Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, яке аз рӯйдодҳои сарнавиштсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ин иҷлосия дар шароите баргузор шуд, ки кишвар ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҳастии давлат ва ваҳдати миллӣ зери хатар қарор дошт. Дар чунин вазъияти мураккаб иҷлосияи мазкур нақши ҳалкунанда бозида, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард.

Яке аз рӯйдодҳои муҳимми Иҷлосияи XVI интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар ҷараёни иҷлосия як қатор қарорҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи асосии онҳо барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъмини амният ва фароҳам овардани заминаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ буд. Қарорҳои қабулшуда дар он давраи ҳассоси таърихӣ барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди давлатдории Тоҷикистон аҳаммияти бузург доштанд.

Ба андешаи мо, аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI танҳо бо қабули қарорҳои сиёсиву ҳуқуқӣ маҳдуд намешавад. Муҳимтарин дастоварди он эҳёи умед ба ояндаи осоишта, таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва фароҳам овардани замина барои муттаҳидсозии мардуми тоҷик буд. Бояд таъкид намуд, ки сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ арзишҳое мебошанд, ки ба осонӣ ба даст наомадаанд. Мардуми Тоҷикистон барои расидан ба ин ҳадафҳои бузург роҳи пуршебуфарози таърихиро тай намудаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳу оромӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад.

Имрӯз, дар шароите ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар самти рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмӣ қадамҳои устувор мегузорад, омӯзиши воқеаҳои таърихии солҳои аввали истиқлолият аҳаммияти хосса пайдо мекунад. Хусусан, ҷавонон бояд аз таърихи давлатдории миллӣ огоҳ бошанд, арзиши истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намоянд ва барои ҳифзу таҳкими дастовардҳои он масъулияти баланд эҳсос кунанд. Зеро огоҳӣ аз таърих яке аз омилҳои муҳимми ташаккули худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва зиёиёни кишвар басо муҳим аст. Маҳз тавассути таълиму тарбия, омӯзиши таърихи миллат ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ метавон насли худогоҳ, ватандӯст, соҳибмаърифат ва масъулиятшиносро ба камол расонд. Тарбияи чунин насл яке аз омилҳои асосии таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар ба шумор меравад.

Хулоса, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз ва саҳифаи муҳимми давлатдории навини тоҷикон боқӣ хоҳад монд. Он барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва оғози раванди сулҳу ваҳдати миллӣ заминаи устувор гузошт. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки бо арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва меҳнати содиқона дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем. Зеро ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот ва истиқлолият пояҳои асосии пойдории давлат ва саодату сарбаландии миллат мебошанд.

 

Шарофат ҚАЙСОВА,

омӯзгори кафедраи забони русӣ