Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи муҳимми барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таъмини суботи сиёсӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар мавқеи махсус дорад. Дар он давраи ҳассоси таърихӣ, ки вазъи сиёсиву иқтисодии мамлакат мураккаб гардида, фаъолияти як қатор сохторҳои давлатӣ халалдор шуда буд, масъалаҳои барқарор намудани идоракунии давлатӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва эҳёи иқтисодиёти миллӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо карда буданд.

19 ноябри соли 1992, дар рафти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд. Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти худ Сарвари давлат масъалаҳои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими сохторҳои давлатӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва эҳёи иқтисодиёти мамлакатро самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор доданд. Маҳз дар ҳамин марҳала зарурати барқарор намудани фаъолияти муназзами мақомоти молиявӣ, аз ҷумла сохторҳои масъули ҷамъоварии андоз ва таъмини воридоти даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ба миён омад.

Аҳаммияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар раванди ташаккул ва рушди низоми андози кишвар, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки қарорҳои он барои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таҳкими низоми идоракунӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ташкили низоми ягонаи иқтисодию молиявӣ мусоидат намуданд. Зеро фаъолияти самараноки мақомоти андоз танҳо дар шароити мавҷудияти сохтори устувори давлатӣ, заминаи мукаммали қонунгузорӣ, низоми муназзами идоракунӣ ва суботи сиёсиву иқтисодӣ имконпазир мебошад.

Дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, дар назди роҳбарияти нави давлат вазифаи ташкили низоми самараноки идоракунии молиявӣ ва андоз низ меистод. Бо назардошти ин зарурат, дар марҳалаи аввали ташаккули сохторҳои давлатӣ мақомоти махсуси андоз таъсис дода шуданд. Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1992 Сарраёсати идораи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, 19 феврали соли 1992 ин сохтор бо номи Сарраёсати давлатии идораи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро идома дод. Ин иқдом барои ташаккули низоми махсуси идоракунии андоз ва муайян намудани салоҳияту масъулияти мақомоти дахлдор заминаи ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Дар давраи аввали ташаккули низоми андози миллӣ навъҳои асосии андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда, аксизҳо, андоз аз даромади шаҳрвандон, боҷи давлатӣ, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва андози замин ҷорӣ карда шуданд. Татбиқи ин андозҳо ва ташаккули манбаъҳои даромади буҷети давлатӣ барои танзими муносибатҳои иқтисодӣ, ба низом даровардани уҳдадориҳои андозии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва таҳкими заминаҳои молиявии давлат мусоидат намуд.

Бо мақсади таҳкими фаъолияти мақомоти андоз ва баланд бардоштани самаранокии назорати андоз 4 майи соли 1995 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 221 Кумитаи андоз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин иқдом дар раванди ташаккули сохтори идоракунии андоз аҳаммияти муҳим дошта, барои тақвияти назорати риояи қонунгузории андоз, беҳтар намудани ҷамъоварии андозҳо ва таъмини воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ замина фароҳам овард.

Яке аз самтҳои муҳимми рушди низоми андоз такмили заминаҳои ҳуқуқии андозбандӣ мебошад. Дар ин самт 12 декабри соли 1998 таҳти № 664 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои андозӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупорандагон, ваколатҳои мақомоти андоз ва тартиби ҳисобу пардохти андозҳо муайян карда шуданд. Ҳамзамон, дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда шумораи андозҳои умумидавлатӣ то 14 намуд ва андозҳои маҳаллӣ то 3 намуд кам карда шуд.

Бо рушди иқтисодиёти миллӣ ва тағйир ёфтани муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ зарурати такмили минбаъдаи қонунгузории андоз ба миён омад. Дар ин замина, солҳои 2005, 2013 ва 2022 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардида, он бо назардошти талаботи замон ва марҳалаҳои нави рушди иқтисодиёт такмил дода шуд. Дар натиҷаи ислоҳоти анҷомдодашуда шумораи андозҳои умумидавлатӣ то 6 намуд ва андозҳои маҳаллӣ то 1 намуд кам карда шуданд. Ин раванд ба содагардонии низоми андозбандӣ, коҳиш додани сарбории маъмурӣ ва беҳтар гардидани шароити иҷрои уҳдадориҳои андозии субъектҳои фаъолияти иқтисодӣ мусоидат намуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии соҳибкорӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Дар ин замина, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ низомҳои махсус ва содакардашудаи андозбандӣ ҷорӣ карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар давраи рушди низоми андози кишвар аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозию гумрукӣ пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад ва муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 3–5 рӯз кам карда шуда, бақайдгирӣ ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст. Чунин тадбирҳо барои беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ, афзоиши фаъолияти иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва васеъ шудани манбаи андозбандӣ мусоидат менамоянд.

Дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳимми сиёсати андоз ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва густариши хизматрасониҳои электронӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат дар доираи сиёсати рушди иқтисоди рақамӣ ба масъалаи истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти андоз, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Рақамикунонии фаъолияти мақомоти андоз имкон фароҳам меорад, ки муносибатҳои байни андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ содатар, шаффофтар ва самараноктар гарданд.

Дар ин самт ҷорӣ намудани хизматрасониҳои нави давлатӣ дар шакли электронӣ, аз ҷумла таъсиси портали хизматрасонӣ барои иҷрои уҳдадориҳои андозии хоҷагиҳои деҳқонӣ, таҳияи санадҳои муқоисавӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ барои пешниҳоди машваратҳои шабонарӯзӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории андоз ва роҳандозии замимаи мобилии «Андози ман» аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Аҳаммияти ин ташаббусҳо дар он ифода меёбад, ки андозсупорандагон метавонанд қисми зиёди уҳдадориҳои андозии худро бе муроҷиати бевосита ба мақомоти андоз иҷро намоянд. Ин раванд ба сарфаи вақт, кам гардидани хароҷоти маъмурӣ, коҳиш ёфтани таъсири омили инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти иқтисодӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, таҳияи Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026–2030 ҳамчун заминаи муҳим барои идомаи ислоҳот ва такмили фаъолияти мақомоти андоз арзёбӣ мегардад. Татбиқи чунин барномаҳо метавонад ба баланд бардоштани самаранокии маъмурикунонии андоз, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва таҳкими муносибатҳои шарикона байни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мусоидат намояд.

Таҳлили марҳалаҳои ташаккул ва рушди низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, таҳкими низоми идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои фаъолияти муназзами низоми иқтисодию молиявии кишвар аҳаммияти муҳим дошт. Қарорҳои ин иҷлосия ва фаъолияти роҳбарияти нави давлат барои ташкили мақомоти андоз, такмили қонунгузории андоз ва барқарор намудани низоми идоракунии молиявӣ шароити заруриро фароҳам оварданд.

Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ташаккул ва рушди низоми андози кишвар назаррас мебошад. Сиёсати роҳбарияти давлат дар самти таҳкими мақомоти андоз, такмили қонунгузорӣ, содагардонии низоми андозбандӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ дар ташаккул ва рушди низоми муосири андози кишвар нақши муҳим бозидааст.

Низоми самараноки андоз на танҳо воситаи асосии сафарбар намудани маблағҳо ба буҷети давлатӣ, балки яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисоди миллӣ, таъмини суботи молиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Аз ин лиҳоз, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун марҳалаи муҳимми барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ташаккул ва такмили низоми андоз дар таърихи рушди иқтисодию молиявии кишвар мавқеи намоён дорад.

Баротзода Амирхон Холмирзо,

мудири кафедраи аудит ва назорати молиявӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент