ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ - ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ ВА РЕШАКАН НАМУДАНИ КОРРУПСИЯ
Дар яке аз суханрониҳои худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баррасии масъалаҳои маърифатнокӣ, арзишҳои миллӣ, ҳувият ва худшиносии миллӣ таъкид намуда буданд: «Миллати тоҷик миллати соҳибмаърифат ва дорои тамаддуни оламгир аст ва месазад, ки мову шумо арзишҳои миллӣ — мероси таърихию фарҳангӣ, таърихи куҳанбунёд, илму адабиёт ва ҳунари волои онро ба хотири расидан ба қадри истиқлолият, ҳувияти миллӣ, худшиносӣ ва давлату давлатдории навин пайваста омӯзему талқин намоем».
Ин андешаҳо ҳар як шаҳрванди кишварро ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои ахлоқӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамоянд. Зеро тарбияи маънавию ахлоқӣ яке аз омилҳои муҳимми ташаккули ҷомеаи солим, адолатпарвар ва қонунмеҳвар ба ҳисоб меравад.
Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоию иқтисодӣ ба рушди иқтисоди миллӣ, суботи сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Паҳншавии ин зуҳурот дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, нигаронкунанда мебошад, зеро он метавонад эътимоди мардумро ба қонун, адолат ва фаъолияти муассисаҳои давлатӣ коҳиш диҳад.
Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии коррупсия сатҳи нокифояи маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, надонистани талаботи қонунгузорӣ ва дарк накардани оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои коррупсионӣ мебошад. Баъзан шахсоне, ки дар муҳити носолими оилавию иҷтимоӣ тарбия ёфтаанд ё меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқиро нодида мегиранд, ба рафторҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Агар чунин амалҳо сари вақт пешгирӣ нашаванд, метавонанд тадриҷан ба як навъ одати нодурусти рафтор табдил ёбанд.
Дар баробари ин, мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ низ дар баъзе ҳолатҳо барои пайдо шудани заминаҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд. Масалан, бархе аз шахсон бо мақсади ҳалли мушкилоти рӯзгор, ба даст овардани ҷойи кор ё гирифтани хизматрасонии муайян ба роҳҳои ғайриқонунӣ рӯ меоранд. Аммо бояд дарк намуд, ки ҳеҷ гуна мушкилоти иқтисодӣ барои ришвадиҳӣ, ришваситонӣ ё сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ асос шуда наметавонад.
Омили дигари муҳим бепарвоӣ нисбат ба зуҳуроти коррупсионӣ ва таҳаммулпазирӣ ба чунин амалҳо мебошад. Вақте ки шаҳрвандон нисбат ба ришваситонӣ, порахӯрӣ ва дигар шаклҳои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ бетараф мемонанд, ин ҳолат метавонад барои густариши чунин зуҳурот замина фароҳам оварад. Аз ин рӯ, ташаккули мавқеи фаъолонаи шаҳрвандӣ ва муҳити тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия аҳаммияти махсус дорад.
Коррупсия, пеш аз ҳама, ба принсипи баробарии шаҳрвандон ва адолати иҷтимоӣ зарба мезанад. Вақте ки дониш, малака, қобилияти касбӣ ва меҳнати софдилона дар мадди аввал қарор намегиранд ва робитаҳои шахсӣ ё додани пора воситаи ба даст овардани мақом ва имтиёз мегарданд, ҷавонони лаёқатманд рӯҳафтода мешаванд. Дар натиҷа, эътимоди онҳо ба қонун, адолат ва имкониятҳои баробар коҳиш меёбад.
Ҳамзамон, амалҳои коррупсионӣ ба рушди иқтисодӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва ташаббусҳои созанда монеа эҷод мекунанд. Онҳо рақобати солимро маҳдуд намуда, истифодаи самараноки захираҳои молиявиро халалдор месозанд ва ба ҷалби сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия бояд на танҳо ҳамчун вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳамчун масъалаи муҳими тарбиявӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ гардад.
Барои пешгирӣ ва коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ татбиқи чораҳои зерин зарур мебошад:
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии шаҳрвандон. Ташкили суҳбату вохӯриҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои тарбиявӣ бо мақсади фаҳмонидани оқибатҳои манфии коррупсия ва масъулияти ҳуқуқии шахсони ба чунин амалҳо дастзананда.
Тақвияти тарбияи ахлоқӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ. Тарбияи ростқавлӣ, поквиҷдонӣ, адолатпарварӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба меҳнати ҳалол бояд аз синни хурдсолӣ оғоз гардад.
Таъмини шароити баробар ва шаффоф барои таҳсил ва фаъолияти меҳнатӣ. Фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои ҷавонон, ҷорӣ намудани меъёрҳои одилонаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо ва қадршиносии дониш, малакаю маҳорати касбӣ.
Тақвияти мавқеи шаҳрвандӣ ва назорати ҷамъиятӣ. Ҷалби шаҳрвандон ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ташвиқи хабаррасонӣ дар бораи ҳолатҳои қонуншиканӣ ва баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии ҷомеа.
Рушди хизматрасониҳои рақамии давлатӣ. Истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, хизматрасониҳои электронӣ ва низомҳои шаффофи бақайдгирӣ барои коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва маҳдуд намудани имкониятҳои сӯиистифода.
Тақвияти масъулияти шахсӣ ва касбӣ. Риояи меъёрҳои одоби касбӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва ташаккули муносибати софдилона ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ.
Дар ин раванд нақши оила, муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва ҷомеа хеле муҳим аст. Зеро шахсияти дорои ахлоқи ҳамида, ҳисси баланди масъулият ва ҷаҳонбинии солим ба амалҳои ғайриқонунӣ ва рафторҳои зиддиҷамъиятӣ муносибати манфӣ зоҳир менамояд.
Пешгирии коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаи муҳимми давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти номатлуб танҳо дар сурати ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, оила ва шаҳрвандон натиҷаи дилхоҳ медиҳад.
Хулоса, тарбияи ахлоқӣ яке аз заминаҳои муҳимми пешгирии коррупсия ва ташаккули ҷомеаи солиму адолатпарвар мебошад. Зеро шахсе, ки дорои виҷдони пок, ҳисси масъулият, маърифати ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ аст, на танҳо аз амалҳои коррупсионӣ худдорӣ мекунад, балки дар пешгирии онҳо низ саҳм мегузорад.
Аз ин рӯ, барои решакан намудани коррупсия зарур аст, ки дар баробари такмили қонунгузорӣ ва таҳкими механизмҳои назоратӣ, ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва тағйир додани муносибати ҷомеа ба чунин зуҳурот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Танҳо дар сурати ташаккули муҳити солими ахлоқӣ, эҳтиром ба қонун, поквиҷдонӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон ҷомеаи шаффоф, одилона ва босуботро бунёд намуда, барои рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард.
Муборак МИРЗОАЛИЕВА,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng