Интихоби 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасодуфӣ нест. Ин сана бо рӯйдодҳои муҳимми таърихи давлатдории навини тоҷикон, аз ҷумла баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, робитаи таърихӣ дорад.
16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд. Ин иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи нав боз кард. 19 ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Маҳз дар ҳамин марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ заминаҳои муҳим гузошта шуданд.
Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 ва таъсиси ниҳоди президентӣ, 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ савганд ёд карда, фаъолияти худро ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ низоми идоракунии давлатӣ марҳилаҳои муҳими ташаккул ва такмилро паси сар намуд. Таҳкими сохторҳои давлатӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи амнияти миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи давлатдорӣ гардиданд.
Таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини кишвар рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд. Яке аз дастовардҳои бузургтарини ин давра барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави созандагӣ заминаи устувор гузошт.
Дар солҳои минбаъда кишвар ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардида, дар соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Бунёди роҳу нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимми рушди кишвар ба шумор мераванд.
Бояд таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо як чорабинии тантанавӣ набуда, балки имконияти муносиб барои арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба Конститутсия, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.
Ин сана, пеш аз ҳама, моро ба андеша дар бораи роҳи тайкардаи давлатдории миллӣ, арзиши сулҳу субот ва зарурати ҳифзи ваҳдати миллӣ водор месозад.
Барои насли ҷавон омӯзиши таърихи давлатдории миллӣ ва шинохти марҳилаҳои муҳими ташаккули Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳаммияти махсус дорад. Ҷавонон бояд аз таърихи миллат сабақ гирифта, бо дониш, маърифат, ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар пешрафти ҷомеа саҳм гузоранд.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоӣ, метавонад бо фаъолияти софдилона, риояи қонун, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан барои рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба муттаҳидӣ, худшиносӣ, эҳтироми арзишҳои давлатӣ ва талош барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳидоят мекунад.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми тақвими сиёсию давлатии мамлакат буда, рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати мардум мебошад. Ҳифзи ин арзишҳои муқаддас вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, бахусус насли ҷавон, ба ҳисоб меравад.
Бигзор дар Тоҷикистони азиз ҳамеша сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои созандагӣ пойдор бошад! Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон ва Ватани маҳбубамон ободу сарсабз бошад!
Завқибек НАСРИДДИНОВ,
донишҷӯи курси якуми ихтисоси 1-25010402 - кори бонкӣ
Тоҷ
Рус
Eng